Исрофкорӣ амали зишт

"Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати (яъне, либос) худро бигиред ва бихўреду биошомед ва исроф макунед, ба дурустї, ки Худо исрофкунандагонро дўст намедорад" (Сураи Аъроф: 31); "Ва ба соҳиби қаробат ҳаққи вайро бидеҳ ва (низ) ба дарвеш ва роҳгузар ва исроф макун исроф карданї.

Ҷанбаҳои тарбиявӣ дар мақолаи профессор Э.Насриддинзода

Мақолаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода «Нақши бузурги Пешвои миллат дар бунёди НБО-и «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср» шомили аҳамияти бузурги  тарбиявӣ мебошад. Профессор ба фаъолияти ободкории Пешвои миллат бори дигар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, саҳми ӯро дар бунёди НБО-и Роғун бо далелҳои мушаххас бори дигар таъкид намуданд. 

Оғози сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

Таъзия

Сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сардабири нашрияи “СССР” Сайёфи Мизроб бинобар даргузашти бародарашон изҳори ҳамдардӣ ва таслият намуда, ба марҳум биҳишти ҷовидон ва ба наздикону пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонанд.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.

Андешаҳои ноби Ҳусайн Воизи Кошифӣ

❗Забонро барои сухани нек бояд кушод ва барои ҳафт чиз бубаст. Забонро аз чунин гуфтор мебояд баст:
⚠️Аз гуфтани дурўғ, ки дурўғгўй душман аст!
⚠️Аз ваъдаи хилоф, ки сифати дурўягон аст;!
⚠️Аз ғайбат ва туҳмат, ки амали бадахлоқон аст!
⚠️Аз муноқиша, душманӣ, суханчинӣ ва айбгўйӣ, ки онҳо аз васвасаи шайтонанд!
⚠️Аз таърифи худ, ки нишонаи худписандист!
⚠️Аз дуои бад ва ҳақорат, ки бадлафзист!
⚠️Аз мазоҳу масхара ва ҳазле, ки боиси ранҷиш бошад
✍️Ҳусайн Воизи Кошифӣ

АЗ ЁДҲО ДАР ЁДҲО!

Маҷрои зиндагиномаи устод Садриддин Айнӣ пур аз ҳаводиси ибратомӯзу ҳикматомезест, ки таваҷҷуҳ ба он дар замири кас майли худогоҳию хештандориро бедор мекунад. Ӯ бузургтарин фарзанди миллати тоҷик мебошад, ки манфиатҳои халқу ватанро аз ҳама арзишҳо муқаддастар медонист. Дар ин роҳ ҳатто манфиатҳои худро пушти по зада, ба сад дарду ранҷи зиндагӣ гирифтор шуд. Чун дигар ҷавонону ҳамсолони хеш натавонист зиндагиеро барои худ бисозаду орӣ аз кулфатҳои замона бошад.

Масъулият ва маърифат

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки “Тарбияи фарзанд рисолати муқаддаси волидон буда, таҳкими оила, таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат, яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва пойдевори тамаддунҳо ба шумор меравад”. Гар чанде нињодњои иљтимои: мактаб ва љомеа дар таълим ва тарбияи кудак наќши муасире дошта бошанд њам, вале оила дар таълиму тарбияи фарзанд наќши мењвариро бозидааст.

 

Муаллимонро дастгирӣ бояд кард!

Мақоми устод баланд аст. Бисёр баланд. Ҳаққи устодро гузаштагон аз ҳаққи падар бештар донистаанд. Ин бесабаб нест. Омӯзгороне, ки аз дил бо сидқ иҷрои вазифа менамоянд дар ин радиф хоҳанд буд. 

Страницы

Яндекс.Метрика