РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Қонуни забони тоҷикӣ" қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт.

Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун "Рӯзи забон" ҷашн гирифта мешуд.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” - ро қабул кард. 5 октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни номбаргардида он ба амал даромад.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) эълон шудааст.

Бознашр аз саҳифаи
Тоҷикони Қазоқистон | 04.10.2022

Яндекс.Метрика