Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани

5 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антанелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

ТАЪЗИЯ

Роҳбарият ва кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Гавҳар Каримова - мудири бахши муҳосиботи Марказ нисбати даргузашти ХОҲАРАШОН, изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Масъули сомона: Абдуллоҳи Қодирӣ

ИДИ ҚУРБОН НАМОДЕ АЗ ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ ВА ВАҲДАТУ ДӮСТӢ ДАР ҶОМЕА АСТ!

«Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароӣ талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд».

Эмомалӣ Раҳмон 

Иди Қурбон яке аз ду иди мусулмонҳои тамоми дунёст, ки ҳамасола дар санаи 10-уми моҳи зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрии қамарӣ баргузор мегардад. Иди Қурбон барои тоҷикон ҳамчун як ҷузъи ҳувияти динӣ ва фарҳанги миллии мо тоҷикон дар тӯли асрҳо хизмат кардааст.

Китоби муҳим дар шинохти салафия

Собиқаи нигоштани таърихи силсилаву мазоҳиби исломӣ ҳадди ақал ба ҳазор сол қабл мерасад. Ин падида танҳо хосси мусулмонон ё ҷаҳони ислом набуда, тақрибан сарнавишти тамоми адёни бузургу кўчак чунин рақам хўрдааст. Аммо камтар пажўҳишеро метавон ном бурд, ки аз ағрози сиёсиюу фирқаӣ холӣ ва бе таассуб нигориш ёфта бошад. Дар масири таърих, агар намояндагони мазҳабҳои расмиятёфтаву давлатӣ мухолифони худро «аҳли бидъат», «гумроҳ», «хориҷӣ» ва ғайра номанд, мазоҳиби оппозитсоинӣ ҳам дар таъну нафрини рақибони идеологии худ аз ҳеҷ чиз дареғ намеварзиданд.

Иштирок дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

2 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Зимни нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Встреча с Президентом Кыргызской Республики Садыром Жапаровым

2 июня 2023 года в городе Чолпон-Ата Основатель мира и национального единства – Лидер нации, Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон провёл встречу с Президентом Кыргызской Республики Садыром Жапаровым.

Главы государств обсудили состояние и перспективы таджикско- кыргызских отношений в политической, торгово-экономической, культурно-гуманитарной и других сферах, обменялись мнениями по вопросам региональной и международной повесток дня.

Особое внимание в ходе переговоров было уделено вопросу делимитации и демаркации таджикско-кыргызской государственной границы.

СУБЪЕКТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Саймӯмин Ятимов 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада,соли 1976 риштаи забону адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва соли 2001 риштаи ҳууқуқи Донишгоҳи миллиро хатм кардааст. Дар соли 2001 дар мавзӯи "Асосҳои идеологии сиёсати берунаи Ҷумҳурии исломии Эрон” рисолаи номзадӣ ва дар соли 2002 дар мавзӯи "Хумайнигароӣ ва идеологияи сиёсати хориҷии Эрон” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Ятимов солҳои 2000-2005 муовини вазири амният, солҳои 2005-2007 муовини аввали вазири хориҷа ва солҳои 2007-2010 сафири Тоҷикистон дар Белгия. ИА ва НАТО буд.

1 ИЮН – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ҳифзу ҳимоя ва ғамхорӣ нисбати онҳо вазифаи ҷонии фард, ҷомеа ва давлат мебошад. Бо ҳамин асос 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар аксари давлатҳои чаҳон таҷлил мегардад.  Таҷлили ин руз ба 1 июни соли 1925 ба Конференсияи байналхалқии фаровонҳолии бачаҳо, ки дар Женева баргузор шуда буд, рост меояд.

Страницы

Яндекс.Метрика