Аз Луқмони Ҳаким нақл мекунанд, ки фармудааст:
“Ман 300 сол мардумро бо доруҳои гуногун табобат кардам, аммо ба ин натиҷа расидам, ки ҳеҷ доруе беҳтар аз муҳаббат нест”.
Пурсиданд: “Агар он ҳам асаре накунад чӣ?
Луқмони Ҳаким лабханде заду гуфт: “Миқдори доруро афзоиш диҳед”.
Донишманди бузург Луқмони Ҳаким дар Қуръони карим сураи 31 - ум аз ҷониби Парвардигор бо номи Луқмон сабт шуда аст.
Луқмони Ҳаким кӣ буд?
Бархе ӯро чун донишманди фақеҳу пири хирад мешиносанд, бархе ҳатто паёмбар ҳам буд мегӯянд, аммо дар боби паёмбар набудани ӯ далеле ҳаст, ки Ибни Мусаймин Худо (розӣ бошад) ҳадисе дар ин бора нақл намудааст.
Симои Луқмони Ҳаким, ҳамчун шахс дар осори илмию таърихӣ ва адабию гуфторҳои халқии Арабу Аҷам интишор ёфта, қабл аз милод то ин замон ворид гардидааст. Алалхусус, Алиакбари Деҳхудо дар асари машҳураш «Луғатнома» овардааст: «Луқмон — номи марди ҳаким, ки бино ба ривояти исломӣ аслаш «ҳабашӣ» буда, дар рӯзгори Довуд пайғамбар мезистааст ва дар Қуръон зикри вай омадааст».
Ҳабашӣ будани Луқмонро Саъдӣ фармудааст:
Шунидам, ки Луқмон сияҳфом буд,
На танпарвару нозукандом буд.
Бобати бузургтарини ҳукамо будани Луқмон дар Қуръони карим бо таъбире баланду расо омадааст “Ва лақат атайна Луқмана ҳакима”, яъне Худованд мефармояд, ки ба рости Луқмонро ҳикмат додем. Худованд бар ҳикматаш гувоҳӣ дода ва бархе аз омӯзаҳои ҳакимонаи ӯро барои ояндагон ривоят кард ва баъд ҳамагонро ба ҷустуҷӯ ва фаро гирифтани ҳикматҳои ӯ фаро хонд.
Иттилои амиқе аз зиндагии ин ҳакими фарзона дар даст надорем. Бархе Луқмонро фарзанди Ноҳур Ибни Тораҳ, бархе фарзанди Лиён ибни Ноҳур ибни Тораҳ, гурӯҳе ӯро фарзанди Анқо ибни Сорун, бархе ӯро фарзанди Анқоъ ибни Мирбад ва бархе дигар насли Кувш ибни Сом ибни Нӯҳ донистаанд. Маълум, ки интихоби яке аз ин маълумотҳо осон нест, аммо зарур ҳам нест. Ҳаминро метавон гуфт, ки Луқмон дорои насабу номи маъруфе набуда аст, чунон ки дар ҳадиси Содиқ Алӣ Ассалом омадааст:
”Ба Худо савганд, ки ҳикмате аз нажод, сурат, бузургии ҷисм ва зебогии андом бар Луқмон дода нашуд”.
Луқмон сияҳҷурда буд ва он чӣ мусаллам аст, вай аз ҷамоли зоҳирӣ бебаҳра буд. Аввал як бардаи ҳабашӣ буд, баъдан аз ғуломӣ озод гардид. Аввалин бардае, ки бо мавлояш қарордоди озодӣ бастааст, ҳамин Луқмон буд.
Ҳоло мехостам баргузидаеро аз андарзҳои Лукмони Ҳаким бароятон тақдим намоям, ки суди бештаре аз донистани шахсияту тарҷимаи ҳоли Луқмон дорад.
Андарзҳои арзишманди Луқмон бар фарзандаш
Фарзандам, ҳеҷ гоҳ ҳеҷ чизро бар Худованд шарик макун. Бо падару модарат беҳтарин рафторро дошта бош. Бидон, ки ҳеҷ рафторат аз Худованд пинҳон намемонад. Намозро он гуна, ки шоиста аст, ба по дор. Дар муқобили пешомадаҳо шикебо бош. Бо ғурур ва такаббур бо дигарон рафтор макун. Дар роҳ рафтан, миёнарав бош. Бар сари дигарон фарёд макаш. Розу исроратро назди худ нигаҳ дор. Ба ҳангоми сахтӣ дӯстро озмоиш кун. Бо бадони ҷоҳилон ҳамнишинӣ макун. Бо андешамандону олимон ҳамроҳ бош. Бар кӯтоҳфикрон ва заъифон эътимод макун. Сухан санҷида ва бо далел бигӯ.
Ва пандҳои дигари Луқмони Ҳаким, ки доири мавзӯъҳои гуногуни зиндагиянд.
Дар маъракаҳои дафн бештар бошед, то ҳар даму нафас наздик будани маргро эҳсос кунед. Аз иштирок дар базмҳои пурдабдаба дурӣ гузинед, то меҳри дунёро дар дил парвариш накунед. Тавбаву истиғфорро ба фардо нагузоред, зеро фардоятонро касе кафолат дода наметавонад. Кӯшиш кунед, ки аз дастурхони шумо танҳо худотарсон тановул кунанд. Забони худро бар каломи маъзараат аз Аллоҳ одат кунонед. Ҳаргиз илмро ба он хотир фаро нагиред, ки то бо аблаҳон баҳс карда ғолиб оед, миёни олимон дар тафовут бошед, ё худ боиси таҳсини амма гардед.
Он, ки Худоро шинохтааст, дар илм бузург аст, агарчанде, ки фарогирифтаи улуми дигар набошад ҳам. Каломи ӯ низ дар фасоҳат аз дигарон комилан фарқ мекунад. Ду чизро зуд фаромӯш кунед. Некие, ки бар дигарон кардед ва бадие, ки аз дигарон дидед.
Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир