Кишоварзон ганҷҳои мардуманд!

Ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина амалӣ карда мешавад...

Ҳайати Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералии ФР ба Тоҷикистон омад

Ҳайати Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Игор Краснов 25 июл бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайати мазкур барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия, ки 26 июл баргузор мегардад, ба Душанбе омад.

Дар ҷаласа талошҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Таъйиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар воҳидҳои сохтории вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Мулоқот бо Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар чорчӯби шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид.

Дар ин зимн мавзӯъҳои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Гузориш аз ҷараёни сафари гурӯҳи корӣ ба ВМКБ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории ҳайати Донишгоҳҳои ҷумҳурӣ барои татбиқи квотаи президентӣ ва вохурӣ бо хатмкунандагони макотиби ҷумҳурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор гардид.  

Дар ҳайати гурӯҳи кории ҳукуматӣ ҳамчунин сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир, н.и.ф., дотснент Баҳромбеков В.А. иштирок ва баромад карданд.

НАҚШИ ГУНДИШОПУР ВА МАРКАЗҲОИ ДИГАРИ ИЛМИИ ЭРОН ВА ОСИЁИ МИЁНА ДАР ИНТИҚОЛИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ДАВРАИ БОСТОН БА ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ (қисми II)

Бинои «Байт-ул-ҳикма» аз ду қисм иборат буд: дар як қисм китобҳо нигоҳ дошта мешуданд (китобхона), дар қисми дуввум тарҷумаҳо (хонаи тарҷума). Дар байни олимоне, ки дар ин ҷо кор мекарданд ва бо тарҷумаи адабиёти илмӣ машғул буданд, Алони Шаубӣ, Саҳл ибни Ҳорун, Сайид ибни Ҳорун ва Саламро қайд кардан мумкин аст. Ҳама ин донишмандон, ба гуфтаи манбаъҳо, ба ҳаракати шуубия мутамоил буданд.  Дар солҳои хилофати Маъмун «Байт-ул-ҳикма» дар авҷи рушди худ қарор дошт.

ҲИКОЯТИ ПАНДОМЕЗ ДАР БОРАИ НАТИҶАИ РАФТОРИ МАРД АЗ «НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК»-И МУҲАММАДИ ҒАЗОЛӢ

Ҳикоят. Саққое (машкоб, обкашон) буд андар шаҳри Бухоро, ки ӯ сӣ сол андар хонаи заргаре об меовард ва он заргар зане дошт бағоят некӯ ва порсо ва бокамолу ҷамол ва оқилу мастур.

Таҳаммулпазирӣ дар таълимоти Абӯҳанифа

Идома:

Страницы

Яндекс.Метрика