Таъиноти кадрӣ

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

ИМОМИ МАСҶИД ВА АМИР

Рӯзе Амир дар оқиби имоме намоз гузошт, ки он имом қироъатро баъди сураи Фотиҳа тӯлонӣ кард, пас амир дар назди мардум ба имом гуфт; Эй имом! Дар ҳар ракати намоз аз як оят зиёд қироъат накун!.
Пас Амир дар оқиби ҳамон имом намози Шомро хонд, ки имом баъди хондани сураи Фотиҳа ин ояти каримаро қироъат кард; (Ва мегӯянд: «Парвардигоро! Мо аз сарон ва бузургони худ итоат кардем ва моро гумроҳ сохтанд). Сураи Аҳзоб-67.

Мадон ганҷе беҳ аз ганҷи қаноат!

❗Мадон ганҷе беҳ аз ганҷи қаноат,
Ғаниҳол аст марди ин бизоат.
Ҳамегуям ман, инро чорае нест,
Ки чун ман дар ҷаҳон бечорае нест.
Чи будӣ, гар гурез асти зи махлуқ,
Сари хилватнишин буди ба Айюқ.
Дареғ аст ин, ки баҳри як дирам зар
Гуҳар бо хок бояд кард ҳамсар.
Агар дарвеш, агар шоҳу амир аст,
Ба гетӣ аз кафофе ногузир аст.
Маро камтар хуриш будиву пушиш,
Ба мадҳи кас накардам ҷаҳду кушиш.
Умедам ҳаст ҳамроҳии мардон,
Аз ин уммед навмедам магардон.
Шабе кунҷам будиву мавзеи хоб,

Бошад, ки аз баҳри Худо сӯи ғарибон бингарӣ!

❗Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.
Ҳаргиз наёяд дар назар, нақше зи рӯят хубтар,
Шамси надонам ё қамар, ҳурри надонам ё парӣ?
Офоқро гардидаам, меҳри бутон варзидаам,
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.
Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту,
Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ.
Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон,
З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ.
Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,
Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ?

ОЁ МЕДОНЕД?

$10 000 гаронтарин коғази доллар аст, ки то кунун дар муомилот дорад. Он аз соли 1934 то соли 1969 дар муомилоти умумӣ буд.

Дар ёддошти коллексия сардори департаменти хазинадорӣ Салмон Чейс тасвир шудааст, ки соли 1864 аввалин шуда навиштаҷоти "Ба вуҷуди Худо, мо боварӣ дорем"-ро ба пули Амрико фармоиш додааст. Он бори аввал дар тангаҳои 2 сентӣ сикка карда шуд ва дар соли 1957 навиштаҷоти аввал дар пулҳои коғазӣ пайдо шуд.

#Аз ҳар зовия

ҲАМДАРДӢ

Марги донишманд ва соҳибмактаби ҳуқуқ барои ҷомеа ва аҳли илми кишвар талафоти бузург аст. Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли хонавода ва наздикони устод изҳори ҳамдардӣ баён дошта, ба эшон сабри ҷамил металабанд. Рӯҳи устод шод ва хонаи охираташон обод бод!

Ҳеҷгоҳ хиёнат кардан даркор нест!

"Ҳеҷгоҳ хиёнат кардан даркор нест!
Такя ба ҳамин миллат кунед. Такя ба ҳамин сарзамини аҷдодӣ кунед. Ҷойнамозро, ки партофтед, дуоро дар ҳаққи ана ҳамин мардум кунед"

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мубориза бар зидди ифротгароӣ масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд!

Ба ҳамагон маълум аст, ки ифротгароӣ имрӯз ба яке аз бемориҳои умумибашарии дарднок ва сирояткунанда табдил ёфтааст. Ин беморӣ умумибашарӣ ва дарднок аст, зеро ҳар фарди солимақли ҷомеаро нороҳат мегардонад. Ҳамзамон ин бемории мудҳиш сирояткунанда низ маҳсуб меёбад, зеро вай ба наслҳои  нави ҷомеа ба таври муттасил интиқол ёфта истодааст. Аз ин нуқтаи назар ин беморӣ хеле хатарнок ва даҳшатангез ба ҳисоб меравад ва бар зидди он муборизаи оқилона, нақшавӣ ва ҳадафмандона бурдан амали зарурӣ ва ногузир буда, кафили зиндагии орому осудаи аҳли ҷомеа дониста мешавад.

Страницы

Яндекс.Метрика