СӮҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ

Имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев, Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия муҳтарам Валентина Матвиенко сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Ҷаҳонишавӣ ва масъалаҳои рушди забони миллӣ

Равандҳои ҷаҳонишавии замони муосир дурустии таълимоти марксистиро дар бораи нақши муайянкунанда доштани зербино дар рушди ҷомеа ва таъсири қавии он бори дигар амалан собит намуда истодаанд. Имрӯзҳо равшан мушоҳида карда мешавад, ки кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ қавӣ дар як вақт ба рушди забони миллии худ низ ноил гардидаанд ва пайваста дар пайи васеъ гардонидани фазои истифодаи он ҳастанд. Барои васеъ гардонидани фазои истифодаи забонашон кишварҳои мазкур аз буҷаҳои давлат маблағҳои калонро низ сафарбар намуда истодаанд.

 

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд

3 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду давлат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.

Забон ва таърих

Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Эмомалӣ Раҳмон

 

Забон аз муҳимтарин мероси ба мо расида мебошад. Аз ин рӯ, боястӣ дар ҳифзу гиромидошти он аз ҳеч хидмате дареғ наварзем. Агар ба саҳифаҳои таърихи миллӣ назар афканем, хоҳем дид, ки забон нақши муассир дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мо ифо кардааст.

 

ЗАБОН - ҲАСТИИИ МИЛЛАТ

Забони модарӣ фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рузгоред.

Барои ҳар каломи поки модар,

Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

 

Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳилаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.

Ҳар марди шутурдор, Увайси қаранӣ нест!

❗Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем, касе ёри касе нест.
Ҳар марди шутурдор, Увайси қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг, ақиқи яманӣ нест.
Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.
Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор,
Зеро, ки Абӯҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.
Бо марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташ заданӣ нест.
Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.
Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат, мукофоти олӣ ва навбатӣ муборак !

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ!!!

Указ Президента Российской Федерации от 04.10.2022 № 704

"О награждении орденом "За заслуги перед Отечеством" III степени Президента Республики Таджикистан Рахмона Э."

Номер опубликования: 0001202210040005;
Дата опубликования: 04.10.2022

Бознашр аз саҳифаи Пешвои миллат

РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Қонуни забони тоҷикӣ" қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт.

Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун "Рӯзи забон" ҷашн гирифта мешуд.

Страницы

Яндекс.Метрика