Яке аз зоҳидон наздики халифаи рўзгор шуд. Халифа гуфт: – Маро панде деҳ. Зоҳид гуфт: – Ман ба сафари Чин рафта будам. Малики Чинро гўш кар шуда буд ва мегирист. Ва гуфт: – На аз он мегирям, ки шунавоӣ аз ман бишуда аст. Валекин аз он мегирям, ки мазлуме бар дарам фарёд кунад ва ман нашнавам. Валекин шукр мекунам, ки маро чашм барҷост ва мунодӣ кунам, то ҳар ки ба тазаллум (шикоят аз зулм) ояд, ҷомаи сурх пўшад. Пас ҳар рўзе бар пил (фил) нишастӣ ва берун омадӣ ва ҳар ки ҷомаи сурх доштӣ, ўро бихондӣ ва сухани ў бишнудӣ ва доди ў бидодӣ.
Акнун, ё Амирал мўъминин, ин кофире буд, ки вайро шафқат бар бандагон чунон буд. Ва ту мўъминӣ ва аз аҳли байти расул, нигоҳ кун, то шафқати ту чигуна аст бар раияти ту [1, С. 17].
Адабиёт:
1.Имом Абўҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук». – Душанбе: Ирфон, 1993. – 144 с.
Шоев Фируз Маҳмадаминович,
сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент