Дирӯз, 29 августи соли 2023 дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба роҳ мондани таблиғу ташвиқ ва ҷалби сокинони бешуғл аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати фаро гирифтан ба кор дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “НБО Роғун”, миёни сокинон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади сафарбар намудани сокинони бешуғл ба ҷойҳои кории холӣ дар НБО “Роғун” тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст, минбаъд низ тасмим гирифтааст, ки ташкил ва баргузории чунин аксия ва ярмаркаҳои ҷойҳои кории холиро бо фарогири аксияҳои тарғиботӣ, нашри эълонҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ва доир намудани корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинони бешуғл ба ҶСК НБО “Роғун” ба роҳ монад.
Аз саҳифаи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ