
Имрӯз Интернет як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти аксари одамон махсусан ҷавонон табдил ёфта, дар баробари дигар имкониятҳо ба майдони муҳокимаи мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ, баёни эҳсосот, фикру андешаҳои гуногун табдил ёфтааст.
Ҳайати асосии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро намояндагони қишри ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон корбарони фаъоли шабакаи ҷаҳонӣ интернет буда, ҳиссаи асосии иттилоотро аз фазои интернет мегиранд, ки майдони мусоиди тарғибот барои гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи муосир ҷомеаи иттилоотӣ мебошад. Шабакаи умумиҷаҳонии интернет фазои фарохи дастрасии озод ба аудиторияи бузурги одамони корафтода мебошад. Аз ин рӯ, душвории асоси сари он аст, ки шабакаи интернет фазои интиқоли босуръати иттилоот буда, сензура ва дигар шаклҳои назорат дар он дида нашуда, тамоми фаъолияти инсон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври пинҳонӣ, бе маълум кардани шахсияти одам амалӣ мешавад. Ин ҳолатро истифода намуда, гурӯҳҳои динию ифротӣ дар шабакаи умумиҷаҳонии интернет корҳои тарғиботию ташвиқоти бурда, пайравони зиёд, асосан ҷавононро ба сафи худ ҷалб менамоянд.
Чи тавре тадқиқотҳо нишон медиҳанд роҳҳои гуногуни паҳн кардани идеологияи терроризм вуҷуд дорад: ташкили ҷамъомаду семинарҳо баҳри ҷалб намудани пайравони нав, чопи брошюраҳои мазмуни ифротӣ дошта, китобҳои тарғиботию ташвиқотӣ, мақолаҳо ва ғайра. Мо шоҳиди он ҳастем, ки нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти инсон торафт муҳимтар мегардад. Аз ин ҳолат гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ҳамаҷониба ба фоидаи худ истифода менамоянд. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, имкон фароҳам меоранд, ки одамон байни ҳам робита барқарор карда, ба таври осонӣ бо ҳамтоёни аз мамлакатҳои дигари ҷаҳон муошират карда, маълумоти заруриро дастрас намоянд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҷустуҷӯи маълумотҳои зарурию гуногун таввассути шабакаҳои иҷтимоӣ осон буда, ин амалро дар сонияҳо муаян иҷро кардан имконпазир аст. Зеро маълум аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ( масалан, Одноклассники, ВКонтакте, Facebook, LinkedIn, Мой мир, Google+, Instagram, Twitter) хоҳишмандон худро сабти ном карда, дар бораи шахсияти худ маълумотҳое, ки ба кору ихтиссоси онҳо рабт дорад, паҳн менамоянд. Ҳамчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ имкон фароҳам меоранд, ки одамон аксҳо ва видеоҳои ҷолибро дар саҳифаи инфиродии худ ҷойгир намоянд, ҷойҳои зебою аҳаммияти саёҳӣ доштаро тарғиб намоянд.
Як чизро бояд эътироф кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар зиндагии ҳар яки мо сабуки ворид кардааст. Масалан, ҳар як фарди фаъол тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти корӣ маълумот паҳн мекунад, ба таври онлайн таҳсил менамояд, бо дигарон мубодилаи фикр карда, дар пурсишҳои сотсиологӣ иштирок мекунад ва дар маҷмӯъ фаъолияти густурда бурда, мушкилотҳои зиёдро, ки ба ҳаётаи инсон рабт доранд ҳаллу фасл менамояд. Ногуфта намонад, ки маҳз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ба объекти коркарди гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ қарор мегиранд. Саркардагони гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ дар асоси маълумотҳои ҷамъовардаашон ба осонӣ портрети мукаммали корбари мушаххасро тартиб дода, илова бар ин, аудиторияи эҳтимолиро барои ҷалб ба сафи гурӯҳҳои ифротгароӣ ва террористӣ интихоб менамоянд. Махсусан, одамоне, ки зиддиятҳои гуногуни иҷтимоиро аз сар мегузаронанд ва зери бори гарони душвориҳои иҷтимоии ҳаёт қарор доранд, ба осонӣ зери таъсири идеологияи идеологияи гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ қарор мегиранд. Вижагии идеологияи гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ аз он иборат аст, ки онҳо ба осонӣ «маҳкум кардан» қатъиян «фош кардани» гунаҳгорони ҳақиқӣ ё хаёлии душвориҳои иҷтимоиро маълум карда, дар айни замон роҳҳои сахту содда ва боэътимоди барқарор намудани «адолат»-ро пешниҳод мекунанд. Аммо, мутаассифона маълум аст, ки идеологияи гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ идеологияи зӯроварӣ буда, ҳалли тамоми душвориҳои иҷтимоию сиёсиро таввассути қатлу куштор роҳандозӣ менамояд.
Дар шабакаи интернет ба вебсаҳифаҳое вохурдан мумкин аст, ки террористӣ эътироф шудаанд, ҳамчунин вебсаҳифаҳое низ ҳастанд, ки қисман тарғибгари идеологияи ифротгароӣ ва терроризм мебошанд, вале мансубияти худро ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ мустақиман нишон намедиҳанд. Дар шабакаи интернет бо истифодабарандагоне ру ба ру шудан мумкин аст, ки аз китобҳо ва матнҳои динӣ иқтибосҳо оварда, дигаронро барои мубориза бар зидди пайравони ақидаҳои дигар даъват намуда, таҷовузкориро дар саргаҳи муносибатҳои иҷтимоӣ қарор медиҳанд.
Гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ мекӯшанд, ки имконотҳои иртиботиии худро барои тарсонидану бесубот кардани ҷомеа, паҳн кардани иттилоот дурӯғу ғаразнок, таблиғи ғояҳои ифротии худ ва барои ҷалби ҷонибдорони нав истифода баранд. Дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ теъдоди зиёди оҷонсиҳои хабарӣ ва сомонаҳое вуҷуд доранд, ки мустақиман ба гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ иртибот надоранд, аммо ақидаҳои худро бо онҳо мепайванданд ва дар шаклҳои гуногун аз ифротгароён ва террористон ҳимоят мекунанд. Бисёре аз сайтҳо пайваста суроғаи худро ҳадафмандона иваз мекунанд, ҳамчунин аълум аст, ки мутахассисони гурӯҳҳои динию ифротӣ ва террористӣ маъмулан, аз ҷумлаи барномасозони ҷавони дорои маҳорати ҳакерӣ шомил буда, идеологияи ифротиии ин гурӯҳҳоро тарғиб менамоянд.
Мутаассифона шабакаҳои иҷтимоӣ ба як қувваи пурқудрати идора кардани зеҳну рафтори ҷавонон табдил ёфтаанд, ки қодиранд ба афкори ҷомеаи тоҷикистонӣ ва ҳам кишварҳои дигар таъсири манфӣ расонанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавоно аъзоёни гурӯҳҳои динию ифротӣ имкониятҳои нав фароҳам меоранд, то ки ҷавонон тавассути онҳо корҳои тарғиботию ташвикотии ифротии худро фаъолу густурда намоянд. Барои зери назорат гирифтани шуури оммаи зиёди одамон бо ёрии ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои ифротгаро асосан омили тарсро ба намоиш гузошта, дар фазои ҷомеа бенизомию бесуботиро ҳукмфармо менамоянд. Яъне, тарғибу ташвиқ ва ба намоиш гузоштани тарс мақсади асосии гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористиро ташкил медиҳанд. Хуллас, дар шуури омма пайваста шинонидани ғояи мавҷудияти хатари ифротгароӣ ва терроризм ин зуҳуротҳои номатлубро ба рамзу намунаи ибрат табдил дода, дар ҷомеа таассуроти тавоноию бузургии ифротгароию терроризмро ба вуҷуд меорад. Кӯшиш ба харҷ додан лозим аст, ки ифротгароӣ ва терроризм ба рамзу намунаи ибрат табдил наёбад. Дар ҳолати акс ҷомеаи мо ба душвориҳои сангин дучор мегардад.
Таблиғи ифротгароӣ ва терроризм дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ғайр аз хусусиятҳои дар боло зикршуда, хусусияти хоси худро дорад, зеро инсон аксари вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти шахсиро дар бораи худ нишон медиҳад. Ин маълумоти шахсии шумо имкон фароҳам меорад, ки фарди алоҳида ба объекти коркарди гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ қарор гирад. Барои ҳамин, зарур аст, ки дар ҳолати боргирии маълумотҳои шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошем. Ҳамчунин вижагии дигари гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо маводҳои ғаразнокро мақсаднок ба сифати ҷалб кардани гурӯҳи синну соли муайяни истифодабарандагон барои расонидани таъсири зиёди равонӣ истифода менамоянд. Барои сарварони гурӯҳҳои ифротгароии динӣ, таркиби синну солии ҷавонони ҷалбшаванда муҳим аст. Маълум аст, ки синну соли муштариёни шабакаҳои иҷтимоиро ҷавонони то 18-сола ташкил медиҳанд, ки ин омил барои таблиғи ғояҳои ифротгароии динӣ байни қишрҳои гуногуни одамон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Роҳҳо ва воситаҳои мубоиза ва пешгирии идеологияи ифротгароӣ ва терроризм дар интернет, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуногун мебошад. Дар байни онҳо воситаи муҳими муқовимат ба идеологияи ифротгароӣ ва терроризм дар шабакаҳои иҷтимоӣ инҳоянд: рад кардани идеологияи ифротгароӣ, маҳкум кардани асосҳои он, ошкор намудани моҳияти гайриинсонии он, нишон додани нақши вайронкоронаи ифротгароӣ ҳамчун воситаи фаъолияти зиддиҷамъиятӣ зиддиинсонии он; бар хилофи пояҳои идеологияи ифротгароӣ ва терроризм, зарурати таҷдиди назар ва бозсозии ҳуввияти ҷомеаи тоҷикистонӣ муҳим мебошад. Чунки мустаҳкам намудани худшиносӣ ҷавонон воситаи муҳими нигоҳ доштани мувозинати иҷтимоӣ ва пешгирии тундагароӣ, ифротгароӣ, таҷовузкорӣ ва таҳдиду хушунат мебошад.
Барои ҷалб кардани таваҷҷуҳи асосии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ робитаи дурустеро ба роҳ мондан лозим аст. Махсусан, баҳри тарғиби арзишҳои ватандӯстию меҳанпарастӣ, гузаронидани суҳбатҳо оиди муқовимат ва пешгирии идеологияи ифротгароӣ ва терроризм дар шакли семинарҳои интернетӣ, бо ҷалби блогерҳои машҳур айни муддаост; зарур аст, ки аз ҷойи воқеа, аз шахси якум, аз иштирокчии хақиқии воқеаҳои мавриди назар маълумот пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, байни омма мардум бояд корҳои фарҳангию маърифатӣ анҷом дода шавад, масалан, талқини муносибати эҳтиромона нисбат ба динҳои суннатӣ, ба намоиш гузоштану муҳокимаи изҳороти пешвоёни маънавии динҳои ҷаҳонӣ оид ба ифротгароию терроризм.
Ҳамчунин таъсиси механизми ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман шабакаи интернет муҳим аст. Ин кор имкон медиҳад, ки корҳо оид ба ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва таҳлили иттилоотӣ ҷойдоштаи шабакаҳои иҷтимоӣ, блогосфера ва форумҳо натиҷагирӣ ва назорат карда шаванд. Ин раванд дар навбати худ имкон медиҳад, масъалаҳои тезу тунд, баҳсталаб ва таъхирнопазире, ки ба афкори ҷамъиятӣ таъсир мерасонанд, муаян карда шуда, пеши роҳи эътирозҳо, моҷароҳои гуногун ва ҳуҷумҳои таҷовузкоронаи технологӣ гирифта шаванд. Масъалае асосӣ дар мубориза бо идеологияи ифротгароию терроризм дарк кардани ҳолате аст, ки бо усулҳои анъанавии мубориза муваффақият ба даст овардан аз як тараф душвор ва аз тарафи дигар ғайриимкон аст. Балки ин корро аз мавқеи «сиёсати пешгирӣ» амалӣ кардан мумкин аст, ки моҳияти «сиёсати пешгирикунанда» - ро истифодаи самараноки тадбирҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангию маърифатӣ ташкил медиҳанд.
Солҳои охир сафи гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористие, ки ҷавононро ба фаъолияти худ ҷалб мекунанд, зиёд шудааст. Таҳлили маълумотхои панҷ соли охир далолат медиҳанд, ки аз ҳар панҷ нафаре, ки дар сафи гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ фаъолият доштанд, синну соли чор нафарашон аз 30 сола зиёд нестанд. Дар ҳоли ҳозир аъзоҳои аксаран гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористиро асосан ҷавонони то 30-сола ва ноболиғони 14-18 сола ташкил медиҳанд.
Ба сафи гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ асосан мардон-ҷавонон дохил мешаванд, вале баъзан занон – духтаронро низ дар қатори аъзоёни гурӯҳҳои динию ифротӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Қайд кардан зарур аст, ки асоси гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористиро ҷавонони руҳияи тундгароӣ дошта, ташкил медиҳанд ва маҳз ин ҷавонон барои амалисозии амалҳои террористӣ ҷалб мешаванд ва бинобар бо доштани як қатор хусусиятҳои хоси иҷтимоӣ-равонӣ, физиологӣ ва демографӣ онҳо бештар ба таъсири идеологӣ гурӯҳҳои ифротгаро дучор мешаванд.
Низоми ақидаҳое, ки ифротгароён байни ҷавонон таҳмил мекунанд, бо соддагии аҳкомҳои динӣ фарқ мекунад. Маҳз ҳамин соддагии баён аксари ҷавононро ба сафи гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ ҷалб менамояд. Зарурати иштироки шахсӣ дар раванди инкишофи асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа, аз ҷониби саркардагони ифротгароён сарфи назар шуда, даъват менамоянд, ки асосҳои бунёдии ҷомеаи дунявӣ хароб ва нест карда шаванд.
Ҷавононе, ки ба сафи гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ пайвастаанд мутаассил қонунҳои мавҷударо вайрон карда, ҷиноятҳои самти ифротӣ содир менамоянд. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ аз ҷиноятҳои самти ифротгароёна ва ҷилавгирӣ аз вазъи ҷиноӣ дар ҷомеа, аз тариқи тадбирҳои тарбиявӣ ва пешгирикунанда қобили дастгирӣ буда, пурзӯр намудани корҳои профилактикию фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонон, аз ҷумла байни ноболиғон бамаврид аст. Мо мутмаинем, ки барои наврасон дарсҳои асосҳои таҳаммулпазирӣ ташкил карда шуда, барномаҳои таълимӣ ва семинарҳо оиди рушди фазои таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа ба намоиш гузошта шавад, то ҷавонон тавонанд аз байни назарияҳои мавҷудаи таҳаммулпазирӣ интихоб намоянд.
Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ифротгароӣ асосан бо шаклу услубҳои гуногун тарғибу ташвиқ карда мешавад, аз ҷумла:
1. Даъватҳои оммавӣ. Даъватҳои оммавӣ ифротгароён на ҳама вақт зидди ақаллиятҳои қавмӣ ё мазҳабӣ равона карда шудаанд. Шабакаҳои иҷтимоии самти ифротгароӣ дошта, майдони тарғиботу ташвиқотӣ гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ мебошанд. Аз ин хотир, шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста зери назорати қатъӣ қарор дода шаванд.
2. Изҳороте, ки одамонро аз рӯи нишонаҳои сиёсӣ, қавмӣ, динӣ ва ҳатто фарҳангӣ таҳқир мекунанд.
3. Таблиғи идеологияи ифротгароӣ (аз ҷумла, идеологияи фашистӣ).
4. Тарғибу ташвиқи бартарияти нажодӣ, қавмӣ, динӣ ва мазҳабӣ, ҳамчунин таъқиб ва нест кардани ақаллиятҳо миллӣ.
Дар навбати худ, қонунгузорӣ Тоҷикистон нисбати мубориза бар зидди ифротгароии динӣ бомуваффақият таҳия карда мешавад, чунки мушкилоти паҳншавии ифротгароии динӣ дар ҷомеаи тоҷик нигароникунанда боқӣ мемонад. Аён аст, ки барои тағйири вазъият имрӯз танҳо сухан гуфтан дар бораи пешгирии ифротгароиву терроризм кифоя нест. Барои бартараф намудани шароити паҳншавии ин зуҳуротҳои хатарнок давлат ва ҷомеаи тоҷик муттаҳид шуда, корҳои назаррасро анҷом диҳанд, то ки шиддати паҳншавии ин зуҳуротро паст намоянд. Солҳои охир мушоҳида мешавад, ки дар ҳамбастагии сохторҳои дахлдори давлатӣ иқтидори паҳншавии зуҳуроти ифротгароию терроризм марҳила ба марҳила коҳиш ёфта истодааст. Ин корҳо танҳо бо шарофати мукаммал шудани қонунгузории Тоҷикистон дар самти муборизаю пешгирии зуҳуроти ифротгароию терроризм имконпазир гашт. Аммо, новобаста аз ин, хатари ифротгароию терроризм дар ҷомеаи тоҷикистонӣ то ҳол боқӣ мондааст. Қонунгузории амалкунанда то ҳол имкон намедиҳад, ки бар зидди тамоми шаклу зуҳуротҳои ифротгароӣ ва терроризм самаранок мубориза бурда шавад, ҳамчунин зарурат пеш омадааст, ки қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт пайваста такмил дода шавад. Татбиқи бомуваффақияти асосҳои сиёсиву ҳуқуқии муқовимат ба фаъолияти ифротгароӣ ва террористӣ мавқеи ягонаи ҷомеа, ниҳоди фарҳанг, зиёиён, рӯҳониён, созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва созмонҳои ҷамъиятиро тақозо менамояд.
Дар хулоса қайд намудан зарур аст, ки пешгирии идеологияи ифротгароӣ ва терроризм байни ҷавонон вазифаи хеле муҳим ва ҷонии ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ мебошад. Барои пешгирии ин зуҳурот тадбирҳои зеринро андешидан лозим аст:
– гузаронидани назорати доимии фазои интернет бо мақсади ошкор ва бастани сайтҳои ифротӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият ба корбарони фаъолу ҳушёри Интернет дар раванди ошкорсозии сайтҳои ифротию террористӣ;
- таҳия ва навсозии таъминоти методӣ, технологӣ ва моддии раванди мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ;
- гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади тавсифи моҳияти терроризму ифротгароӣ, инчунин ташаккули пайваста рад кардани идеологияи зӯроварӣ аз ҷониби ҷомеа;
- ҷалби ҷавонон ба пешгирию мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, миллатгароӣ ва фундаментализми динӣ дар муҳити таълимӣ.
Абдуллоҳи Қодирӣ