МОНОГРАФИЯИ АБДУХАЛИЛЗОДА КАРОМАТУЛЛО ДАР МАВЗӮИ : "АРЗИШҲОИ ДУНЯВӢ ДАР ИСЛОМ"АЗ ЧОП БАРОМАД

Монографияи мазкур ба таҳқиқи яке аз мавуъҳои муҳим ва мубрами илми диншиносии муосир - арзишҳои дунявӣ дар ислом бахшида шудааст. Масъалаҳои моҳияти дунявият ва арзишҳои дунявӣ, мақоми он дар таърихи афкори фалсафии Ғарб ва таълимоти динҳои сомии тоисломӣ қисмати аввали монография маҳсуб меёбанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии НБО "Роғун"

Дирӯз, 29 августи соли 2023 дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба роҳ мондани таблиғу ташвиқ ва ҷалби сокинони бешуғл аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати фаро гирифтан ба кор дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “НБО Роғун”, миёни сокинон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид.

Ифрот дар шарҳи калимаи «тавҳид»

Чӣ табиати аҷибе дорад хиради инсонӣ! Ҳисси баланди кунҷковӣ ва талош баҳри кашфи асрор ӯро лаҳзае ором намегузорад. Хирадро маҳз ҳамин сифот аст, ки имрӯз дар гӯшае аз олами башарӣ чизе кашф ё ихтироъ менамоянд ва бо ин кашф ба зиндагии башарӣ ҳусну ҷилои нав мебахшанд. 

Мулоқот бо Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшод

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшодро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти амният ва мудофиа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

ТАЪЗИЯ

Роҳбарият ва кулли кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайомадҳои нохуши офати табиие, ки дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Сангвор, Тоҷикобод ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба вуқуъ омад ва дар натиҷаи он 13 нафар ба ҳалокат расиданд, сахт андуҳгин буда, ба пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил хоҳонанд.

Руҳи шаҳидон шоду манзили охираташон обод бод!

Ҳамдардии Пешвои миллат ба аҳли хонаводаи шахсони ҳалокшудаи бар асари боридани борони зиёд ва рух додани офати табиӣ

Дирӯз бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Мафҳуми ифротгароӣ ва баъзе хусусиятҳои ифротгароӣи динӣ

Донишмандон ифротро зидди васат таъриф намудаанд, зеро васатият ба маънии дурӣ аз ифрот ва тафрит мебошад, ба гунае, ки ифрот изофатар хостан аст, дар ҳоле, ки тафрит камтар аз он. Он чӣ ҳадди миёна ва баргузидаи ин ду бошад, адолат ва миёнаравӣ аст. Дар робита ба таърифи ифрот бояд гуфт, ки дар бештари фарҳангномаҳои арабӣ “ифрот” ба маънои аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ кардан, аз андоза берун баромадан. Бадиҳои ифрот ин аст, ки ба ҳалокат ва хатар наздиктар ва аз ҳимоят ва амният дуртар аст.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Имрӯз ҳамкори мо сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазониён Аҳтам Бобосафар ҷашни зодрӯз доранд.

Ӯро ба ин муносибат роҳбарият ва тамоми кормандони Маркази исломшиносӣ самимона табрику муборакбод намуда, барояшон беҳтарин таманниётро орзумандем.

Рӯзи мавлуди Шумо шоиста бод,
Хуррамиву хушдилӣ пайваста бод.
Армуғони мо дар ин рӯзи мурод,
Даста-даста ҳадяву гулдаста бод.

Бо арзи эҳтиром ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Страницы

Яндекс.Метрика