Дар ҳамаи давру замон вақте, ки мавзӯе мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегирад пеш аз ҳама зарурат ва мубрамияти онро дар ҳаёти ҳамонвақта бояд ба назар гирифт, нақш ва таъсири онро дар пешрафти ҷомеа ва дастовардҳои онро равшан сохт. Низоми молӣ ва системаи иқтисодиёти ҳар як сохти ҷаъмиятӣ аз якдигар фарқ, дошта дар асоси он сохти ҷамъиятӣ ба танзим дароварда мешавад. Масалан системаи иқтисодиёти сотсиалистӣ аз низоми иқтисоди ҷаҳони сармоядорӣ (капиталистӣ) фарқ дорад. Пас низоми молӣ ва системаи иқтисодиёти ҳар сохти ҷамъиятӣ аз дидгоҳи ҳамон сохтор нисбат ба молу сарват, муайян намудани арзишу ҷойгоҳи пулу сарват дар ҳаёти фардӣ ва иҷтимоии ҷомеа ва усули танзим ва нигоҳ доштани гардиши мол дар иқтисодиёти кишвар иборат мебошад.
Ислом бо назардошти тамоми паҳлӯҳои зиндагонии инсон системаи пардохтҳои молиеро ба роҳ андохтааст, ки ҷомеаро аз паёмадҳои ногувори иҷтимоӣ ва буҳрони иқтисодӣ нигоҳ медорад.
Дар баробари он, бо асос гузоштани системаи пардохти молии худ барномаҳои дигареро низ тарҳрезӣ кардааст, ки ҳуқуқи қишрҳои камбизоати ҷомеаро таъмин менамояд, ки он аз байн барандаи фақру тангдастӣ ва ноумедӣ аз ояндаи онҳо мебошад.
Ва яке аз он барномаҳо дар моҳи Рамазон анҷом додани садақаи фитр аз ҷониби шахсони сарватманд барои муҳтоҷон ва мустамандон мебошад. Воқеан ин барномаи тарҳрезишуда, дар тинати худ ҳикматҳоеро доро мебошад,ки баъзеи онҳоро рӯйи коғаз меорем;
1.Тарбияи руҳии инсон ҷиҳати накӯкорӣ, саховатмандӣ ва дурӣ ҷустан аз ҳирс ва ангезаҳои бухл, як тарафагӣ, дархуд печидагӣ.
2.Муҳимтарин ҳикмати он, шакли иҷтимоипазирӣ ва дар ҷамъият амалӣ гаштани дастгирии молӣ аст, ки ин эҳсоси масъулият дар мавриди мустамандон ва бенавоён мебошад.
3.Эҷоди ҳад ва ҳудуд барои сарватҳое, ки дар ихтиёри сарватмандҳо ва бозаргонон ва санъатгарон, то амвол ва сармоя танҳо дар ихтиёри гуруҳи хоссе набошад ва дар миёни сарватмандон даст ба даст нагардад.
Ин амали хайр шахсиятҳои такомулёфтаи иҷтимоиро ба бор меоварад, ки фидокорию эҳсонро барои пешрафти ҷомеа, ҷомаи амал мепушонанд.
Заҳмати ин рўзаро бошад натоиҷ беадад,
Меҳнати ин рўзаро бошад фавоид бешумор,
Бохабар гардад ғанӣ аз меҳнату ранҷи фақир,
Мутталеъ гардад саҳеҳ аз ҳолати шахси низор,
Фитру ифтору иноятро ба по дорад ғанӣ,
Раҳму инсофу мурувватро кунад ин маҳ шиор.
Хуррами Шерозӣ
Аз ин ҷост, ки ислом дар баробари ҷонибдорӣ ва эҳтиром гузоштан ба моликияти хусусӣ боз асосҳои амалиеро бино гузоштааст, ки муҳити солимии ҷомеаро ҳамаҷониба ҳифз менамояд. Аммо дар ҳолатҳои буҳрони иқтисодии ҷомеа, ки ногузир ба фуру рехтани пояи шахсияти қишри бенавои он меанҷомад, ҳар гуна мактабҳои гумроҳкунандаи фикрӣ ва ҷараёнҳои бегонаи фарҳангӣ, андешаҳои қишри азими ҷомеаро мавриди тохту тозҳои фарҳангии худ қарор медиҳанд. Онҳо бо ба шубҳа афкандани афкори мардум нисбат ба тамаддуни дурахшони динӣ ва фарҳанги азими миллии худ заминаҳои бегонагии фарҳангӣ ва шикасти маънавӣро дар зеҳни онҳо омода месозад ва бо ҳамин асос ваҳдати миллиро халалдор месозанд ва аз ҳолати фақру тангдастӣ ва маъюсии қишри бенавои ҷомеа сӯиистифода намуда, заминаи ҳаргуна гароиши фикрӣ ва эътиқодии нодурустро фароҳам месозанд. Чи тавре мушоҳида менамоем ин навъи системаи пардохти молӣ суръати ҳакимона ва миёнаравонае падидаи бенавоиро аз байн бурда, то андозае садди роҳи мактабҳои фикрӣ ва ҷараёнҳои бегона гашта, ҷомеаи солимеро роҳандозӣ мекунад.
Эҷоди ваҳдату якпорчагӣ дар миёни мардум яке аз муҳимтарин амал ва масъулиятҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Вақте шахси сарватманд ҳиссае аз молашро ҷудо намуда, дар ихтиёри қишри ниёзманд ва мустаҳиқи ҷомеа мегузорад ва онҳоро аз он фикру тангдастӣ, маҳрумияту маъюсӣ мераҳонад, ҳамаи онҳо нисбат бо сарватмандони ҷомеаи худ хушбин мегардад. Бо ҳамин заминаи ҳамкориву таъовун дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба вуҷуд меояд.
Мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.