Донишмандон ифротро зидди васат таъриф намудаанд, зеро васатият ба маънии дурӣ аз ифрот ва тафрит мебошад, ба гунае, ки ифрот изофатар хостан аст, дар ҳоле, ки тафрит камтар аз он. Он чӣ ҳадди миёна ва баргузидаи ин ду бошад, адолат ва миёнаравӣ аст. Дар робита ба таърифи ифрот бояд гуфт, ки дар бештари фарҳангномаҳои арабӣ “ифрот” ба маънои аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ кардан, аз андоза берун баромадан. Бадиҳои ифрот ин аст, ки ба ҳалокат ва хатар наздиктар ва аз ҳимоят ва амният дуртар аст.
Вақте аз ифротгароии динӣ дар ним асри охир суҳбат мешавад, бояд зикр намуд, ки танҳо ангезаҳои динӣ сабаби шаклгирии ҷараёнҳои ифротгаро дар ҷомеа нест, зеро тибқи сайри таърихии ифротгароӣ ва навъҳои он маълум мегардад, ки омилҳои гуногуни дигар низ метавонанд боиси ташакули ҳаркатҳои ифротӣ шаванд. Ифротгароии муосир бештар як масъалаи сиёсӣ ва истихбортиест, ки ба иқтисод ва муборизаи абарқудратҳо вобаста аст.
Тибқи аксари сарчашмаҳо, ифротгарои динӣ нафарест, ки ҳангоми интихоби умури шаръӣ-ибодатӣ сахттарин ва душвортарини онро ихтиёр мекунад. Дар баробари ин мехоҳад онро бар дигарон низ таҳмил кунад. Аммо таҳмил, сахтгирӣ дар масъалаҳои динӣ бар дигарон аз нигоҳи худи дин амали нораво аст, зеро паёмбари ислом (с) чунин мефармояд: “Осон гиред ва сахтгирӣ накунед, мужда диҳед ва безор магардонед”. Чигунае дар ин ҳадис дида мешавад, паёмбар таҳмили сахтгирӣ бар дигаронро манъ намудааст ва мусалмононро ба риояи осонӣ бо дигарон дастур додааст. Пас, метавон гуфт, ки моҳият ва асли дини ислом бар осонӣ аст, на сахтиву хушунат.
Бо дарназардошти аҳком ва омӯзаҳои исломӣ асоси ин дин сабукӣ аст. Дастуроти ислом бо дарназардошти асли тадриҷи тарбиятӣ, риояи тоқати инсонӣ ва осонгирӣ танзим гардида аст, ки ҳеҷ гуна сахтию ифрот дар он ҷой надорад. Албатта сахтгирию зиёдаравӣ дар амалкарди шахсӣ ҳеҷ зараре надорад, ҳамон гунае, ки паёмбари ислом доим намозҳои инфиродии худро тулонӣ адо мекард, дар ҳоле ки намозҳои ҷамоатро кӯтоҳ анҷом медод.
Ифротиҳо на танҳо сахтиро бар худ раво медоранд, балки сахтиҳое, ки аслан дар дин набударо бар дигарон таҳмил мекунанд. Агар мутаваҷҷеҳ шаванд, ки рӯҳонӣ ё олиме кори сабук ва содаеро ихтиёр намудааст ва дигаронро ташвиқ ба амалкарди он менамояд, фавран он рӯҳонӣ ва ё олимро дар қафаси иттиҳом маҳбус мекунанд ва бо истифода аз сиришти тундравӣ ва ифротии хеш дар пеши роҳи он меистанд. Аз ин рӯ, яке аз нишонаҳо ва вижагии ифротгароӣ сахтгирӣ ва таҳмили машаққат мебошад, ки ин сахтгирӣ шомили мавқеиятҳои номусоиди замонӣ ва маконӣ гардида, миллатҳо ва нафарҳои алоҳидае, ки исломро ҳамчун дин пазируфтаанд, ба риояи усулҳои сахт маҷбур месозанд ва дар сурати кутоҳӣ онҳоро ба куфру фисқ муттаҳам месозанд.
Бояд зикр намуд, ки андешаҳои экстремистии Ибни Таймия, Муҳаммад Абдулваҳҳоб ва дигарон боис гаштанд, мусалмоне аз ҷониби як ифротӣ ба куфр ва фисқ муттаҳам шавад. Ибни Тайбия андешаеро ҷорӣ намуд, ки тибқи он имрӯз баъзе ҳизбу гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ бо ҳар баҳонае мусалмонеро ба куфр муттаҳам месозанд ва хуну ҷону моли ӯро ҳалол меҳисобанд.
Мо шоҳиди бисёр ҳолатҳое ҳастем, ки донишмандон ва рӯҳониёнеро, ки мардумро ба сабукӣ ва осонгирӣ даъват мекунанд, ифротиҳо онҳоро дар асососи андешаҳои экстремистии Ибни Таймия ва Муҳаммад Абдулваҳҳоб ба фисқ ва гуноҳ муттаҳам менамоянд. Ба таври мисол он нафаронеро, ки дар ҷомеаҳои ғайриисломӣ зиндагӣ мекунанд, ба хотири ҳамкориашон бо пайравони динҳои дигар ва сабукгирӣ дар дин, ифротиҳо онҳоро такфир мекунанд (кофир мехонанд).
Тундравию хушунат аз мавридҳо ҳастан, ки ифротиҳо онро василаи таҳмили фаъолиятҳои худ қарор додаанд.Ифротгароӣ як ҳолатест, ки барои эҷоди ваҳшат, ҷанг, ноамнӣ ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопок роҳандозӣ шудааст.
Рамазониён Аҳтам Бобосафар