Маориф – пойдевори ҷомеаи мутамаддин

Тибқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо фаъолону омўзгорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти унвони «Маориф – пойдевори ҷомеаи мутамаддин» мулоқот баргузор гардид. Мулоқотро муовини Раиси ноҳия Саида Нурияминзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Дар мулоқот Рудобаи Мукаррам – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Хайрзода Шукрулло – муовини Вазири маориф ва илм ва Марҳабо Ҷабборӣ– узви Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед!

“Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, 19.08.2022

Каломи ҳанафӣ – яъне чӣ?

Масъалаи ба илми калом машғул шудани Имоми Аъзам (р)  як амри воқеӣ бошад ҳам, муҳаққиқоне ҳастанд, ки ин амрро зери шубҳа мегузоранд. Махсусан, мӯътазилиён чунин даъво пеш гузоштанд, ки Абӯҳанифа (р) дар илми калом асаре эҷод накардааст ва кутуби каломӣ, мисли «Фиқҳи Акбар», «Олим ва мутааллим» ба ӯ нисбате надоранд. Ин шубҳаҳоро инчунин муносибати баъзе аз фуқаҳо ва мазоҳиби исломӣ ба илми калом қувват додаанд. Масалан, Имом Молик (р) илми каломро  аз усули динӣ берун дониста, онро равиши ботил медонад (Шарҳи суннат, ҷ. 1, с. 217).

Ахлоқи тиббӣ дар “ал-Қонун фи-т-тиб”-и Абӯалӣ Ибни Сино

Ибни Сино яке аз энсиклопедистони машриқзамин дар илмҳои фалсафа, тиб ва дигар илмҳо буда, “ал-Қонун фи-т-тиб”-и ӯ то ҳол мавриди омӯзиши донишмандони фалсафа, ахлоқ, тиб ва дигар соҳаҳо қарор гирифтааст. Дар мақолаи зер доир ба этикаи табобати инсон аз нигоҳи Ибни Сино дар асоси “ал-Қонун фи-т-тиб”-и ӯ маълумот додаем. Аслан ӯ ахлоқи тиббиро аз ду нигоҳ-пажӯҳишҳои тиббӣ ва фалсафӣ-динӣ баррасӣ намудааст. Ӯ касби духтуриро муқаддас ва инсонро махлуқи баргузида меҳисобад.

ҶАҲОНБИНИИ МАВАЛОНО ҶОМӢ

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар миёни аҳли қалам ва дониш ба ҳайси олим, мутафакир,адиб ва орифи барҷаста шуҳрат дорад ва таҳқиқи ақоиду ҷаҳонбинии ӯ ин нуқтаро таъйид менамоянд. Ба назари шарқшиноси маъруфи англис Эдвор Броун “вай яке аз он бузургон устодони номист,ки хоки Эрон парваронида” зеро вай  шоири бузург, муҳаққиқи бузург ва ҳам орифи бузург аст”.

ЧАНДЕ АЗ ҲИКОЯТҲОИ ПАНДОМЕЗ БА ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪСИРИ ТАРБИЯТИ ФАРЗАНД АЗ «ГУЛИСТОН»-И САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Ҳикоят. Яке аз вузароро писаре кавдан (кундзеҳн) буд. Пеши яке аз донишмандон фиристод, ки мар инро тарбияте мекун, магар оқил шавад. Рӯзгоре таълим кардашу муассир набуд. Пеши падараш кас фиристод, ки ин писар оқил намешавад ва наздик аст, ки маро девона кунад.

Чун бувад асли гавҳаре қобил,

Тарбиятро дар ӯ асар бошад.

Ҳеҷ сайқал накӯ наёрад кард,

Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.

Саг ба дарёи ҳафтгона машӯй,

Ки чу тар шуд, палидтар бошад.

Хари Исо гараш ба Макка баранд,

Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад.

 

Таъиноти кадрӣ

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар мақомоти суд, прокуратура ва сохторҳои қудратии кишвар таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо мардуми беғам натавон гуфт ғами дил

Зоҳир накунам пеши рақибон алами дил,
Бо мардуми беғам натавон гуфт ғами дил.

Ҷо кун ба дилу дида, ки гайр аз ту нашояд
Султони саропардаи чашму ҳарами дил.

Эй сабр,' куҷой, ки зи ҳад мегузарад боз
Бар дил ситами он маҳу бар ман ситами дил.

Пойи дилам афгор шуд аз хори раҳи ишқ,
Эй кош, дар ин раҳ нарасидӣ қадами дил.

Дар ишқи ту расвои ҷаҳон аст Ҳилолй,
Гоҳ аз гами бисёру гаҳ аз сабри ками дил.

Страницы

Яндекс.Метрика