Дар ташаккули асоси назарияи ҳуқуқи исломӣ консепсияи асосгузори мактаби ҳуқуқии ҳанафӣ – Абуҳанифа саҳми бебаҳо гузоштааст.
Номи пурраи ӯ Имом ал-Аъзам, Ан - Нӯъмон ибни Собит ал - Куфӣ аст. Ӯ дар Куфа (80/699-150/767) дар оилаи як тоҷири сарватманд ба дунё омадааст. Вай маълумоти умумии заминавӣ ва теологӣ гирифтааст. Бархе аз уламо ӯро ба насли пайравон – «тобеин» нисбат медиҳанд, зеро ин мутафаккир ва ҳуқуқшиноси барҷаста дар ҷавониаш бо чанде аз охирин саҳобагони Паёмбар шиносоӣ пайдо намуда буд.
Мактаби ҳуқуқии Абӯҳанифа бо ақли нисбӣ дар усулҳои таҳқиқи аҳкоми инфиродӣ ва эҳтиёҷи зиёд дар истифода аз суннатҳо хос аст.
Бояд гуфт, ки мазҳаби ҳанафӣ аз Ироқ то Миср, Сурия, Бангладеш, Ҳиндустон, Чин ва Осиёи Марказӣ паҳн гардида, имрӯз пайравони ин мазҳаб нисфи аҳолии мусулмони ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки паҳншавии ҳамаҷонибаи мазҳаби ҳуқуқии ҳанафӣ дар асли усулҳои ҳуқуқии оқилонаи уламои ҳанафӣ истифода бурда мешавад. Гап дар сари он аст, ки усули Абуҳанифа бар хилофи усулҳои дигар мазхабҳои ҳуқуқӣ аз он иборат буд, ки ў Қуръон ва гуфтаҳои паёмбари ислом Муҳаммад (с) – ҳадисҳоро сарчашмаи асосии ҳуқуқи мусулмонон шуморида, аз диншиносон ва фақеҳҳои мусулмон талаб мекард, ки тамоми далелҳои ин маъхазҳои ибтидоиро ба воситаи ақл (райй – фикри озоди шахсӣ) тарҷума намуда, талаботи замон ва урфу одатҳои маҳаллиро ба назар гиранд. Маҳз аз ҳамин хусусияти хос, мазҳаби ҳуқуқи ҳанафия то имрӯз озодтар маҳсуб мешавад.
Искандаров Ш.Ф. – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ