Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳари чашм ҳифз кунем!

Беҳтарин ва бузургтарин дастоварди таърихи навини миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик сулҳ ва истиқлолият аст. Вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ин дастовардро чун гавҳари чашм ҳифз кунем ва шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо орем.
Эмомалӣ Раҳмон

Рустами Эмомалӣ - Раиси шаҳри Душанбе бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2 сарфароз гардиданд!

Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Рустами Эмомалӣ - Раиси шаҳри Душанбе бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2 сарфароз гардиданд.

Мукофоти арзандаи давлатӣ муборак бошад!

Бознашр аз сомонаи пайравони Пешвои миллат

Рав, ба маънӣ куш, эй суратпараст!

❗Он чӣ пурмағз аст, чун мушк аст пок,
В-он чӣ пӯсида аст, набвад ғайри хок.
Он чӣ бомаънист, худ пайдо шавад,
В-он чӣ бемаънист, худ расво шавад.
Рав, ба маънӣ куш, эй суратпараст,
З-он ки маънӣ бар тани сурат пар аст!
Мавлоно Балхӣ-Румӣ.

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фавти шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари обхезиҳои харобиовари ахир боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.

Бинобар ин мусибати гарон ба Шумо, аҳли хонавода, ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Покистон таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз менамоям.

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки донотар кист?

❗Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки донотар кист?
Гуфт:
- Он ки неъмати дунё ба уқбо (он дунё) нагузинад!
Гуфтанд:
- Тавонгартар кист?
Гуфт:
- Он ки аз ақл тавонгартар аст!
Гуфтанд:
- Шараф чист?
Гуфт:
- Воҷиб гардонидани миннатҳои хеш дар гардани мардумон!
Гуфтанд:
- Чист, ки онро ҷўянд ва касе надонад ва нашиносад?
Гуфт:
- Оқибати корҳо!
Гуфтанд:
- Чӣ ширин аст, ки оқибат чашандаи худро бикушад?
Гуфт:
-Ҳасад!
Гуфтанд:
- Кадом биност, ки ҳаргиз хароб нашавад?

Мулоқоти судманд дар ҷамоати деҳоти Ёва - и ноҳияи Бобоҷон Гафуров

Бобоҷон Ғафуров: Тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ёва вохӯрии мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз, корманди маркази исломшиносӣ Абдулло Қодирӣ , роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс ва раиси кумиҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода бо аъзоёни фаъоли ҳизб, ходимони дин ва сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд б

Аз ҳакиме пурсиданд: то биҳиш чиқадар роҳ аст?

Аз ҳакиме пурсиданд: то биҳиш чиқадар роҳ аст?
Гуфт як қадам.
Гуфтанд: чи тавр ?
Гуфт: як пойятонро рӯйи нафси шайтонӣ бигзоред пойи дигаратон дар биҳишт аст...

Фахр дорад хоки Балх имруз бар баҳри Адан!

❗Барги бебаргӣ надорӣ, лофи дарвешӣ мазан,
Рух чу айёрон надорӣ, ҷон чу номардон макан.
Ё бирав ҳамчун занон рангею бўе пеш гир,
Ё чу мардон андар ою гўй дар майдон фиган.
Ҳар чӣ бинӣ ҷуз ҳаво, он дин бувад, бар ҷон нишон,
Ҳар чӣ ёбӣ ҷуз худо, он бут бувад, дарҳам шикан.
Умрҳо бояд ки то як кўдаке аз рўи табъ
Олиме гардад накў ё шоире ширинсухан.
То ту дар банди ҳавоӣ аз зару зан чора нест,
Ошиқе шав, то ҳам аз зар фориғ ойӣ ҳам зи зан.
Нафси ту ҷўёи куфр асту хирад ҷўёи дин,

Страницы

Яндекс.Метрика