Мақола

Вазифаҳо ва барномаҳои илмӣ - тадқиқотии шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир кадомҳоянд?

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва барномаҳои илмӣ - тадқиқотӣ анҷом додани таҳқиқоти масъалаҳои зеринро ба нақша гирифтааст:

- омӯзиши равандҳои динӣ-сиёсии ғайрисуннатии муосир дар Тоҷикистон ва таъсири он ба вазъи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа;

- дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ муайян кардани сатҳи шуури динӣ ва мақому нақши дин дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа;

- коркарди консепсияи исломшиносии муосир ва таҳқиқи роҳҳои баланд бардоштани маърифати динӣ ва ташаккули исломи мӯътадил;

ТАЗОДҲО ВА ҲАМГИРОИҲО ДАР РОБИТАИ ДУҶОНИБАИ АНЪАНА ВА НАВГОНӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР РУШДИ ФАРҲАНГҲО

Дар даҳсолаҳои охир ҳиссаи лоиҳаҳои байни соҳавӣ дар чорроҳаи фанҳо ва соҳаҳои илмӣ дар илмҳои гуманитарӣ афзоиш ёфт. Тадқиқоти муштарак ба олимон имкон дод, ки ин лоиҳаҳоро ба сатҳи нав бардоранд, маълумотҳои гуногунро муттаҳид созанд ва эътимоднокии идеяҳои илмиро дар бораи падидаҳо ва равандҳои мураккаби иҷтимоӣ афзоиш диҳанд.
 

Хониши идоравӣ оид ба омӯзиши дастаҷамъонаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар Маркази қонунгузорӣ

 
Ҳафтаи равон, Сайфуллоҳи Муллоҷон - сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ, доктори илмҳои таърих дар Маркази миллии қонунгузорӣ силсилаи хониши идоравӣ оид ба омӯзиши дастаҷамъонаи китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуровро баргузор намуд.
Дар рафти баргузории хонишҳои илмӣ ба чанд масъала таваҷҷуҳ карда шуд. Нахуст С. Муллоҷон дар хусуси заминаҳои таърихии ба вуҷудомадани китоби «Тоҷикон» ва нақши он дар худогоҳии миллӣ суханронӣ кард. Пас аз суханронӣ ба суолҳои кормандон посух дода шуд.
Лозим ба ёддоварист, ки дар давоми як моҳ чаҳор ҷаласа баргузор карда шуд.

Фиқҳи тақдирӣ ва Абӯҳанифа

        Идомаи мақолаи қаблӣ...
Ҳаҷавӣ андеша дорад, ки Абӯҳанифа (р) аввалин муассиси фиқҳи тақдирӣ набуд. Лекин ӯ ин фиқҳро бо қиёсу масъалаҳои ҷузъӣ ривоҷу равнақ додааст. Ман андеша дорам, ки пеш аз Абӯҳанифа (р) миёни фақиҳони раъй ин навъи фиқҳ низ вуҷуд дошт. Агарчанде, ки Иброҳими Нахаъӣ аз фиқҳи тақдирӣ худдорӣ мекард ё дурусттараш дар ин ҷода ба ниҳояти он нарасида буд, танҳо масъалаҳоеро ҷавоб медод, ки пурсида мешуд, аммо аз пеши худ масъалаеро тафриъ намекард.

Ҷашни Ваҳдати миллиро тақдир бояд кард!

            Фазилати таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар ҷашнҳои расмӣ ва миллии мо дар он аст, ки тавассути баргузор кардани чунин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ хотираи таърихӣ, ифтихори миллӣ, ҳиссиёти ватандӯстӣ, якдиливу ҳамгироӣ ва арзишҳои дигари давлати соҳибистиқлол ва миллати мутамаддину сулҳдӯсти Тоҷикистон таҳким ва такомул ёфта, ба ин васила амнияту ваҳдати милливу давлатии Тоҷикистон ва тамоми қавму халқиятҳои маскуни он таъмин мешавад.

Истиқлолият самараи ваҳдат

    
Таҳлили муқоисавии мафҳуми ваҳдат дар адабиёти муосири илмӣ нишон медиҳад, ки таҳти ин мафҳум назария ва таҷрибаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоии таъминкунандаи иттиҳоду якпорчагии халқу миллатҳо ва қишру табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ фаҳмида мешавад.                     
Аввалин дастоварди бузурге, ки аз ҷониби Сарвари мамлакат ба таври пайгирона ва хирадмандона тарғибу татбиқ шудани ғояи Ваҳдати миллӣ ба даст оварда шуд, фурў нишонидани ҷанги дохилӣ, истиқрори сулҳу ризоияти умумимиллӣ мебошад, ки ба шарофати ин дастоварди бузург якпорчагии мамлакат ҳифз карда шуд.

Фиқҳи тақдирӣ ва Абӯҳанифа

     Ҳадаф аз фиқҳи тақдирӣ фатвои масъалаҳоест, ки ҳанӯз ба вуқуъ напайвастааст ва онҳоро ба таври фаразӣ мисол меоранд. Ин навъи фиқҳро фақиҳони аҳли қиёс ва раъй бештар мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор додаанд. Зеро ҳар гоҳ онҳо сабаби аҳкоми собитшударо аз Қуръон ва Суннат муайян менамуданд, ба ин навъи фиқҳ рӯ ба рӯ мешуданд. Пас, фақиҳон масъалаҳоеро, ки ба вуқуъ напайвастааст, мисол меоварданд ва фатво медоданд. Зеро он қиёсу раъйе, ки ба хотири равшану исбот намудани далилҳояшон меоварданд дар дигар масъалаҳои фаразӣ низ кор мефармуданд.

Шикасти тилисм

«… То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хараҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи хараҷотҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 

Страницы

Яндекс.Метрика