Ваҳдат – сарчашмаи оромӣ, осудагӣ, зафарёбӣ ва иқболу саодатмандист. Маҳз сарҷамъию ҳамбастагист, ки ҷомеа рушд мекунад, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар як маҷрои муайян таъмин мегарданд, ҳуқуқу озодиҳои инсон риоя ва адолати иҷтимоӣ барқарор мегардад. Хоби нози кӯдакон, хотири ҷамъи модарон, бунёдкориҳои шермардон, орзӯю омоли ҷавонон ҳамагӣ аз ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоду иттифоқи миллати сулҳофарамон аст.
Ваҳдат падидаест, ки арзишаш эҳтироми хоссаро қоил аст. Бо вуҷуди ин падида ҷомеаҳо метавонанд дар иртибот бошанд. Атрофи ин падида коршиносон борҳо андешида, барои пойдории он, ки асоси пойдории миллату давлат аст, таклифу пешниҳодҳо кардаанд. То имрӯз ҷомеаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки аз набудани ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилию ҳамбастагӣ ба мушкилоти ҷиддие мувоҷеҳ шудаанд. Барои мисол метавон ба ҷомеаи имрӯзаи Афғонистон ишора кард: муноқишаю кашмакашиҳо, нобаробарию таъминнагардиданҳо ва таркиватанкарданиҳои мардуми афғонро аз тариқи ВАО мушоҳида карда, беихтиёр ҳамон саҳнаи ҷанги шаҳрвандии кишвар пеши назар меояд.
Агарчанд миллати тоҷик то имрӯз се даҳсолаи Истиқлолияти давлатиро пасӣ сар карда бошад ҳам, вале аз олим то ориф, аз рӯҳонӣ то файласуф, аз муҳоҷир то тоҷир ҳама он рӯзҳои ваҳшату даҳшат, он рӯзҳои парокандагии миллатро дар хотир доранд. Нобасомониҳою нобаробариҳо ва ноадолатиҳои он замон ҳанӯз бо захми худ дар ёду дилҳо боқист. Ин аст, ки волидон, устодон, донишмандон ва масъулон ҳамеша ба нигаҳдошт ва пойдории сулҳу оромӣ таъкид меварзанд.
Дар Тоҷикистони азиз аз хурд то бузург шукри ваҳдат, шукри давлат, шукри миллат, шукри обу хоки меҳан мекунанд. Маҳз бо шарофати ин падидаи арзишманд ҷомеаи имрӯзи тоҷик ба иқболу саодатмандӣ ва нусрату зафармандӣ ноил гаштаанд.
Ваҳдати миллӣ бақои давлат аст,
Шарти рушду иртиқои миллат аст.
Баҳри миллат аз парешонӣ набошад ҳеҷ суд,
Лек ваҳдат омили бахту сафои миллат аст.
Одинаева Ш. - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ