Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002 санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст.
Ҳамасола давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯз чорабиниҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми он дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро арзёбӣ мекунанд, хизматчиёни давлатии мувофиқ қадрдонӣ карда мешаванд.
Хизмати давлатӣ ин фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ мебошанд, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ тавассути амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар гардидааст.
Бознашр аз сомонаи Агентии хизмати давлатӣ