Шайтонро пурсиданд, ки кадом тоифаро дӯст дорӣ?! Гуфт: даллолонро Гуфтанд чаро? Гуфт: аз баҳри онки ман ба " сухани дурӯғ , аз эшон хурсанд будам! " савганди дурӯғ " низ бадон афзӯданд".
Убайди Зоконӣ
Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир
Бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия ва ниҳоду доираҳои дахлдори ин кишвари дӯст парвози мустақимро ҷиҳати баргардонидани занону кӯдакони тоҷик, ки дар урдугоҳҳои Сурия мавҷуданд роҳандозӣ намуд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ узви Шӯрои Давлатӣ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Ҳикоят. Мӯсо (салавотуллоҳи алайҳ) ба Тӯри Сино (номи кӯҳе дар нимҷазираи Сино (Миср), ки ҳазрати Мӯсо дар он ҷо бо Худованд мулоқот мекард) бо Худой муноҷот ҳамекард. Гуфт: «Ё Мӯсо, ту марде тунду тезӣ, сабр наметавонӣ кардан». Гуфт: «Ба тавфиқи ту тавонам». Гуфт: «Акнун наздики фалон чашмаи об шав ва баробари ӯ пинҳон бинишин ва назораи қудрат ва илм-ул-ғайби мо кун».
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Иро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд.
Имрӯз, 01.08.2022 директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдурраҳим дар маросими вижа “Сипоснома” - и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Чумҳурии Тоҷикистонро дар арафаи таҷлили 20 - солагии мақомоти иҷроияи ҷазои ҷиноятӣ ба муовини Марказ - Наҷотзода Мутеъуллоҳ Абдулқосим дар самти тақвият додани корҳои тарбиявӣ - идеологӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ, ки сарфароз гардонида шуда буд, тақдим намуд.
Созмонҳои байналмилалӣ бонги изтироб мезананд: ба ҷаҳон гуруснагии сахттарин пас аз давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон таҳдид мекунад.
Агар барои ҳалли буҳрони озуқаворӣ тадбир андешида нашавад, инсоният ба гуруснагии оммавӣ, бесуботии сиёсӣ ва муҳоҷирати бенизом мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар ин бора дар изҳороти Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP) гуфта шудааст.
Аз Луқмони Ҳаким нақл мекунанд, ки фармудааст:
“Ман 300 сол мардумро бо доруҳои гуногун табобат кардам, аммо ба ин натиҷа расидам, ки ҳеҷ доруе беҳтар аз муҳаббат нест”.
Пурсиданд: “Агар он ҳам асаре накунад чӣ?
Луқмони Ҳаким лабханде заду гуфт: “Миқдори доруро афзоиш диҳед”.
Донишманди бузург Луқмони Ҳаким дар Қуръони карим сураи 31 - ум аз ҷониби Парвардигор бо номи Луқмон сабт шуда аст.
.
Мо дар шабақаҳои иҷтимоӣ