Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».
Худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад. Худшиносии миллӣ вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонӣ, зеро ки надонистани таърихи фарҳангу тамадун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ заъфу саҳлангориро дар ин чода ба бор оварда, пояҳои ваҳдати миллиро ноустувор мегардонад.
Худшиносӣ василаи ваҳдати миллӣ ва ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани ин мактаб, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошанд, чораҳои зарурӣ андешид.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён»: «Воқеан таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдоду мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои қавму қабоили хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони хеш шуда наметавонад. Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад».
Ҳар як шахрванди кишвар бояд, худшинос ва ҳисси миллӣ дошта, аз зинаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза огаҳ бошад, ки ин яке аз самти асосии тарбия намудани ҷавонон ба хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, мебошад.
Воқеан, ҳар як як фарди ҷомеаи мо бояд, худшинос ва ваҳдати миллиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорад. Нагузорем, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи ваҳдати миллиамон занад.
Мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.