Табрикоти директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдурраҳим ба муносибати Иди саиди Қурбон

Хонадагони азизи сомонаи Маркази исломшиносӣ! Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саъиди Қурбон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободро орзумандам. 

 

Иди Қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси мардуми мусулмон маҳсуб мегардад, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд. Ин амалҳои хайр, дар навбати худ ба пойдории сулҳу субот, оромиву осоиши ҷомеа ва таҳкими ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумии кишвар мусоидат менамояд. 

 

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон бо аҳли ҷамоатчигии ҷумҳурӣ қайд намуданд, дини мубини ислом мардумро ба ваҳдату иттифоқ даъват карда, тафриқаву низоъро мазаммат менамояд.

 

Худованди муттаъол дар Қуръони карим шахсони тафриқаандозро маҳкум намуда, мусулмононро барои дурӣ ҷустан аз онҳо ҳидоят менамояд. 

 

Иди Қурбон бо ҳамин хусусиятҳои неку инсондӯстонааш дар миёни мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусулмонӣ мақоми воло ва арзишманде дорад.

 

Бори дигар, аз фурсати муносиб истифода бурда, фарорасии Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи Шумо хонандагони азиз, табрику таҳният гуфта, бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ ва саодати рӯзгорро хоҳонем.

 

 

Иди саиди Қурбон муборак!

 

Бо эҳтиром, 

директори Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           А. Холиқзода

Яндекс.Метрика