Мулоқоти судманд дар ноҳияи Деваштич

Санаи 26 - уми августи соли 2022 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба вилояти Суғд ( санаи 9 -12 августи соли равон) ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид. 

Вохӯрӣ дар н. Шаҳристон

Санаи 30 - юми августи соли 2022 дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба вилояти Суғд ( санаи 9 -12 августи соли равон), ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид.

ҲИКОЯТИ ПАНДОМЕЗ ДАР БОРАИ ТАРҒИБИ ҶАВОНМАРДӢ ВА БАХШИШИ ҶАЗО АЗ «БАҲОРИСТОН»-И АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Ҳикоят. Иброҳим бинни Сулаймон бинни Абдумалики Марвон (халифаи бани Умавия, дар асри VIII зиндагӣ кардааст) гӯяд, ки:

Мартабаи китобҳои фикҳи ҳанафӣ

Мувофиқи маълумотҳои маъхазу сарчашмаҳо ва манбаҳо аён мегардад, ки китобҳои ривоятшудаи фиқҳи ҳанафӣ дар мартаба аз ҷиҳати қувваи ривоят дар як дараҷаю сатҳ  нестанд. Агар ба китобҳои ривоятшуда изофаҳои мутаахирин аз фатво ва тахриҷи фиқҳӣ аз имомоне, ки мазҳабро бино кардаанд, илова шавад, дар ин ҳолат китобҳои фиқҳи ҳанафӣ ба се табақа тақсим мешаванд:

Аввал «Усул» тавре гуфтем, онҳоро «Зоҳир ар-ривоя» мегўянд. Ин китобҳо шомили ақволи Абўҳанифа (р), Абўюсуф ва Муҳаммад мебошанд, ки онҳоро Имом Муҳаммад дар шаш китоби худ ҷамъоварӣ намудааст.

 

Навъҳои таҳаммулпазирӣ

Таҳаммулпазирӣ, чӣ хеле ки худи мафҳум ба он ишора менамояд, маънои нисбат ба андеша, ғоя, муносибат, мавқеъ ва нигоҳи шахси дигар босабру ботаҳаммул буданро ифода менамояд. Яъне, агарчанде андеша, муносибат, мавқеъ ё нигоҳи шахси дигар доир ба дилҳоҳ масъалаи ҳаётӣ барои мо қобили қабул набошад ҳам, агар онҳо ба саломатӣ, ҳаёт ва озодии инсон зарар надошта бошанд, мо бояд онҳоро бардошт намоем ва дар нисбати онҳо хусумат наварзем.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 август таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст Дар бораи ҳисоботи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, “Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” шунида шуд.

КИТОБИ “ ТОҶИКОН“

Аз китоби “Тоҷикон” оҳанги бедорӣ расад,
Ҷашни мотамдори даврони гаронборӣ расад.
Ҳарфҳо тиранду хатҳо найзаҳо, ҳар сафҳа дашт,
Аз ҳамин саҳро фақат бонги ватандорӣ расад.

Мерасад аз дур овози ливодорон ба гӯш,
Пур шавад аз ҳарфи хашмолуд саҳрои хамӯш.
Рӯи осоиш куҷо бинад ватандори асил?
Пеши рӯ ояд набарди зиндагибахши Куруш.

Шиҳаи аспону фарёди саворон мерасад,
Аз раҳи таърих бонги сарбадорон мерасад.
Хок мисли дуд хезад аз паи ҳар шермард,
Мисли он ки баъди боду барқ борон мерасад.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбиро супориданд.

Страницы

Яндекс.Метрика