Мақола

Қавмро андешаҳо бояд яке! (Ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ)

Ваҳдат - сарҷамъию якдилӣ, итиҳоду ягонагӣ, дӯстию ҳамбастагист, ки оромию осудагии халқ аз он вобастааст. Воқеан ваҳдат неъмат аст. Истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагист, ки пояҳои давлати миллӣ устувор мешаванд ва миллат ба пешравию тараққиёт ноил мегардад.

Муборизаи рӯҳониёни суннатӣ бо кибертерроризм

Солҳои пеш дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рӯҳониён нуфӯз доштанд, мисли Исмоил Пирмуҳаммадзода дар Ҳисор, Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар минтақаи Рашт, Алломаи Регарӣ дар Турсунзода ва дигарон. Аммо имрӯзҳо ингуна нест, ҳар рӯҳоние дар фазои интернетӣ фаъол аст, ӯ машҳур аст. Баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯҳониёни суннатӣ низ ба чашм мерасанд, аммо на ба таври зарурӣ ва дилхоҳ.

Ҳаҷ мактаби тарбияи ахлоқӣ

Адён ва таммадуни шинохташуда аз дер боз маросиме ба унвони зиёрат доштанд, ба ин маъно, ки пайравони он адён барои вафо кардан ба назр ва аҳди хеш, сипосгузорӣ ва ташаккур аз Худо ва ё худоён ё арвоҳи муқаддас, ки ба он эътикод доштанд, бо он амал баракот талабида; ба маконҳое, ки аз назари онҳо муқаддас буд, мерафтанд ва умуман барои онон ҳадя ва қурбонӣ мебурданд.

МЕҲРПАРАСТӢ – ЯКЕ АЗ ОЙИНҲОИ ТОИСЛОМИИ МАРДУМОНИ ОРИЁИТАБОР ВА ТАЪСИРИ ОН БА ДИНҲОИ ҶАҲОНӢ

Халқҳои эронизабон дар ибтидо нерӯҳои табиӣ монанди офтоб, моҳ, ситорагон, хок, оташ, об ва бодро мепарастидаанд. Меҳр худои рӯшноӣ, худои ҳақиқат, танзимкунандаи корҳои олам, ҳомии мазлумон, худои ҷангу набардҳо будааст, ки тамоми қабоил ва тавоифи ориёиҳои бостонӣ дар ҳар ҷо ва ҳар кишваре ӯро мешинохтанд ва месутуданд. Яке аз сурудҳои “Яшт”- дар Хурд Авесто Митраро монанди худое, ки подшоҳон қабл аз оғози ҷанг назди ӯ намоз мебурдаанд, ёд кардааст. Номи ин Худо дар китоби муқаддаси ҳиндувон – Ригведа низ зиёд омадааст. 

Марҳилаҳои таърихии мазҳаби ҳанафӣ аз назари иҷтиҳод

Мутахассисону таҳлилгарони соҳа маҷмӯи масъалаҳои гуногуни таърихии мазҳабро аз назари иҷтиҳод ба се давраи муҳим ҷудо месозанд.

1). Давраи таъсис ва бунёдгузории мазҳаб: 

Он аз оғози фаъолиятҳои илмӣ ва фиқҳии худи Имом Абуҳанифа (ра) шуруъ гардида, даврони фаъолиятҳои илмии чаҳор шогирди бузургашро то вафоти Ҳасан ибни Зиёд (204ҳ.мувофиқ ба соли 819 - 820 милодӣ фаро мегирад. Имом ва чаҳор шогирди бузургаш : 

1.Яқуб ибни Иброҳим (Абуюсуф), 

2.Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, 

3.Зуфар ибни Ҳузайл ва, 

Эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ бақои давлату миллат дар асри ҷаҳонишавӣ

 

“Танҳо дар заминаи пойдории истиқлолияти давлатӣ, тавсеаи тафаккури дунявӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳамчун унсури фарҳанги миллӣ таблиғ кардани дини мубини ислом мо метавонем халқи худро аз таъсири афкори бегона эмин нигоҳ дорем”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Анъанаҳои динии пеш аз исломии тоҷикон

Халқҳои эронитабор аз нигоҳи динофаринӣ ба зумраи нодиртарин нажодҳо ва халқиятҳои ҷаҳон тааллуқ доранд. Чи тавре, ки гуфтан мумкин аст, ки дар ҳавзаи тамаддуни ҳиндуориёӣ тоҷикон ва эрониён дар таърихи тамаддуни башарӣ панҷ дини маъруф: меҳрпарастӣ, зарвония, зардуштия, монавия ва маздакияро арза намудаанд. Аз динҳои эронӣ ду дин: меҳрпарастӣ ва монавия дар таърихи тамаддуни бостон ба зумраи динҳои берун аз марзу буми Эрони Бузург интишор ёфта, аз ин нигоҳ, ба қатори динҳои ҷаҳонӣ ворид мешаванд.

Дин ва сиёсат: қутбҳои ҳамдигарро истиснокунанда

 Идома:

 

Эҳтимол гурӯҳҳои зикршуда барои дуруст шуморидани аъмоли хеш иддао намоянд, ки мехоҳанд тавассути сиёсат ҳадафҳои динии худро татбиқ намоянд. Яъне, мехоҳанд тавассути сиёсат дини исломро нерӯ бахшанд ё онро бештар интишор намоянд. Дар чунин ҳолат  аъмоли мазкури онҳо ба ҳукми оятҳои зерини Қуръон мухолифат менамоянд: «Ҳар киро, ки Худо роҳ намояд, ҳамон кас роҳёбанда аст; ва касонеро, ки гумроҳ созад, пас онҳо  худ зиёнкоронанд» (Аъроф:178).

Страницы

Яндекс.Метрика