❗Вақте ки танҳо мешавӣ, ойина ёдат мерасад,
Ҳамсуҳбати беминнату бекина ёдат мерасад.
Вакте, ки танҳо мешавӣ, рӯ мениҳӣ бар хотира,
Ғамгинтарин афсонаи дерина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, як лаҳзаи гумкардаат,
Монанди як ҳангомаи нақдина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, овоз мехонад сукут,
Фарёди хомӯши диле дар сина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, чун Рустами ҷонсӯхта,
Суҳроб ёдат мерасад, Таҳмина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, дар орзуи як баҳор,
Гулхандаи як дилбари сабзина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, чун мӯсафеди пинадӯз,
Ҳар кӯк ёдат мерасад, ҳар пина ёдат мерасад.
Вақте ки танҳо мешавӣ, офоқ танҳо мешавад,
Рӯҳи намози хуррами одина ёдат мерасад.
Вақте, ки танҳо мешавӣ, дар байни ёду боди умр,
Аз Озарахшу ҳасрати ганҷина ёдат мерасад!
✍️Озарахш.