Муҳаммад Закариёи Розӣ

Дар бораи Розӣ низ омадааст ӯ нахустин касе аст, ки моддаи химиявии H₂SO₄ -ро, ки имрӯза онро "асиди сулфурик" (Се́рная кислота́ H₂SO₄) мегӯянд ва дар арабӣ "аз-зоҷул ахзар" номида мешавад ва бештар онро "зайт-ур-Розӣ" номиданд, кашф кард.

Вохӯрии гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ

Вохӯрии судманди аҳли сокинони Ҷамоати деҳоти Рованд бо гурӯҳи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Рованд ноҳияи Ванҷ, ки дар он намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Исоев иштирок намуд.

Насим Исоев

БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич, Хабари сӯхторҳои калонмиқёс ва зиёни бисёр дар вилояти Абай – дар шарқи Қазоқистон, ки талафоти ҷониро ба бор оварданд, боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.

Таъзияву ҳамдардии самимии худро ба тамоми мардуми бародари Қазоқистон ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоям.

ВАҲДАТ АЗ ЯКРАНГИИ ДИЛҲОСТӢ

Яке аз зеботарин вожаҳое, ки дар забони мо маъмул буда, ёду тазаккури он дар зеҳн ҳамеша эътимоду боварӣ ва суруру шодмонӣ эҷод мекунад, ваҳдат аст. Ин вожа инсонҳоро танҳо ба самти иттиҳоду ҳамбастагӣ ва якдиливу мувофиқат фаро хонда, меҳвари аслии ҳамзистӣ ва шарти тараққии ҷомеаи инсонист. Дар фарҳангҳои муътабари забони мо яке аз маъниҳои ваҳдатро якдилӣ, ягонагӣ ва муфовиқат номидаанд, ки дуруст аст.

‼️ИМОРАТ ДАР ВАЙРОНӢ АСТ‼️

❗Он яке омад заминро мешикофт,
Аблаҳе фарьёд карду барнатофт,
К-ин заминро аз чū вайрон мекунū,
Мешикофию парешон мекунū?
Гуфт: Эй аблаҳ, бирав, бар ман махон!
Ту иморат аз харобū боз дон.
Кай шавад гулзору гандумзор ин,
То нагардад зишту вайрон ин замин.
Кай шавад бӯстону кишту баргу бар,
То нагардад назми ӯ зеру забар.
То набишкофū ба наштар пеши чағз,
Кай шавад некӯи кай гардид нағз .
Пора-пора карда дарзū чомаро,
Кас занад он дарзии алломаро?
Ки чаро ин атласи бигзидаро ,

Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар деҳаҳои Шкев, Ёгед, Ширговади Ҷамоати деҳоти Нулванд ва Паткуноб, Дуробак ва Сангевни Ҷамоати деҳоти Қалъаихум

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гуруҳи корӣ бо иштироки Абдулмаинзода Заррина-муовини раиси Кумита, Абдуллозода Умеда-муовини раиси Кумита, Рамазонзода Фируз-намояндаи Маркази татқиқоти стротегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исоев Насимҷон-корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми касбу кори гуногуни деҳаҳои Шкев, Ёгед, Ширговади Ҷамоати деҳо

Сухани ибни Сино дар мавриди варзиш ва тамринҳои баданӣ!

Сухани ибни Сино дар мавриди варзиш ва тамринҳои баданӣ!

Касе, ки ба тамринҳои баданӣ мепардозад ба ҳеч доруе ниёз надорад, дармони ӯ дар ҷунбиш ва ҳаракат аст.

Таҳиякунанда: А. Қодирӣ

Дар Урупо замоне мактаби "Синогаройӣ" вуҷуд дошт

Замоне буд, ки дар Урупо мактаби "Синогаройӣ" вуҷуд дошт...

"Ибни Синогаройӣ" мактабе буд, ки дар қарни 16-и мелодӣ дар донишгоҳҳои Инглистон ва Фаронса нуфузи зиёде дошта ва дорад.

Бархе файласуфони барҷаста монанди Фома Аквинский, Роҷер Бэкон, Иоанн Дунс Скот таҳти осори Ибни Сино буданд.

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Страницы

Яндекс.Метрика