Ҳамкории давлат ва дин

 

Назрияпардозону муҳаққиқон ва олимони соҳаи диншиносӣ ҳамзистии давлат ва динро модели муносиб барои Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд ва онро дар минтақаи Оисёи Марказӣ таҷрибаи нодир медонанд. 

Ҳамкории давлат ва дин дар Тоҷикистон намунаи татбиқи модели англосаксонӣ буда, боиси он гашт, ки ҷомеаи Тоҷикистон раванди сохтани давлати миллиро бидуни мухолифат қабул намуда, минбаъд дурустии онро чи аз нигоҳи илми муосир ва чи аз нигоҳи шаръӣ низ асоснок намуданд. 

ШАРАФИ ХИРАД ВА ХИРАДМАНДОН АЗ «НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК»-И МУҲАММАДИ ҒАЗЗОЛӢ

Ҳикмат. Саид ибни Ҷубайр (яке аз бузургони аҳли тасаввуф) гўяд: ҳаргиз либосе надидаам некўтар аз хирад, ки мардум дарпўшад, то агар шикаста шавад, дуруст кунадаш ва агар биафтад бардорадаш ва агар хорӣ расад, азиз кунадаш ва агар ба чоҳе дарафтад, баркашадаш ва агар дарвеш шавад, тавонгар кунадаш [1, С. 119].

 

Ва аммо ҳунармандро нахустин чизе дониш аст бо хирад омехта, чунон ки ба рўзгори Маъмун буд:

МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ВАЗИРОН ДАР «НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК»-И МУҲАММАДИ ҒАЗЗОЛӢ

Бибояд донистан, ки подшоҳӣ ба дастури (вазир, мушовир) нек тамом шавад ва вазири шоиста ва бо кифояту одил, зеро ки ҳеҷ малике бе дастур рўзгор натавонад гузоштан, ва ҳар ки ба рои хеш кор кунад, афтода ояд бе шак [1, С. 85].

 

ПАНДЕ ОИД БА АДЛУ ШАФҚАТИ МАЛИКИ ЧИН АЗ «НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК»-И МУҲАММАДИ ҒАЗЗОЛӢ

Яке аз зоҳидон наздики халифаи рўзгор шуд. Халифа гуфт: – Маро панде деҳ. Зоҳид гуфт: – Ман ба сафари Чин рафта будам. Малики Чинро гўш кар шуда буд ва мегирист. Ва гуфт: – На аз он мегирям, ки шунавоӣ аз ман бишуда аст. Валекин аз он мегирям, ки мазлуме бар дарам фарёд кунад ва ман нашнавам. Валекин шукр мекунам, ки маро чашм барҷост ва мунодӣ кунам, то ҳар ки ба тазаллум (шикоят аз зулм) ояд, ҷомаи сурх пўшад. Пас ҳар рўзе бар пил (фил) нишастӣ ва берун омадӣ ва ҳар ки ҷомаи сурх доштӣ, ўро бихондӣ ва сухани ў бишнудӣ ва доди ў бидодӣ.

 

ҲИКМАТҲО АЗ «НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК»-И МУҲАММАДИ ҒАЗЗОЛӢ ОИД БА ПОДШОҲОН

Ҳикмат. Баҳроми Гурро пурсиданд, ки подшоҳро чанд чиз бояд, то бодшоҳии ў тамом бувад ва беғам зияд? Гуфт: «Шаш чиз: аввал дастури нек, ки роз бар вай гушояду рой бо вай занад, ва дигар аспи нек, то агар рўзе коре пеш ояд, ўро бираҳонад, сеюм силеҳу теғи нек, чаҳорум хостаи бисёру сабуксанг ва гаронбаҳо чун гавҳару марворид ва лаълу ёқут ва он чи бад-ин монад, панҷум зане хубрўй, то ўро ғамгусор бувад, шашум таббохе (оштаз) нек, маликро чун табъ баста бувад, чизе созад, ки табъи ўро бигушояд» [1, С. 86].

 

Заминаҳои таъсисёбии мазҳаби Абўҳанифа

 

Таъсиси мактаби фиқҳ дар Кўфа пеш аз ҳама ба ном ва шахсияти яке аз асҳоби Паёмбари Худо Абдулло ибни Масъуд мансуб мебошад, ки соли 21 ҳ.  Аз ҷониби амирул мўъминин Умар (634-644.) ба ҳайси таълим диҳандаи улуми шаръӣ ба Ироқ фиристода шуда буд .

 

Ибни Масъуд (в.32ҳ. шаҳри Мадина) дар тўли 12 соли иқомат дар Кўфа тавонист мактаби ҳуқуқии исломиро дар ин шаҳр поягузорӣ намояд.  

 

Таҳаммулпазирӣ дар Қуръон ва аҳодис

 

Табрикоти директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдурраҳим ба муносибати Иди саиди Қурбон

Хонадагони азизи сомонаи Маркази исломшиносӣ! Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саъиди Қурбон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободро орзумандам. 

 

Иди Қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси мардуми мусулмон маҳсуб мегардад, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд. Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу субот, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумии кишвар мусоидат менамояд. 

 

Страницы

Яндекс.Метрика