Шикасти тилисм

«… То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хараҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи хараҷотҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 

Шикасти тилисм - маҷмӯи мақолаҳо дар мавзӯи танзими расму ойин ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯз дар ҳаҷми сесаду чордаҳ саҳифа (314) аз ҷониби Мирзозода Азизулло Файз собиқ муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамакнун мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳои соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро, ки тӯли чанд сол аз ҷониби муаллиф дар нашрияҳои расмии ҷумҳурӣ ба табъ расида буданд, дарбар мегирад.

Хонанда аз рӯйи мӯҳтавои мақолаҳо ба раванди пурпечутоби амалишавии яке аз қонунҳои миллӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо иқдоми наҷибонаии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июни соли 2007 қабул гардидааст, ошноӣ пайдо мекунад.

Мирзозода Азизулло Файз дар амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳури Тоҷикистон” саҳми фаъол гирифтааст.

У дар вазифаҳои гуногуни сохтори давлатӣ аз ҷумла, солҳои 2008-2010 дар  Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014 - 2022 дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини ин кумита кор кардааст.

Мавсуф Аълочиии матбуоти тоҷик ва Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

А. Мирзозада мураттиб ва муаллифи мақолаҳои китобҳои соҳавии “ Ҳафт соли сарфаю сариштакорӣ” соли 2014, “ Эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ” соли 2016,  “ Тафаккури миллӣ дар ҳифзи арзишҳои фарҳангию иҷтимоӣ” соли 2017 ва ҳаммуаллифии китоби Сарбаланде аз Балансар” соли 2018 мебошад.    

Лозим ба ёддоварист, ки китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. 

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир                                Абдуллоҳи  Қодирӣ

Яндекс.Метрика