СЕМИНАРИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ : "УФУҚҲОИ ҲАМКОРИИ ДАВЛАТ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ АНЪАНАВИИ ДИНӢ ДАР САМТИ ИҶТИМОӢ"

Санаи 29 - уми майи соли равон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинари илмӣ – амалӣ дар мавзӯи:" УФУҚҲОИ ҲАМКОРИИ ДАВЛАТ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ АНЪАНАВИИ ДИНӢ ДАР САМТИ ИҶТИМОӢ" баргузор гардид. 

Дар семинар Холиқзода Абдураҳим - директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд. 

УФУҚҲОИ ҲАМКОРИИ ДАВЛАТ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ АНЪАНАВИИ ДИНӢ ДАР САМТИ ИҶТИМОӢ

Дар адабиёти фалсафии муосир проблемаи хидмати иҷтимоии дин умуман ва алалхусус, фаъолияти иҷтимоии иттиҳодияҳои динӣ, амалан таҳия нашудааст.

Тарбияи фарзанд – вазифаи масъулиятноки падару модар.

“Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”.
(Муҳаммад Ғаззолӣ)
 

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва иштирок дар чорабинии идона ба муносибати 29 -умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.05.2023

28 майи соли 2023 аз таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 29 сол пур шуд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварда, дидбонгоҳҳои сарҳадии “Айвоҷ” ва “Меҳнат”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Биё, к-имрӯз моро рӯзи ид аст!

❗Биё, к-имрӯз моро рӯзи ид аст,
Аз ин пас айшу ишрат бар мазид аст!
Бизан дасте, бигӯ, к-имрӯз шодист,
Ки рӯзи хуш ҳам аз аввал падид аст!
Чу ёри мо дар ин олам кӣ бошад?!
Чунин иде ба сад даврон кӣ дидаст?!
Замину осмонҳо пуршакар шуд,
Ба ҳар сӯйе шакарҳо бардамидаст!
Расид он бонги мавҷи гавҳарафшон,
Ҷаҳон пурмавҷу дарё нопадид аст!
Муҳаммад боз аз миъроҷ омад,
Зи чорум чарх Исо даррасидаст!
Ҳар он нақде, к-аз ин ҷо нест, қалб аст,
Мае, к-аз ҷоми ҷон набвад, палид аст!

ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШИИ ЧОРРӮЗА БАРОИ ХОДИМОНИ ДИН ДАР МАВЗӮИ “ПЕШГИРИИ ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Аз 22 то 25 майи соли 2023 Ассотсиятсияи танзими оилаи Тоҷикистон (АТОТ) бо дастгирии лоиҳаи Ташаббуси “Нури рӯшноӣ” тренинги омӯзишии чоррӯза барои тайёр намудани тренерон аз ҳисоби ходимони дин дар мавзӯи “Пешгирии хушунати хонаводагӣ” дар ш. Душанбе баргузор намуд.
Ҳадаф аз баргузории тренинг ин ҷалби ходимони дин дар самти пешгирии хушунати хонаводагӣ, тарбияи тарзи ҳаёти солим ва кам кардани ҷудошавии оилаҳо буд.

НИГОҲЕ БА НАҚШИ ТОҶИКОН ДАР ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГУ ҲУНАРИ АФҒОНИСТОН

Тибқи маълумоти олимони мардумшинос дар Афғонистон 55-57 гурӯҳи этникӣ мавҷуд аст, ки бо 33 забон гуфтугӯ мекунанд. Сернуфузтарин қавмҳо дар ин кишвар тоҷикон ва паштунҳо мебошанд. Азбаски дар Афғонистон барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронда нашудааст, маълумоти дақиқи расмӣ дар даст нест. Новобаста аз ин, баъзеҳо паштунҳоро аксарияти аҳолии Афғонистон қаламдод кардаанд. Аммо дар ростои ин гуна иддаоҳо андеша ва маълумоти дигар низ мавҷуд аст, ки на аксарият будани паштунҳо, балки тоҷиконро тасдиқ мекунад.

Иштирок дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳайси роҳбари давлати даъватшуда дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаласаи Шӯро дар шаҳри Москва таҳти раёсати Президенти Федератсияи Русия, Раиси Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Владимир Путин сурат гирифт.

Страницы

Яндекс.Метрика