ҲИКОЯТИ ПАНДОМЕЗ ДАР БОРАИ НАТИҶАИ РАФТОРИ МАРД АЗ «НАСИҲАТ-УЛ-МУЛУК»-И МУҲАММАДИ ҒАЗОЛӢ

Ҳикоят. Саққое (машкоб, обкашон) буд андар шаҳри Бухоро, ки ӯ сӣ сол андар хонаи заргаре об меовард ва он заргар зане дошт бағоят некӯ ва порсо ва бокамолу ҷамол ва оқилу мастур.

Рӯзе саққо об бирехт ва зан дар миёни сарой истода буд. Саққо дасти зан бигирифту печиду бирафт. Чун шавҳар даромад, зан гуфт: рост бигӯ, ки имрӯз чӣ кардаӣ, ки худойро дар он ризо набуда аст? Мард гуфт: ҳеҷ накардаам. Зан гуфт: агар рост нагӯӣ, ман баъд аз ин дар хонаи ту набошам ва рӯи ман набинӣ. Мард гуфт: эй зан, бидон, ки имрӯз зане ба дукони ман омад ва аз баҳри ӯ дасти биринҷин кардам ва даст берун овард, дар даст кард, сахт некӯ буд.

Ва дасти ӯ бирифтам ва печидам. Зан гуфт: Оллоҳу Акбар, ту ин накардӣ, то лоҷарам, ин саққо, ки сӣ сол аст, то дар ин сарой меомад ва ҳаргиз хиёнат накарда буд, имрӯз чоштгоҳ дасти ман бигирифту печид. Мард гуфт: зинҳор эй зан, тавба кардам, маро биҳил кун (бубахш, афв кун). Зан гуфт: худой Таъоло оқибати кори ту ба хайр анҷомад.

Дигар рӯз саққо биомад ва пеши зан дар хок биғалтид ва гуфт: эй кадбону, маро биҳил кун, ки дӣ иблис маро аз роҳ бибурд. Зан гуфт: бирав, ки он хато на ту кардӣ, шавҳари ман кард ва он қасоси он буд дар дори дунё [1, С. 134-135].

Аммо зан чунон бояд, ки бо шавҳар дар зоҳиру ботин яке бувад ва ба андаку бисёр қаноат кунад ва иқтидо (пайравӣ) ба Фотимаи Заҳро (духтари пайғамбар Муҳаммад (с) ва зани ҳазрати Алӣ (605-632)) ва Оишаи сиддиқа (разияллоҳу анҳумо) кунад, то кадбонуи биҳишт гардад [1, С. 135].

Адабиёт:

1.Имом Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук». – Душанбе: Ирфон, 1993. – 144 с.

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика