ОМӮЗГОР –РАВШАНГАРИ РӮЗГОР ВА САОДАТБАХШИ ИНСОНИЯТ

Паёми табрикии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим бахшида ба Рӯзи омӯзгор

Устодону омӯзгорони азиз ва кормандони гиромии соҳаи маориф!

Ривоят

Рӯзе як мард, аз назди хонае мегузашт, ки он ҷо дарахтеро дид. Он дарахт қариб, ки пурра латтапеч буд, зеро мардуми он маҳалла ба навдаҳои он латтаеро мебастанд ва аз ӯ талаби хоҳишҳои худро мекарданд. Муттаассифона ингуна дарахтон ва мазорҳо дар баъзе аз маҳаллаҳои мо низ вуҷуд доранд.
Он мард, ки хело марди боимону баномус буд, баъд аз он ки дарахтро дид ният кард, ки ҳозир ба хона меравам ва табарро гирифта ин дарахтро решакан мекунам, зеро вай мардумро гумроҳ карда истодааст.

Маъруфтарин тоҷикон дар арсаи илму фарҳанги минтақа ва ҷаҳон

Мардуми ҷаҳон тоҷиконро ҳамчун аҳли илму фарҳанг медонанд. Тоҷикон дар таърихи чандинҳазорсолаашон дар шукуфоии тамаддунҳои минтақа ва ҷаҳон саҳми арзанда гузошта, бузургони бешумореро дар арсаи илму фарҳанг ва адабиёт ба башарият ҳадя кардаанд. Ҳарчанд тоҷикон дар тамоми давраҳои таърих дар арсаи илму фарҳанг ва адаб бартарӣ доштаанд, аммо авҷи дурахшони онҳо дар асрҳои миёна, аз асри IX то ба асри XVI аст.

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ ХОНАВОДАИ ЗАБОНҲОИ ҲИНДУ АВРУПОӢ

Забони тоҷикӣ дар Эрон  форсӣ, дар Афғонистон дарӣ ва дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ гуфта мешавад.

Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду - аврупоӣ дохил шуда, яке аз забонҳои бостонии ҷаҳон ба шумор меравад.

Бояд қайд намуд, ки зиёда аз 44 миллион нафар аҳолии курраи замин ба ин забон ҳарф мезананд. Давраи инкишофи он дар асрҳои 7 - 8 оғоз ёфта, шоирону нависандагони бузурге чун Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ,Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон бо ин забон асарҳо эҷод кардаанд.

Ёриҳои Пешвои миллат ба оилаҳои зарардида дастрас шуданд

Кумакҳои моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони даргириҳои марзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастрас гардиданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод.

ИҚТИБОС

Фиристода бояд, ки доно бувад
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Абулқосим Фирдавсӣ

30.09.2022

Биё, то қадри яқдигар бидонем!

Биё, то қадри яқдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.
Чу мўъмин оинаи мўъмин яқин шуд,
Чаро бо оина мо рўгаронем?
Каримон ҷон фидои дўст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.
Фусуни «қул аъузу қул ҳуваллоҳ»
Чаро дар ишқи ҳамдигар нахонем.
Ғаразҳо тира дорад дўстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем.
Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,
Чаро мурдапарасту хасми ҷонем?
Чу баъд аз марг хоҳӣ оштӣ кард,
Ҳама умр аз ғамат дар имтиҳонем.
Кунун пиндор: мурдам, оштӣ кун,

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Ғаффор Ҷабборӣ шунида шуд.

Страницы

Яндекс.Метрика