ХУДШИНОСӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».

Як чанд ҳадисе дар бораи моҳи шарифи Рамазон

Бастем дари дўзах, яъне тамаъи хўрдан,

Бикшой дари ҷаннат, яъне ки дили рўшан.

То суфраву нон бинӣ, кай ҷону ҷаҳон бинӣ,

Рав ҷону ҷаҳон ҷўй, эй ҷону ҷаҳони ман!

Мавлоно

 

Ахлоқ!

Рӯзе аз донишманди риёзидон назарашро дар бораи зан ва мард пурсиданд.
Ҷавоб дод:
Агар зан ё мард дорои (ахлоқ) бошанд, пас баробар ҳастанд бо адад як =1
Агар дорои (зебоӣ) ҳам бошанд пас як сифр, баъди адади як мегузорем =10
Агар (пул) ҳам дошта бошанд, дуто сифр, баъди адади як мегузорем =100
Агар дорои (аслу насаб) ҳам бошанд, пас се то сифр баъди адад як мегузорем =1000
Вале агар замоне адади як рафт (ахлоқ) чизе ба ҷуз сифр боқӣ намемонад ва сифр ҳам ба танҳоӣ ҳеҷ нест, пас он инсон ҳеҷ арзише нахоҳад дошт!

Китобҳои “Зоҳиру-р-ривоят” дар фиқҳи Абӯҳанифа

Китобҳои “Зоҳиру-р-ривоят” дар фиқҳи Абӯҳанифа (р) ва ёронаш аслу марҷаъ мебошанд. Масоили ин китобҳо асоси мазҳаб ба ҳисоб рафта, дар сурати мухолифати он эътиборе надоранд, магар дар чанд масъала. Аз ин рӯ, инояти уламо аз қадим ба онҳо вуҷуд дошта, онро шарҳ дода, масъалаҳои онро тахриҷ ва бар усули он масоили фаръиро истинбот карданд. Бинобар ин, онро дар як маҷмуъа гирд оварданд.

Роль религия в кризисе Афганистана и ее политико-идеологическое влияние на страны региона

ИСТОРИЧЕСКОЕ СТОЛКНОВЕНИЕ МИРОВЫХ ДЕРЖАВ В АФГАНИСТАНЕ

Маълумоти мухтасар оид ба мазҳаби Ҳанафӣ

Дар ташаккули асоси назарияи ҳуқуқи исломӣ консепсияи асосгузори мактаби ҳуқуқии ҳанафӣ – Абуҳанифа саҳми бебаҳо гузоштааст. 

Номи пурраи ӯ Имом ал-Аъзам, Ан - Нӯъмон ибни Собит ал - Куфӣ аст. Ӯ дар Куфа (80/699-150/767) дар оилаи як тоҷири сарватманд ба дунё омадааст. Вай маълумоти умумии заминавӣ ва теологӣ гирифтааст. Бархе аз уламо ӯро ба насли пайравон – «тобеин» нисбат медиҳанд, зеро ин мутафаккир ва ҳуқуқшиноси барҷаста дар ҷавониаш бо чанде аз охирин саҳобагони Паёмбар шиносоӣ пайдо намуда буд. 

Адолати иҷтимоӣ заминаи ҳамгироии ҷомеа

Дар ҳамаи давру замон вақте, ки мавзӯе мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегирад пеш аз ҳама зарурат ва мубрамияти онро дар ҳаёти ҳамонвақта бояд ба назар гирифт, нақш ва таъсири онро дар пешрафти ҷомеа ва дастовардҳои онро равшан сохт. Низоми молӣ ва системаи иқтисодиёти ҳар як сохти ҷаъмиятӣ аз якдигар фарқ, дошта дар асоси он сохти ҷамъиятӣ ба танзим дароварда мешавад. Масалан системаи иқтисодиёти сотсиалистӣ аз низоми иқтисоди ҷаҳони сармоядорӣ (капиталистӣ) фарқ дорад.

НАСИҲАТ ГӮШ КУН ҶОНО....

Яке аз суханварони бузурге, ки дар таҳкиму густариши андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва инсонпарвариву зебоишиносӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ нақши намоён гузоштааст, Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (1320-1389) мебошад.

Дар ҳақиқат шеъри Ҳофиз хазинаи панду ҳикмати рангин, сафинаи лутфу мавъизаи ширин ва ганҷинаи маъонии оёти қуръониву аҳодиси набавӣ мебошад.
Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи хулд,
Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд.

Бале, шеъри Ҳофиз имрӯз ҳам равшангари чароғи маҳфилҳост.

Страницы

Яндекс.Метрика