Алберт Эйнштейн:

Алберт Эйнштейн:

Дин бидуни илм кӯр аст ва илм бидуни дин ланг.

Ҳеч коре барои инсон сахттар аз фикр кардан нест.

А.Қодирӣ

Абуалӣ Сино:

Абуалӣ Сино:

Агар медонистед, ки як маҳкум ба марг ҳангоми муҷозот то чи ҳадд орзуи бозгашт ба зиндагӣ ро дорад, он гоҳ қадри рӯзҳоеро, ки бо ғам сипарӣ мекунед, медонистед.

Таҳиякунандаи мавод:
А.Қодирӣ

ҒАЗАЛҲОИ САЙИДОИ НАСАФӢ

Зи рашки кулбаи ман каъбаву бутхона месӯзад,
Ту дар як хона оташ мезанӣ, сад хона месӯзад.
Ту май бо ғайр менӯшиву мегардам кабобат ман,
Ту шамъи анҷуман мегардиву парвона месӯзад.
Ба ҷисму ҷони ман, эй барқи бепарво, мурувват кун
Ту бар коҳи ман оташ мезаниву дона месӯзад.
Нигоҳи гарм дар майхонаи ман аз кӣ афтодаст?
Май аз хум то барояд, шишаву майхона месӯзад.
Туро имрӯз ҳамчун мӯйи оташдида мебинам,
Кадом ошуфта бар тасхири зулфу шона месӯзад.
Намерезад касе бар оташи бетобиям обе,

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ

Албатта, вақте ки сухан дар бораи ваҳдат меравад, ба сари ҳар як фарди худогоҳ савол ба миён меояд, ки ваҳдат чист?

Ваҳдат ин якдилӣ, иттиҳод, сулҳ, хушбахтӣ, ягонагӣ, сарфарозӣ, комёбӣ, таҳкимдиҳанда ва ташаккулдиҳандаи давлату давлатдорист.

Ваҳдати миллӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст.

Қиссаи Обид ва марде, ки кафшаш дуздида шуд

Марде назди фақеҳе рафт ва гуфт эй обид суоле дорам, обид гуфт бигӯ.
Гуфт: намози худамро шикастам. Обид гуфт далелаш чи буд?

Мард гуфт: ҳангоми иқомаи намоз дидам дузде кафшҳоямро рабуд ва фирор кард бар-он шудам, ки намоз бишканам ва кафшамро аз дузд бигирам.
Ва ҳоло мехоҳам бидонам, ки корам дуруст аст ё нодуруст?

Обид гуфт: кафши ту чанд дирҳам қимат дошт?
Мард гуфт: 5 дирҳам

Обид гуфт: эй мард кори баҷо ва писандидае кардаӣ, зеро намозе, ки ту мехондӣ 2 дирҳам ҳам намеарзид!

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

‼️АЗ ГУФТАНИ НОХУБ НИГАҲ ДОР ЗАБОНРО‼️

❗Хоҳӣ, ки наёрӣ ба сўи хеш зиёнро,
Аз гуфтани нохуб нигаҳ дор забонро.
Гуфтор зиён аст, валекин на мар-онро,
То суд ба як сў ниҳӣ аз баҳри зиёнро.
Гуфтор ба ақл аст, киро ақл надоданд,
Мар-гову хару астару дигар ҳаявонро.
Мардум, ки сухан гўяд, з-он аст, ки дорад
Ақле, ки падид орад бурҳону баёнро.
Пас, баччаи ақл омада гуфтору назебад,
Ки баччаи ақли ту забон дорад ҷонро.
Ҷону хирад аз амри Худоянду ниҳонанд,
Пайдо натавон кард мар-ин ҷуфти ниҳонро.
Тан ҷуфти ниҳон асту ба фармон-т равон аст,

"Диндоритонро ба Худо нишон диҳед, на ин ки ба рухи якдигар бикашед".

Ин тасвири як вилгард (ҳарзагард, бекора) ва ё гадо нест, балки тасвири ғӯли адабиёт ва мутафаккири Русия ва ҷаҳон, "Лев Толстой" аст.
Ӯ дорои сарвати ҳангуфт ва заминҳои густурдае буд, ки ҳамаро ба бенавоён бахшид ва дарвешона зиндагӣ кард.
Ӯ чи зебо мегуфт:
"Бо ман аз дин сӯҳбат накунед, балки бигузоред динро дар кирдори шумо бубинам".
Ӯ мегуфт:
"Диндоритонро ба Худо нишон диҳед, на ин ки ба рухи якдигар бикашед".

Таҳиякунандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ

Бузургтарин риёзидонҳои торих

"Риёзӣ"-ро "ЗАБОНИ ДУНЁ" медонанд.

Риёзӣ ва илми ҳисоб поя ва асоси дарки ҷаҳони ҳастӣ аст ва дар дунёи мудерн низ корбурди бисёре дорад.
Ҳар созаи башариро, ки нигоҳ кунед радди пойи (асар, нақш) илми ҳисобро дар он пайдо хоҳед кард. Ба ҳамин далел риёзидонҳои бузурги ҷаҳон дар пешрафти илм нақши бисёр муҳимме доштаанд ва ба ҳамин далел номи онҳо ба некӣ дар торих сабт шудааст.

Яке аз ин аввалин бузургҳо ФИСОҒУРИС (ПИФАГОР) маҳсуб мешавад

Страницы

Яндекс.Метрика