Монографияи мазкур ба таҳқиқи яке аз мавуъҳои муҳим ва мубрами илми диншиносии муосир - арзишҳои дунявӣ дар ислом бахшида шудааст. Масъалаҳои моҳияти дунявият ва арзишҳои дунявӣ, мақоми он дар таърихи афкори фалсафии Ғарб ва таълимоти динҳои сомии тоисломӣ қисмати аввали монография маҳсуб меёбанд.
Қисмати асосии монографияро таҳқиқи воқеъбинонаи заминаҳои иҷтимоии пайдоиши арзишҳои дунявӣ дар ислом, мақоми арзишҳои дунявӣ дар Қуръон ҳамчун сарчашмаи таълимоти исломӣ ва амалияи исломӣ - ҳаёту фаъолияти пайғамбари ислом ва аъмоли дунявигароёнаи баъзе хулафои ислом ташкил менамояд. Идомаи мантиқии қисмати мазкур таҳқиқи равандҳои дунявигароӣ дар иддае аз кишварҳои мусулмоннишин маҳсуб меёбад.
Рушди равандҳои модернгароӣ дар ислом ҳамчун яке аз шаклҳои зуҳури дунявият ва ҳамзистии фарҳанги дунявӣ ва динӣ дар кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба рисола ҳусни анҷом мебахшад.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ