Мақола

НИКОҲ – ОИНИ СУННАТИИ ТОҶИКОН

Тибқи ривоятҳо аз замоне, ки одам офарида шуд, ба ў барои бунёди оила амр карда шуд ва бастани никоҳ аз шартҳои асосии он муайян гардид. Бастани никоҳ дар ҳама халқу қавмиятҳо бо анъанаҳои гуногун дида мешавад, ки мақсад аз он бунёди оила ва устувории ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин суннат ҳам дар аҳкоми осмонӣ ва ҳам дар омӯзаҳои башарӣ бо хусусиятҳои фарқкунандаи худ ҷой дорад. Аз ҷумла, дар сарчашмаҳои исломӣ баёни бастани никоҳ ва шартҳои он ба таври мушаххас асоси худро ёфтааст.

«ҲАҚИҚАТИ ТОҶИКИСТОН» ДАР НИЗОИ МАРЗӢ

Берун аз ҳудуди кунунии Тоҷикистон қарор доштани як қисми минтақаҳои тоҷикнишин ноадолатии бузурге ҳаст, ки ҳангоми тақсимоти миллӣ-ҳудудии ибтидои асри ХХ миллати тоҷик бо он рӯ ба рӯ шудааст. Дар баробари ин, то ҳол ҳамсоядавлати мо – Қирғизистондар талоши он аст, ки қитъаҳоизаминҳои дар даврони Шӯравӣ ва пасошӯравӣ, бидуни ягон ҳуҷҷати расмӣ соҳибшуда ва ғасбнамударо ба соҳиби қонунӣ – Тоҷикистон барнагардонад.

Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ва роҳҳои пешгирии онҳо

Дар замони муосир, Тоҷикистон ба арсаи ҷаҳонӣ, ба низоми ташаккули муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам ниҳода, соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти худро соҳиб гардид ва расман аз ҷониби тамоми давлатҳое, ки дар арсаи байналхалқӣ нақшу нуфӯз доранд, эътироф ва шинохта шудааст.

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ ва  терроризм мебошанд.  Зеро зуҳуроти мазкур ба  оқибатҳои нохуш, яъне таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ва ғайраҳо оварда мерасонад. 

ТЕРРОРИЗМ ҲАМЧУН ПАДИДА ТАҲДИДИ УМУМИҶАҲОНӢ ДОРАД

Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризми байналмилалӣ мебошад.

Истилоҳи террор аз вожаи лотини “terror” баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад.

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БО ҲАМ АЛОҚАИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАНД (ҚИСМИ ДУЮМ)

Агар хоҳем матлаби мазкурро ба тарзи дигар баён созем, оқибати экстремизм ин терроризм аст.

То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд.

Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Ду тарҷумаи форсии китоби «Саводу-л-аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ

Имом Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад Исмоил ибни Иброҳим ибни Зайд ал-Ҳаким ас-Самарқандӣ (ваф. ваф. 342 ҳ./953м.) фақеҳи машҳури садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ (а.10м.) - аҳди Сомониён мебошад, ки осору таълимоташ дар ташаккули мактаби эътиқодӣ ва фиқҳии ҳанафӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон нақш ва таъсири бузург доштааст. Аз ҷумлаи осори Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ китоби «Ас-саводу-л-аъзам» аст, ва яке аз сарчашмаҳои кўҳани мардуми Мовароуннаҳру Хуросон дар баёни ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат маҳсуб мешавад.

ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО!

Васоити ахбори оммаи ҷониби муқобил (Қирғизистон) низоъро якҷониба инъикос мекунанд. Хусусан дар соатҳои аввали оғози низоъҳо. Нашрияҳои маҳаллӣ дар мақолаҳои худ андешаҳои ҷониби мухолифро намеоранд, барои ба даст овардани шарҳу назароти сокинон ё мансабдорони кишвари ҳамсоя талош намекунанд.

Дар ҳоли ҳозир раванди баррасии масъалаҳои сарҳадӣ байни ду кишвар, аз ҷумла масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатӣ идома дорад, ки ҳалли он ба таҳкиму таъмиқи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон такони тоза хоҳад бахшид.

ДАВЛАТДОРӢ. АЗ ОЛИ СОМОН ТО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар давраи тақдирсози ҳаёти кишвар ба майдони сиёсат қадам ниҳода, Тоҷикистонро ба як мамлакати амн, пешрафта, дар миқёси ҷаҳон ташаббускори масъалаҳои глобалии сулҳу субот, ҳифзи муҳити зисти оламиён ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин сохтани кулли башар табдил дод. 
Ходими бузурги сиёсиву давлатии сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои воқеии тоҷикони дунёро ба айсберг    метавон ташбеҳ дод, ки дар паҳнои уқёнус шино  дораду бо шаҳомати хеш бинандаро ба худ мафтун месозад.

Страницы

Яндекс.Метрика