Амният ва Ҷомеа

Андешаҳои корманд Абдуллоҳи Қодирӣ ва Шаҳбоз Шосаидзода ёвари директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии Амният ва Ҷомеа

ВАҲДАТ – ЗАМИНАИ САОДАТИ МИЛЛАТ

Ваҳдат – сарчашмаи оромӣ, осудагӣ, зафарёбӣ ва иқболу саодатмандист. Маҳз сарҷамъию ҳамбастагист, ки ҷомеа рушд мекунад, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар як маҷрои муайян таъмин мегарданд, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва адолати иҷтимоӣ барқарор мегардад. Хоби нози кӯдакон, хотири ҷамъи модарон, бунёдкориҳои шермардон, орзӯю омоли ҷавонон ҳамагӣ аз ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоду иттифоқи миллати сулҳофарамон аст.

 

ИНТЕРНЕТ ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ МУҲИММИ ПАҲНШАВИИ ИФРОТГАРОӢ БАЙНИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз Интернет як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти аксари одамон махсусан ҷавонон табдил ёфта, дар баробари дигар имкониятҳо ба майдони муҳокимаи мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ, баёни эҳсосот, фикру андешаҳои гуногун табдил ёфтааст.

Мулоқот бо ятимони кулл дар шаҳри Панҷакент

5 июл дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи Корхонаи металлургӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

СИЁСИСОЗИИ ДИН ВА ҒАРБИКУНОНИИ СИЁСАТ ТАҲДИДҲО БА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ВА СИЁСИСТ

Модели демократияи либералӣ дар Тоҷикистон, ки дар он манфиатҳои сиёсии аҳзоби сиёсии дунявӣ ва хусусияти динӣ дошта, дар фазои озодии сухан, гуногунандешӣ, озодии муборизаи сиёсӣ, кӯшиши ба ҳам омадан намуданд, аз дастовардҳои бузурги давлатҳои ҷавони мустақил дар даҳсолаҳои охир ба шумор мерафт. Таҷриба нишон дод, ки ба ин дастовард хатарҳои воқеӣ аз зинаи аввал таҳдид дорад. Ин буд, ки ин модел бо дарназардошти гуногунии ҳадафҳо натавонист ба амният ва истиқлоли сиёсӣ содиқона хизмат намояд.

ОМЕЗИШ ВА МАХЛУТШАВИИ МАФКУРАИ ҶАВОНОН ТАҲДИД БА ИСТИҚЛОЛИ ФАРҲАНГӢ ВА СИЁСӢ

Дар раванди ҷаҳонишавӣ роҳҳои мухталифи истифодаи неруи дохилии давлатҳои миллӣ аз ҷониби кишварҳои бузург ҷихати ҳимояи манфиатҳои молию миллиашон эҳсос мегардад. Ғояи «Бани одам аъзои якдигаранд» мавқеи худро ба андешаи дигари Саъдии бузургвор, ки «Мояи аслу насаб дар даври гардун аз зар аст» дар шароити муосири рушди давлатҳо иваз намудааст.

ДЕМОГРАФИЯ: МАНБАИ ҚУДРАТ ВА Ё ТАҲДИД БА ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ИҚТИСОДӢ

Аз зумраи таҳдидҳое, ки имрӯз ба истиқлоли сиёсӣ ва миллии кишварҳо зарбаи ҷонкоҳ мезанад ин ноаён афзоиш ёфтани аҳолии рӯи замин дар умум ва дар минтақаҳои ҷудогонаи фарҳангу тамаддунҳост. Муҳандисони ҷомеаи нави ҷаҳонӣ ва низоми тозаи сиёсии олам ба мисли меросдиҳандагони қаблии ххуд, роҳҳои мухталифи кам кардани башарро аз ҳисоби халқҳои дигари заиф ва рушднакарда, ҳанӯз ҳам идома медиҳанд. Ин ҳолат вазнини муаянро ба таркиши демографии башар зам менамояд. Умуман афзоши аҳолии халқу миллатҳо, ки табиатан падидаи нек аст, дар асл мушкилиҳои муайяни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ мезананад.

ТАҲДИДҲО БА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ АЗ РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВИИ НИЗОМҲОИ ҲУҚУҚӢ

Дар давраи ҷаҳонишавӣ падидаҳои муҳимми миллӣ, ҳуқуқӣ ва давлатӣ зери зарбаи ноаён қарор мегиранд. Таҳдиде, ки ба низоми ҳуқуқӣ ва фазои маънавии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст, аз сарчашмаҳои мухталиф бо шаклҳои гуногун бармеояд, ки мехоҳем нисбат ба баъзе аз онҳо, ки бевосита аз мушкилиҳои дохилии мо маҳсуб мешаванд, диққати хонандаро ҷалб намоем.

Ғарбикунонии мазмуни қонунгузорӣ

Страницы

Яндекс.Метрика