Формула: Истиқлолият + ваҳдат + демократия = Рушди Тоҷикистон!

СОҲИБИСТИҚЛОЛИ АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БАРМЕОЯД!

Абулҳасани Харақонӣ кист?

Зиндагиномаи Абулҳасани Харақонӣ:

Дӯст ойина аст!

Дӯст онаст, ки айбҳои дӯст,
Ҳамчу ойина , рӯ ба рӯ гӯяд.
На, ки чун шона, бо ҳазор забон,
Пушти сар, рафта мӯ ба мӯ гӯяд...

Манбаъ:шабакаи иҷтимоии фейсбук (гурӯҳи ашъори Мавлоно)

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандиву саодат ва дар татбиқи нақшаҳои мавриди ҳадаф қароргирифтааш комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд. Дар ин зимн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Узбекистон дар роҳи рушди устувор дастовардҳои навин хостанд.

Олимеро пурсиданд: кадом рӯз беҳтар аст?

Олим фармуд:
Як рӯз қабл аз марг.
Дигарон ҳайрон шуданд ва гуфтанд вале замони маргро ҳеҷкас намедонад.

Олим фармуд:
пас ҳар рӯзи зиндагиро рӯзи охир фикр кун... ва хуб бош, шояд фардое набошад.

Амсол ва
ҳиками
Деҳхудо

ХУШХАБАР! ИМРӮЗ СОКИНИ 10-МИЛЛИОНАИ ТОҶИКИСТОН ТАВАЛЛУД ШУД!

ш.Душанбе. 23.07.2022. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми июли соли 2022 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар баробар шуд.
Субҳи рӯзи 23-юми июли соли 2022 тифле, ки бо таввалуд шуданаш шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 10 миллион нафар расонид, муайян гардид.
Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон модари тифл сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Абдулқодирхоҷаи Савдо, гузаргоҳи 2, ҳавлии 74 Махфират Шокирова, соли таваллудаш 1999 мебошад.

Давлати миллӣ дар асри ҷаҳонишавӣ: таҳаввулот ва паёмадҳо

Дар ин мақола, мо кӯшиш намудем то ҷаҳонишавиро на як раванд балки ҳамчун як прӯжа (лоиҳа) дар назар бигирем ва ба тадриҷ таъсирҳои худро дар бахшҳои мухталиф нишон медиҳад ва ба тағйири чеҳраи бисёре аз падидаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ сабаб мешавад.

Ҳарчанд омилҳои гуногуне дар рушди ҷаҳонишавӣ кӯмак кардаанд;

Рушди техналогияи иттилоотӣ, иртиботот ва фароҳам овардани шароити мусоид дар фазои ҷаҳонӣ аз муҳимтарин далилҳои пешрафти ин ҷараён будааст...

Идома дорад...

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Сайре дар шарҳи " Гулистони " - и Саъдӣ

«Гулистон» барҳақ аз беҳтарин намунаи асарҳои пандуахлоқӣ на танҳо дар эҷодиёти худи муаллифи он, балки дар тамоми адабиёти форс-тоҷик ва ҳатто дар адабиёти ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин асар дар радифи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдасӣ, «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ, «Девони кабир» ва «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва «Девон»-и Ҳофиз қарор дошта, дар тӯли асрҳо дар мактабу мадрасаҳои Мовароуннаҳру Хуросон, Ироқу Ҳинду Мисру Туркия ва кишварҳои дигар ба унвони китоби дарсию саводу хониш таълим дода мешуд.

Страницы

Яндекс.Метрика