Таҳаммулпазирӣ дар Қуръон ва аҳодис

 

Агарчанде дини ислом бо зўри шамшер интишор ёфтааст, аз худ тҳаммулгароии назаррасе ба маъраз мегузорад. Таҳаммулгароии дини мазкур пеш аз ҳама дар муносибати некхоҳонаи вай ба тамоми башарият ифода меёбад. Аз ҷумла, ғояи  исломии  «Фарогири ҳама будани раҳмати Худо» ин ҳадафро хеле равшан нишон медиҳад. Доир ба ғояи мазкур мушаххасан дар Қуръон омадааст: «Ва мо туро нафиристодем магар аз рўйи меҳрубонӣ бар оламиён» (21:107); Бигў: (Яъне: Эй Муҳаммад, аз тарафи ман бигў) «Эй бандагони Ман, ки бар худ таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар ойина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷоя меомӯрзад; ба ростӣ, ки Ӯ ҳамоно омӯрзгори меҳрубон аст» (39:53). Аз маънои оятҳои мазкур бармеояд, ки ҳар шахс новобаста аз мансубияти динию мазҳабияш метавонад ба раҳмати Худо умед бандад. Аз ин лиҳоз, ҳамаи одамон дар назди Худо баробаранд. 

 

Қобили зикр аст, ки ғояи “Фарогири ҳама будани раҳмати Худо”  на танҳо дар Қуръон, балки дар аҳодис низ ифода ёфтааст: “Ба дурустӣ, ки ман на ҳамчун лаънаткунанда, балки чун раҳмат фиристода шудаам” – “Саҳеҳ»-и Муслим, №2599; «Адиб»-и Бухорӣ, №321; «Эй мардум, ҳар ойина ман раҳмати аз сўий Худо фиристода шудаам», «Сунан»-и Дорамӣ, № 15.

 

Оёту аҳодиси овардашуда собит месозанд, ки ислом тавассути паёмбари худ ба тамоми башарият муроҷиат намудааст, яъне вай маҳз мусалмононро шомили раҳмати худ нахонда,  балки бо мафҳумҳои «оламиён», «бандагони ман», «эй мардум» тамоми башарият – мушрикону кофирон ва ҳатто мулҳидонро вориди раҳмати худ хондааст. Бидуни шак тавассути оёти зикршуда муносибати некхоҳонаи дини ислом дар нисбати тамоми аҳли башар ифода меёбад. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки дар Қуръон боз оёте, чун «Ба дурустӣ, Худо онро, ки барои ў шарик муқаррар карда шавад, намеомӯрзад; ва ғайри он ҳар киро хоҳад меомӯрзад. Ва ҳар ки барои Худо шарик муқаррар кардааст, ҳамоно ба гуноҳи бузург ифтиро кардааст”  (4:48); Ба ростӣ, онон, ки кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боздоштанд, сипас кофир бимурданд, Худо ҳаргиз онҳоро нахоҳад омӯрзид»(47:34), ки доираи ашхоси мағфиратшавандаро маҳдуд месозанд, дучор мегарданд. Ба андешаи Тавфиқ Иброҳим чунин оёт ба ҷумлаи оёти “педагогӣ”, хусусияти тарбиявӣ - тарсонанда дошта дохил мешаванд ва маънои онро надоранд, ки ҷазо абадист.[9,119]. Ӯ барои тақвияти ғояи “Фарогири ҳама будани раҳмати Худо” ҳадисҳои рақами 6000 ва 6469-ро аз “Саҳеҳ”-и Бухорӣ: “Худо сад раҳмат офарид. Як раҳматро ба мардум барои ба ҳам раҳм намудан  ва 99 раҳматро назди худ гузошт. Агар кофирон аз он миқдор рҳмати Худо огоҳ мешуданд, аз ҷаннат ноумед намешуданд” [Ҳамон ҷо], “Дар воқеъ раҳмати ман аз ғазаби ман афзунтар аст”; “Ман ҳамонам, ки бандаи ман доир ба Ман гумон дорад. Пас, бигзор, чӣ тавре ки хоҳад, гумон намояд” (“Саҳеҳ”-и Бухорӣ, №7405, 7505; “Саҳеҳ”-и Муслим №2675; “Муснад”-и Дорамӣ, №2731; “Муснад”-и Ибни Ханбал, №15586, 16531  асос ҳисобидааст.   

 

Чӣ хеле ки дида мешавад, оятҳою аҳодиси баёнгардида ба тамоми аҳли ҷомеа муносибати некухоҳонаи дини исломро ба маъраз гузошта, аз мавқеи таҳаммулгароёнаи дини мазкур шаҳодат медиҳанд. Мавқеи таҳаммулгароёнаи дини ислом дар муносибат бо аҳли Китоб боз ҳам равшантар ба чашм мерасад. Дар ин хусус дар Қуръон омадааст: “Ва бо аҳли китоб ҷуз ба он сурате, ки некў бошад, муҷодала макунед, магар бо касоне аз онҳо [муҷодала кунед], ки ситам карданд ва бигўед: “Ба он чӣ ба сўйи мо фуруд оварда шуд, имон овардем ва худои мо ва Худои шумо Яке аст ва мо ба Ӯ фармон бардорем” (29:46); “Ва бар он чӣ мегўянд, сабр кун ва онҳоро – ба тарк кардани некў тарк кун”(73:10); “ Бисёре аз аҳли китоб, пас аз он, ки ҳақ возеҳ шуд, ба сабаби ҳасади дар хеш [дошта] дўст доранд, ки шуморо баъд аз имон [оварданатон] кофир гардонанд. Пас, даргузаред ва бибахшед, то он ки Худо фармони худро орад” (2:109);”Пас, ба сабаби паймони хешро шикастанашон онҳоро лаънат кардем ва дилҳояшонро сахт гардонидем. Калимотро аз ҷойҳояшон тағйир мекарданд ва ҳиссаеро аз он чӣ ба он панд дода шудаанд, фаромўш карданд. Ва ҳамеша ба хиёнате аз онҳо – магар андаке аз онҳо огоҳ мешавӣ. Пас, онҳоро афв кун ва аз онҳо даргузар; ба дурустӣ, ки Худо некўкоронро дўст медорад”(5:13); “Пас, ба сабаби меҳрубонӣ аз Худо барои онҳо нарм шудӣ; ва агар дуруштхўй сахтдил мешудӣ, аз атрофи ту пароканда мешуданд. Пас, аз онҳо даргузар ва барои онҳо омӯрзиш бихоҳ ва дар ин кор бо онҳо машварат кун” (3:159). Дар оятҳои мазкур ҳам  таҳаммулгароиро пеша намудан ва ҳам бо ғайри мусулмонон машварат намудан аз тарафи Қуръон ҳукм шудааст. Ва ҳатто паёмбар нороҳат мешавад аз он, ки қавми Макка якравӣ намуда, имон намеоранд, Худованд амр медиҳад: Онҳоро ба ҳоли худ гузор ва бигў “салом”. Мавқеи таҳаммулпазиронаи дини ислом инчунин дар Мадина низ идома меёбанд. Вақте Муҳаммад баъд аз ҷанги Уҳуд мегўяд, ки магар шахсе, ки рўйи паёмбари худро хунолуд месозад, наҷот меёбад, дар ҳолате, ки вай онҳоро ба сўйи Худо мехонад? Ҳадиси мазкур дар “Саҳеҳ”-и Бухорӣ зери рақамҳои 4073 - 4075 ва дар “Саҳеҳ”-и Муслим зери рақами 1979 зикр шудааст.  Ба паёмбар  амр меояд, ки дар салоҳияти ту нест, ҷазо медиҳад ё афв менамояд, аз Худо вобаста аст (3:128). 

 

Агар ба маънои ояту ҳадисҳои овардашуда ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки бахшишро пеша намудан бояд пешаи ҳар мусалмон бошад. Зеро тибқи таълимоти Қуръон ҳатто зимни бадхоҳии аҳли Китоб бо онҳо бо нармӣ муносибат кардану бахшидани гуноҳони онҳо амр шудааст. Чизе, ки дар ин самт хеле ҷолиб аст, машварат намудан бо аҳли Китоб аст. Пас, мавқеи Қуръон дар тамоми масоил дар он ифода меёфтааст, ки мусалмон ба ҷойи истифодаи дуруштӣ нармдилиро истифода барад, ба фоидаи ў будааст. Зеро нармдилӣ ба ҷойи мардумро пароканда намудан ба ҷамъ намудан дар атрофи шахс мусоидат мекунад. Ҳамин мавқеи Қуръон дар ояти мазкур боз ҳам равшантар баён ёфтааст: “Бо чизе, ки хуб аст, бадиро дафъ кун” (ояти 34-35, сураи Фуссилат)

 

Абдухалилзода  Кароматулло 

Яндекс.Метрика