23 ИЮН- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002 санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст.
Ҳамасола давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯз чорабиниҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро арзёбӣ мекунанд, хизматчиёни давлатии мувофиқ қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар шаҳри Хоруғ Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон ягона–Бадахшон нигини он” баргузор шуд

Имрӯз, бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори театри мусиқию мазҳакави ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ Конференсияи илмӣ –амалӣ таҳти унвони “ Тоҷикистон ягона – Бадахшон нигини он” баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Муаррифии лоиҳаи Истироҳатгоҳи тобистона барои кудакон ва наврасони ятим дар ноҳияи Ховалинг

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи "Истироҳатгоҳи тобистона барои кӯдакон ва наврасони ятим" шинос гардида, барои бунёди иншооти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд.

Зимни муаррифӣ иброз гардид, ки иншооти мазкур барои фароғату истироҳати мавсимии 200 нафар кӯдаку навраси ятим пешбинӣ гардидааст.

"СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ДИН, ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"-ЛЕКСИЯ-СУҲБАТИ ХОЛИҚЗОДА АБДУРАҲИМ ҒАФФОР-ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Дар асоси Нақшаи ҷадвали ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, ки ҳамасола бо мақсади такмили қобилият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатӣ ташкил карда мешавад, санаи 21 июни соли ҷорӣ дар асоси дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси навбатии такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Ишкошим ва Роштқалъаи ВМКБ, Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Зафаробод, Куҳистони Мастчо

Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Дарвоз

Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Дарвоз бо иштироки Зубайдулло Давлатов - намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳури
Тоҷикистон, Маҳрамбек Маҳрамбеков - котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзи Ашӯр ва Муҳтарам Ҳотам баргузор гардид.

РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН ВА ВАҚТИ НАМОЗИ ИД МУАЙЯН ШУД

Имрӯз ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур, ки бо иштироки Раиси Шурои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ва аъзои Шурои уламо баргузор гардид, асосан масъалаи муайян намудани рӯзи баргузории Иди Қурбон ва вақти намози Ид матраҳ шуд. Ҳамин тавр, Шурои уламо қарор қабул намуд, ки тибқи ҳисобҳои илмӣ Иди Қурбон рӯзи 28 июн таҷлил мешавад. Намози ид дар масҷидҳои кишвар соати 6-00 баргузор мегардад.

‼️ВАҚТЕ КИ ТАНҲО МЕШАВӢ...‼️

❗Вақте ки танҳо мешавӣ, ойина ёдат мерасад,
Ҳамсуҳбати беминнату бекина ёдат мерасад.
Вакте, ки танҳо мешавӣ, рӯ мениҳӣ бар хотира,
Ғамгинтарин афсонаи дерина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, як лаҳзаи гумкардаат,
Монанди як ҳангомаи нақдина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, овоз мехонад сукут,
Фарёди хомӯши диле дар сина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, чун Рустами ҷонсӯхта,
Суҳроб ёдат мерасад, Таҳмина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, дар орзуи як баҳор,
Гулхандаи як дилбари сабзина ёдат мерасад.

МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО ҶАВОНОН, ЗАНОН, ФАОЪОЛОН ВА АФСАРОНУ САРБОЗОНИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ

19 июни соли 2023 дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Мурғоб баргузор гардид.

Страницы

Яндекс.Метрика