Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад. Эмомалӣ Раҳмон
Забон аз муҳимтарин мероси ба мо расида мебошад. Аз ин рӯ, боястӣ дар ҳифзу гиромидошти он аз ҳеч хидмате дареғ наварзем. Агар ба саҳифаҳои таърихи миллӣ назар афканем, хоҳем дид, ки забон нақши муассир дар ҳамбастагӣ ва иттиҳоди мо ифо кардааст.
Бузургтарин зарба ба пайкари миллат дар тули таърих аз ноҳияи забон ворид шудааст. Барои илтиёму давои он фарзандони фидокори миллат садсолаҳо заҳмат кашидаву забонро дубора ба мақоми арҷманди хеш расонданд. Тамоми растахезҳои миллии мо низ дар гузари таърих аз ноҳияи забон сарчашма мегирад.Дар мисолҳои мушаххас нақши забон дар ҳаводиси таърихиро мурур мекунем.
Хароб кардани пойтахти Ҳахоманишҳо ва ба оташ кашидани Авесто аз ҷониби истилогарони юнонӣ тасодуфӣ набуд. Душмани қасамхӯрдаи тамаддуни ориёӣ Искандар медонист, ки ягона роҳи шикастани руҳи миллати озода аз байни бурдани қомуси бедориву саодати мардум мебошад. Зеро Авесто омӯзишу парваришро вазифаи муқаддас дониста, ҳамагонро ба таълиму тарбият фаро мехонд.
Ойини зардуштӣ барои донишу хирад аҳамияти бисёр қоил шуда, маздопарастонро ба таълиму тарбият фаро хонда, ҳатто фариштае ба номи Чисторо барои омӯзиш таъйин намудааст. Ҳамчунин дар Вандидот, дигар бахши Авесто, омадааст, ки «агар шахси бегона ё ҳамкеш ё бародар ё дӯст барои таҳсили ҳунар назди шумо омад, ӯро бипазиред ва он чӣ хоҳад, бад-ӯ биёмӯзед». Дар китоби Динкард, дигар китоби зардуштиён, омадааст: «Тарбиятро бояд монанди зиндагонӣ муҳим баршумурд ва ҳар кас бояд ба василаи парваришу фаро гирифтан ва хондану навиштан худро ба пойгоҳи арҷманд расонад». Дар Пандномаи Зардушт низ мехонем, ки ӯ ба пайравони хеш фармуда буд, «ба фарҳанги хосторӣ кӯшо бошед, чӣ фарҳанг тухми донишу хирад ва хирад раҳбари ҳар ду ҷаҳон аст».
Пас аз тасаллути дусадсолаи юнониҳо дар сарзамини Порту Бохтару Суғд эҳёи давлатдории тоҷикон ҳамзамон бо гиромидошти забони маҳаллии мардуми Бохтар оғоз мегардад. Дар катибаи Работак, ки аз ҳудуди Афғонистон ба даст омад, шоҳи кушонӣ забони худ ва мардумашро ориёӣ номида, дастур медиҳад, ки бо ҳамин забон ин навишта бар санг ҳакк гардад. Ҷунбиши мардумӣ ва эҳёи давлатдорӣ дар асрҳои I-IV-и милодӣ дар ростои гиромидошти забони ориёӣ таҳаққуқ пазируфт.
Дувумин нақши созандаи забони миллиро мо дар лобалои истилои сарзамини аҷдодӣ аз ҷониби арабҳо мушоҳида мекунем. Замоне ки бадхоҳони забони мо, хостанд забони форсиро аз маснади рисолату раёсат дур кунанд, мардуми Хуросон бо ҷангу дандон аз забони худ дифоъ карданд.
Саранҷом чун дар аҳди Умавиён Солеҳ ибни Абдураҳмони систонӣ ном шахс коргузориро аз форсӣ ба арабӣ интиқол кард, Мардоншоҳ фарзанди Зодон ӯро чунин носазо гуфт: «ҳамчунонки решаи забони форсиро буридӣ, Худо наслатро дар ин олам қатъ кунад». Ин шаҳматро мо дар симои Яъқуби Лайс низ мушоҳида мекунем, ки чун шоирони дарбор Яъқуби Лайсро бо забони арабӣ мадҳ карданд, «ӯ олим набуд, дар наёфт». Сипас дар ҷавоби онҳо чунин гуфт: «чиро бояд ба забоне, ки ман наёбам, шеър гуфтан». Дар идомаи ин достон муаллифи «Таърихи Систон» менависад, ки «Муҳаммади Васиф пас шеъри порсӣ гуфтан гирифт ва аввал шеъри порсӣ андар Аҷам ӯ гуфт ва пеш аз ӯ касе нагуфта буд».
Сомониёни каримгавҳар низ барои гиромидошти забони модарӣ дар Бухорову соири шаҳрҳои Вароруду Хуросон мардумонро ба порсигӯӣ водоштанд. Девониён коргузориро ба ин забон бино ниҳоданд. Китобҳои муътабари «Таърихи Табарӣ», «Тафсири Табарӣ» ва «Саводи аъзам» ба забони мардуми минтақа, яъне порсии дарӣ тарҷума гаштанд.
Савумин корномаи забони мо дар замони Шӯравӣ ба сомон расид. Болшевикҳо, ки ба забону ойини мардуми мо бегона буданд, хатту дабираи ҳазорсолаи моро аз бех канда, забони миллиро аз минбару маҷлис дур карданд. Дар солҳои Шӯравӣ забони тоҷикӣ аз рушд бомонд. Боз ҳам фарзандони ростину фидокори миллат гирди ҳам омада, парламенти ҶШС Тоҷикистон соли 1989 Қонун дар бораи забонро қабул кард, ки онпешзаминаи истиқлоли Тоҷикистон гардид. Забони мо ба ҷойгоҳи воқеии худ дар замони истиқлол расид, ки ин неъмати азимро мо шукр мегӯем.
Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ