Назрияпардозону муҳаққиқон ва олимони соҳаи диншиносӣ ҳамзистии давлат ва динро модели муносиб барои Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд ва онро дар минтақаи Оисёи Марказӣ таҷрибаи нодир медонанд.
Ҳамкории давлат ва дин дар Тоҷикистон намунаи татбиқи модели англосаксонӣ буда, боиси он гашт, ки ҷомеаи Тоҷикистон раванди сохтани давлати миллиро бидуни мухолифат қабул намуда, минбаъд дурустии онро чи аз нигоҳи илми муосир ва чи аз нигоҳи шаръӣ низ асоснок намуданд.
Ҳамзистии давлат ва дин, ки кафолати таъмини суботи ҷомеаро ба дӯш дорад, хусусияти нотакрор дошта, агар минбаъд ин модел дар Тоҷикистон такмил дода шавад, метавонад барои баъзе аз кишварҳои мусулмоннишин, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ, намунаи омӯзанда гардад. Заминаи ин назарияпардозиҳоро метавон аз мақолаҳоиПрезиденти мамлакатамон ва силсилаи андешарониҳои олимону рӯҳониёни кишварамон дарёфт.
Мавқеъгириҳои таълимотҳои динӣ дар робита бо ҳамкорияшон бо низомҳои сиёсӣ чигуна аст?
Дар насроният таъйинкунандаи вижагии ҳамкории дину давлат тибқи андарзи маъмуле, ки маҳаки аз ҳамдигар ҷудо намудани сарҳадоти ҳокимияти дунявию рӯҳонӣ дониста мешавад, яъне «кори Худоро ба Худо вогузору кори қайсарро ба қайсар» баён гардида буд.
Дар индуизм маҳаки ҷудосозии сарҳадоти ҳокимияти руҳонию дунявӣ аз вижагии сохтори иҷтимоӣ асос мегирад, ки дар он ваколати татбиқи ҳокимияти дунявӣ ба дӯши намояндагони табақаи кшатраҳо ва ҳокимияти рӯҳонӣ ба дӯши табақаи браҳманҳо вогузор гардидааст.
Дар тамаддуни исломӣ намунаҳои барҷастаи ин гуна кӯшишҳо аз ҷониби Абунасри Форобӣ, Ибни Боҷа, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайраҳо амалӣ гардиданд. Модели ҷомеаи ормонӣ инсонеро мадди назари худ қарор медиҳад, ки дорои сифатҳои муносиб ба арзишҳои назму тартиботи олами фароуттабиӣ бошад.
Имрӯзҳо новобаста аз иваз шудани вазъи ҷаҳону минтақа аксаран гурӯҳҳои маҷозии мазҳабӣ кӯшиши таҳмили моделҳои тезутунд сохтани заминаи ҳамкориҳои осоиштаи давлату эътиқоди мазҳабии ҷомеаро ба харҷ медиҳанд. Бинобар ин масире, ки имрӯз дар пешорӯи ҷомеаи мо бар асари ҳодисаҳои хеле мураккаби олами муосир қарор дорад, моро муътақид месозад, ки чунин иқдомҳои гурӯҳҳои таассубпешаро набояд ҷузъи барномаи рушди кишварамон қабул намоем.
Ҷомеаи тоҷикистонӣ тӯли солҳои истиқлолият таҷрибаи кофии таҳия ва татбиқи барномаҳои воқеии рушди кишварро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ андӯхтааст.
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир