Чӣ табиати аҷибе дорад хиради инсонӣ! Ҳисси баланди кунҷковӣ ва талош баҳри кашфи асрор ӯро лаҳзае ором намегузорад. Хирадро маҳз ҳамин сифот аст, ки имрӯз дар гӯшае аз олами башарӣ чизе кашф ё ихтироъ менамоянд ва бо ин кашф ба зиндагии башарӣ ҳусну ҷилои нав мебахшанд.
Ба хубӣ эҳсос карда мешавад, ки бархе аз уламои исломӣ дар иддае аз манотиқи олами ислом таъсири муфид ва инсондӯстонаи раванди фавқуззикрро дарк намуда, саъй ба харҷ дода истодаанд, то аз он раванди созандаю офаранда қафо намонанд. Маҳз дар пайгирӣ аз ҳамин ҳадаф «уламо» -и зикршуда чанд «кашфу ихтирооте» аз худ баҳри муслимин ба маъраз гузоштанд. Мутаассифона, боиси хиҷили хотироти мост, ки он «кашфу ихтироот» - и «уламо»-и мазкур на сазовори мукофоти Нобел мегарданд, ва на судест муслиминро.
Суханро ба дарозо накашида меоем ба сари мақсуд. Самари ин «кашфу ихтироот»-и ба ном «Уламо»-и исломӣ маҳз дар бахши ақида равшан ба чашм мерасад. Чун ҷомеаи имрӯза ҷомеаи сармоядорист, иддае аз «Уламо»-и исломӣ тавассути интишори ақоиди сохтаю бофтаи худ мехоҳанд, худро ҳамчун «Олими кашшоф» маълуми ҳар чӣ бештари муслимини содда ва аз илму дониш дур гардонда, шумори дуогирони молиявии худро афзун гардонанд. Ногуфта пайдост, ки ба хотири расидан ба ин ҳадафи судҷӯёна-василаи оддии ҷамъоварии сармоя дар байни «Уламо» рақобате низ шакл гирифтааст.
Шинохтатарин шахсият дар байни ин «кашшофон» Абдузоҳири Доӣ эътироф шудааст. «Кашф» -и вай дар он ифода меёбад, ки вай дар калимаи «тавҳид»-и муслимин маъноеро «дарёфт» кардааст, ки дар тӯли асрҳои зиёд дар ҳеҷ гӯшае аз олами ислом маълум набуд. Тибқи фаҳмиши вай калимаи Тавҳид маънои онро дорад, ки шахси мусалмон танҳо ва танҳо бояд ба қонуни Аллоҳ итоат бурда, аз итоати қонуни башарӣ, ё ба қавли ӯ, аз қонуни махлуқ сар печад. Баҳри мутмаин сохтани шунаванда ба афкори бепояаш ӯ ба таҳрифи оятњои қуръонӣ даст зада, ҳам қонуни башарӣ ва ҳам офарандагони онро тоғут ба қалам медиҳад.Пас, тибқи мантиқи бемантиқи Абдузоҳири Доӣ ҳар мусалмоне, ки ба ҷуз қонуни Аллоҳ боз ба қонуни башарӣ итоат менамояд, вай гӯё пайрави Тоғут бошад. Ин шахсияти дар ҳарзагӯӣ бемисл ҳатто ҷуръат карда, Қуръони шарифро – китоби муқаддаси мусалмононро бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқобили ҳам гузоштааст. (Маводҳои пешниҳодшуда аз шабакаи интернетии «Инстаграм»-и саҳифаи «12.12.2012» миёнаҳои моҳи июни 2023 гирифта шудааст.). Ба ҳамагон маълум аст, ки Қуръон китоби динӣ буда, аслан масоили динии мардум ва қисман масоили иҷтимоиро фаро гирифтааст. Дар он баррасии масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ дар шакле, ки барои ҷомеаи имрӯза хос аст, дида намешавад. Дар ҳолате ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили дунявии мардум, пеш аз ҳама ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии шаҳрванди Тоҷикистон ва масоили сохтори сиёсии ин давлатро бо назардошти хусусиятҳои инкишофи ҷомеаи асри XXI тарҳрезӣ намудааст. Танҳо ҷоҳили бадсиришту муғриз ин ду китоби ҳадаф ва таъиноти мухталиф доштаро мавриди муқоиса қарор медиҳад.
Албатта, чӣ ҳадафи зишт ва нопок дорад, ин доии каззоб, гумроҳ ва зархарид, ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Бо ин «кашф»-и худ – Конститутсия қонуни башарист, Қуръон қонуни илоҳист, ӯ мехоҳад, ки дар дигар манотиқи мусалмоннишин мардумро ба муқобили ҳукуматҳо хезонаду муҳитеро чун дар Афғонистон, ки он ҷо дини ислом дар фаҳштарин шакл аз худ дарак медиҳад, дар тамоми олами ислом бунёд созад.
Дар заминаи ин кашфи Абдузоҳири Доӣ акнун шуруъ мекунем ба кашфи ҷаҳолати Доӣ. Чун ӯ мехоҳад, ки ҳар масъала тибқи Қуръон ҳаллу фасл гардад, пас аз ӯ пурсида мешавад, ки худи ӯ ва ҳаммаслакони ӯ дар дохилу хориҷ то ба кадом андоза тибқи ҳукми ояти 51 аз сураи «Моида» «Эй муъминон, яҳудиён ва насрониёнро дӯст магиред, баъзеи онҳо дӯсти баъзеанд. Ва ҳар ки аз шумо онҳоро дӯсту ёрдамчии худ гирад, пас, ҳамоно ӯ аз ҷумлаи онҳост. Ба дурустӣ кӣ Худо гурӯҳи ситамкоронро роҳ наменамояд» амал менамоянд? Чизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Худи ӯ ва ҳаммаслаконаш маҳсули лоиҳаҳои зиддиисломии доираҳои муайяни ғайри исломии хориҷа мебошанд. Яъне, ноогоҳона ӯ ва ҳаммаслаконаш баръакси фармудаҳои Қуръон бо гурӯҳу умумиятҳои этникии аз нигоҳи Қуръон мамнуъ ҳамкорӣ менамоянд ва ҳатто маблағгузорӣ мешаванд.
Пас, ин «Уламо», аз як нигоҳ, хилофи фармудаи Қуръон амал менамоянд, аз нигоҳи дигар, онҳо худ дар хидмати Тоғутанд. Ва ҳатто метавон гуфт, ки онҳо худ маҳсул ва офаридаи Тоғутанд. Аммо бешармона, мунофиқона, ва муғризона дини исломро барои ҳадафҳоно нопоки худ-дарёфти мавқеи иҷтимоӣ дар ҷомеа истифода мебаранд. Яъне, исломе, ки барои он гӯё ҷони худро фидо мекунанд, ва ҳатто оёте, ки зимни қироати он мунофиқона ҳатто гиря мекунанд, баҳри эшон ба ҷуз олат ё инструменти ҳалли ҳадафи дунявӣ чизе беш нест. Он чӣ баён гардид, воқеан ҳам кашфи асрор аст, на он «кашф»-е ки аз тарафи онҳо ба зоҳир расиду сарчашмаи тафриқа, фитна ва ихтилоф дар ҷомеа аст.
Далели дигари пайрави Тоғут будани Абдузоҳири Доӣ пиёда кардани сиёсати қавмпарастонаи паштуҳо бо истифода аз дини ислом аст. Абдузоҳири Доӣ аз таълимоти ислом «Муъминон бародари ҳамдигаранд» ба хубӣ огаҳӣ дорад. Ӯ ин ҳукмро паси сар гузошта, сиёсати паштупарастонаи ҳукумати толибонро бо таълимоти ислом пардапӯш менамояд. Ӯ амалан он сиёсатеро бо истифода аз дини ислом пиёда карда истодааст, ки паштуҳо дар тӯли даҳсолаҳо бар хилофи таълимоти Қуръон дар бораи баробарии мусалмонон дар дил мепарвариданд. Аз ин нигоҳ, Қуръон дар зери ҳукми ояти «Ман иттахаза илоҳан ҳавоҳу» маҳз Абдузоҳири Доӣ ва ҳаммаслакони ӯро дар назар дорад, ки ҳавою ҳаваси дунявиро чун Тоғут пайравӣ менамоянд.
Далели дигар дар кашфи ҷаҳолати Абдузоҳири Доӣ. Вақте Доӣ дар хусуси қонуни Аллоҳ ва қонуни башарӣ ҳарф мезанад, бояд донад, ки аввалан худи қонун чист? Ба ҷоҳили аз ҳавзаи илми воқеӣ дар канормонда маълум менамоем, ки қонун – ин робитаи доимӣ, устувор ва такрорёбанда байни ҳаводис ва ашёи ҳастист. Яъне, равобит ва муносиботе, ки хусусияти устуворро касб намуданд, ҳукми қонунро шомил мегарданд. Қуръони барои мардуми мусалмон ҳамчун қонун пазируфташуда робитаи байниҳамдигарии онҳо, муносибати онҳо ба Худо ва ҳаводиси ғайрро дар заминаи меъёрҳои иҷтимоӣ-фарҳангии қарни VII муайян менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, маҷмӯи меъёрҳои куллии сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангиест, ки дар заминаи хусусиятҳои инкишофи ҷомеа дар асри XXI аз тарафи мутахассисони соҳибтаҷриба мураттаб шудааст. Яъне, Абдузоҳири Доӣ агар сари худро ба ҳафтод санги хоро занад ҳам, ӯ муносибти ВМКБ-ро бо Маркази кишвар, хусусиёти Маҷлиси Олӣ, ҳукумати президентӣ ва амсоли онҳоро дар Қуръон ёфта наметавонад.
Аз ин рӯ, муқоисаи ин ду китоб аз тарафи Абдузоҳири Доӣ ба як амали шахси ҷоҳили аз илму маърифат дурмонда шабеҳ асту халос.
Илова ба ин, вақте Абдузоҳири Доӣ қуръонро қонуни илоҳӣ мегӯяду Конститутсияро қонуни башарӣ ва ба саркашӣ аз он даъват мекунад, пас, савол пайдо мешавад, ки ҳадисҳои пайғамбар магар қонунҳои башар маҳсуб намегарданд? Ояти 110 аз сураи «Каҳф» дар робита ба ин мавзуъ мегӯяд: «Бигӯ: ҷуз ин нест, ки ман мисли шумо одамиям…».
Далели дигар дар кашфи ҷаҳолати Доӣ дар ноогоҳӣ аз таърихи дини ислом ва ё бардошти нодуруст аз он ифода меёбад. Барои фаҳмиши дурусти матлаб бори дигар хотиррасон менамоем, ки қонун ин муайян намудани робитаи устувор байни ашё ва ҳаводис аст. Бо дарназардошти ин ҳақиқат ба Абдузоҳири Доӣ маълум менамоем, ки мундариҷаи сулҳи Ҳудайбия, ки байни Пайғамбари ислом ва мушрикини Макка баста шуда буду мушриконро Суҳайл ном шахс намояндагӣ мекард, худ моҳияти қонунро дорад. Ба ҳамин монанд муоҳадаҳои пайғамбар бо сарварони қабилаҳои мухталифи Мадина, ки Конститутсияи Мадина унвон гирифтаанд, ҳукми қонунро доштанд. Яъне, ин қонунҳо аз тарафи одамӣ таълиф шуда буданд. Магар ин қонунҳо, ки пайғамбар ба онҳо итоат менамуд, Тоғут буданд?
Боиси таассуфи бузург аст, ки эҳсоси аз худ уламотарошӣ ва худро кашшофи илм вонамуд кардан на танҳо дар вуҷуди ифротиёни динии бурунмарзӣ, балки дар қалби иддае аз ифротиёни кишвар низ ташаккул ёфтааст. Яке аз чунин ифротиёни беватан Абумуҳаммади Маданист. Номбурда дар шарҳи танҳо калимаи «Тавҳид» китобе бо номи «Омӯзиши «Ло илоҳа иллаллоҳ» навишта, чунин кашфи нестандарҷаҳон кардааст, ки тибқи он дар рӯи замин танҳо ӯ мусулмон асту халос. Ӯ дар рисолааш «Омӯзиши Ло илаҳа иллаллоҳ», саҳ. 45 менависад: «Имрӯз мушкили мардуми Осиёи Марказӣ ва нафақат ин минтақа, балки дигар манотиқҳои мусалмоннишин, ки даъвои мусалмонӣ мекунанд, ҳамин аст, ки ширкро ширк намедонанд ва амалро комилан тарк карда ва боз худро мусалмон мешуморанд». Мо мехоҳем ё намехоҳем, аз андешаи мазкури ҷоҳилона ва ифротии ӯ чунин маъно бармеояд, ки на танҳо мардуми Осиёи Марказӣ, балки дигар минтақаҳои мусалмоннишин (яъне, тамоми кишварҳои арабӣ ва ғайриараби мусалмон) дар асл мусалмон нестанд. Онҳо танҳо даъвои мусалмонӣ мекунанду худро мусалмон мешуморанд. Пас, дар рӯи замин танҳо ӯ - Абумуҳаммади Маданӣ мусулмон асту халос.
Хулоса, Абдузоҳири Доӣ ва пайравони ӯ, чун Абумуҳаммади Маданӣ, аз як тараф, ба хотири худро аҳли илм нишон додан, аз тарафи дигар, баҳри тавлиди нооромӣ ва бесарусомонӣ дар манотиқи мусулмоннишин ба ҳар гуна бидъатҳои бемантиқ ва ҷоҳилона даст зада, дини исломро дар назди ҷомеаи башарӣ манфур ба маъраз гузошта истодаанд. Барои ин ҷоҳилони хиёнатпеша ҳолати ҳузнангези имрӯзаи Афғонистон кофӣ нест. Онҳо тибқи нақшаи сарпарастони бурунмарзияшон амал намуда, тавлиди нооромипро дар дигар манотиқи мусулмоннишин ҳадафи хеш қарор додаанд.
Бо назардошти муносибати душманонаи иддае аз таблиғгарони ифротии дини ислом ҳар мусулмони фарҳангдӯст ва меҳанпарастро зарур аст, ки ба ин гуна макру найрангбозӣ ва гумроҳсозиҳои «мавлавиҳо» дода нашуда, сулҳу амнро дар кишвар чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Зеро ин динфурӯшони хиёнатпеша барои худ зиндагии хуб оростаанду боре зиндагии тоқатфарсои миллионҳо мардуми мусулмонро пеши назар намеоваранд, боз аз номи дини ислом ва таълимоти он гап мезананд. Набояд фаромӯш кард, ки дини ислом ҳамон вақт пурқудрат ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибобрӯ хоҳад гардид, ки агар пайравони он зиндагии орому осуда ва хушҳолона дошта бошанд.
Абдухалилзода Кароматулло