Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Бинобар ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Эрон ва аҳли пайвандону наздикони қурбониён маротиби ҳамдардӣ ва тасаллиёти ин ҷонибро иброз менамоям.

Саҳми андешаҳои Имоми Аъзам дар ҳифзи ваҳдат, ҳувияти миллӣ ва амнияту суботи ҷомеа

Бояд қайд намуд, ки саҳми маънавии мактаби Имоми Аъзам дар ҳифзи ваҳдат, ҳувият ва амнияти миллӣ дар мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври мӯҷаз чунин баён гаштааст: “Мазҳаби ҳанафӣ дар тўли чандин садсолаи таърих дар фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати умумибашарӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва нигоҳ доштани асолату арзишҳои таърихӣ нақши ниҳоят бузург бозидааст ва ин нақши худро имрўз низ адо карда истодааст”.

 

Шумо фарзандони содиқи Ватан ҳастед!

Фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бо ҷоннисорӣ, ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории фарзандони содиқи Ватан, аз ҷумла десантчиёни далеру шуҷоъ ба даст омадааст ва ҳимояи он имрӯз ҳамчун вазифаи масъулиятноку бошараф ба зиммаи шумо вогузор гардидааст.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Нони дастархон...

Баракат , танҳо нони даруни дастархон ва суфра нест...

Гоҳе баракат одамҳое ҳастанд, ки бо буданашон дар суфраи қалб, идомаи зиндагиро зебо месозанд...

@dr_ghomsheii

Иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи ҳамлаовари десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи десантчиёни тоҷик ва бо мақсади шиносоӣ аз вазъи будубоши ҳайати шахсии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ, ба машқгоҳи ҳарбии Фахробод дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.

Бардоштҳо аз қиссаи Юсуф ва бародаронаш

Бародарони Юсуф вақте, ки мехостанд Юсуфро ба чоҳ партоянд, Юсуф лабханде кард.
Яҳудо яке аз бародарон пурсид: Чаро механдӣ? Инҷо, кӣ ҷои ханда нест!
Юсуф гуфт:
Рӯзе дар фикри он будам, ки чугуна касе метавонад ба ман душманӣ кунад, дар ҳоле, ки бароарони неруманд дорам, инак Худованд ҳамин бародаронро бар ман мусалат гардонид, то бидонам, кӣ:
"НАБОЯД БА ҲЕҶ БАНДАЕ ТАКЯ КАРД".

Таъсири андешаҳои Мавлоно Румӣ дар афкори Муҳаммад Иқболи Лоҳӯрӣ

Ҷаҳонро бояд ба чашми хирад  нигарист, то аз ҳақиқату каромати он хубтар огаҳӣ пайдо кард. Ин буд, ки донишманд ва муфаккири аср Муҳаммад Иқбол авваллин маротиба дар замони таълимоташ дар  Англия ва Олмон аз чашмаи сафои забони фораму ширини тоҷикӣ-форсӣ  нуши ҷон карда, аз ҳақиқату воқеияти ҳаёти башар огаҳӣ паёдо  кард, ки  акнун метавонад андешаҳояшро озоду ободу ором ба шунавадагонаш расонад.

ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ФАРЗАНД АНДАР ИШҚ ВАРЗИДАН ВА РАСМИ ОН АЗ «ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

Бидон, эй писар, то касе латифтабъ набувад, ошиқ нашавад. Аз он ки ишқ аз латофати табъ хезад ва ҳар чӣ аз латофат хезад, бешак, латиф бувад, чӣ гуфтаанд: «Ман ашбаҳа абоҳа фа мо залама» («Писар, ки монанди падар бошад, зулме накардааст»). Чун ӯ латиф бувад, ночор дар табъе латиф тавонад овехтан.

Байт

Ин ишқ латиф асту латифӣ хоҳад,

Ҳар ҷо, ки равад, чу худ зарифе хоҳад.

 

Страницы

Яндекс.Метрика