Мақола

Проблема исламского фактора в политической жизни

Проблема исламского фактора в политической жизни  в мире в целом очень сложна и противоречива. Обусловлено это, прежде всего, тем, что в последние годы радикальные представители ислама смогли не только распространить свое влияние на определенную часть мусульман в разных странах, но и захватить значительную часть арабских государств и заявить о создании Исламского государства Ирака и Леванта (ИГИЛ), на территории которого они на практике демонстрируют свой вариант реализации ценностей и норм ислама времен пророка Мухаммеда.

Рӯза ба поён расиду омад навъид

Иди саиди фитр яке аз идҳои бузург дар суннати исломӣ аст, ки дар миёни мусалмонон аз ҷойгоҳ ва ҳурмати фавқулода бархурдор аст. Дар бораи он аҳодис ва ривоятҳои бешуморе ворид шудааст. Дар ин рӯз рӯзадрон, ки моҳи мубораки рамазонро ба рӯзадорӣ гузаронида, аз хурдану ошмидан ва бисёр корҳои мубоҳи дигар, ки ба навъе ботилкунандаи рӯза ба ҳисоб меояд, имтиноъ варзидаанд, аз Худованд подоши некӯияшонро мехоҳанд. 

Хайру эҳсон анъанаи хоси ҷашнҳои миллӣ ва динии тоҷикон

Пас аз сипари шудани моҳи шарифи Рамазон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ Иди саиди Фитр қайд карда мешавад. Халқи тоҷик, ки аз қадимулайём бо доштани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва додани хайру садақот ҳамчун рукни асосии фазилати инсонӣ умр ба сар бурдаанд, дар охири моҳи шарифи Рамазон низ бо додани садақа ва фитри рӯза ба шахсони камбағалу мӯҳтоҷон даст ба кор мезананд.
Дар Тоҷикистон иди саиди Фитр маъмулан бо идгардаки кўдакон оѓоз мегардад, ки ин амал боиси шодиву сурури кўдакон мегардад. Агар ба анъанаҳои миллии халқамон нигарем, чунин амал дар айёми Наврўз низ ба назар мерасад, ки хоси миллати тоҷик аст. Ҳамчунин дар ин рўз мардум ба аёдати пиронсолон, беморон, мусибатдорон ва ѓайра мераванд. Анъанаи идгардаки кўдакон бештар дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказӣ маъмул аст.
Аз фазилати анъанаҳои марбут ба моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр ин аст, ки онҳо барои ваҳдату ҳамгироии қишрҳо ва табақаҳои гуногуни ҷомеа ва таҳкими ҳувияти милливу иҷтимоӣ мусоидат мекунанд. Афроди савобҷӯ кушиш мекунанд, ки ҳарчи бештар корҳои савобро анҷом диҳанд, ятимону мӯҳтоҷонро дастгирӣ кунанд. Албатта анҷом додани корҳои хайру савоб ва накўкорӣ ҳам дар омўзаҳои динӣ ва ҳам дар баёнияҳои башарӣ аз асоситарин фазилати инсонӣ зикр гардида, инсонҳо бо анҷом додани чунин аъмол натанҳо кори савоб, балки дар пешрафти ҷомеаи башарӣ ва мустаҳкам кардани пояҳои инсондўстӣ, ваҳдату ягонагӣ саҳм мегузоранд.
Ҳар сол дар ҷумҳурӣ хайру эҳсонкориҳо махсусан дар арафаи таҷлили Наврўз, идҳои саиди Фитр ва Қурбон хеле ривоҷ меёбанд.
Ҳар кӣ ўро хайр одат мешавад,
Бегумон умраш зиёдат мешавад.
Он кӣ некӣ мекунад дар ҳаққи нос ,
Беҳтарини мардумон ўро шинос!
Садуллоев А. – мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Мухтасар дар бораи таърихи густариш ва вазъи кунунии ислом дар Муғулистон

Тибқи маълумотҳои оморӣ, тақрибан аз 5 то 10 фоизи аҳолии беш аз  3-миллионнафараи Муғулистонро мусулмонҳо ташкил медиҳанд, ки асосан дар  вилояти ғарбии Боён-Улгий (88,7 фоизи ахолии ) ва вилояти Ховд (11,5 фоизи ахолии вилоят) зиндагӣ мекунанд. Ғайр аз ин,  ҷамоатҳои хурди мусулмонон дар баъзе шаҳрҳои дигари Муғулистон низ вуҷуд доранд. 

Таҳаммулпазирӣ дар адёни ғайр

Дар таърихи фарҳанги башарӣ ҳар миллат бо фарҳанги динии хоси худ ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.

ГЕГЕЛ ДАР БОРАИ МУНОСИБАТИ ДИН ВА ДАВЛАТ

Дар замони муосир, ки дар кишварҳои Шарқи исломӣ зиддияти байни мазҳабҳои таҳаммулгарои анъанавӣ ва ҳаракатҳои ифротгарои динӣ  қувват гирифта, ҳаракатҳои ифротгаро бо ҳар тарзу усул,  ба таври ошкоро ё пинҳонӣ, бо мақомот ва рӯҳониёти расмии давлатҳои  дунявӣ мухолифат карда, онҳоро ҳукм ба такфир ва дуршавӣ аз шариат мекунанд, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези пешгирӣ ва рафъи мафкураи ифротгароии динӣ ва паёмадҳои номатлуби он хеле муҳим ба назар мерасад.

РАМАЗОН - МОҲИ ХАЙРУ САХОВАТ

Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он барои ҳидояти мардум ба роҳи рост Қуръон фиристода шуд. Ҳамчунин ин моҳро нисбат ба дигар моҳҳо барои бандагонаш афзалтар шуморида, дарҳои биҳишт ва раҳмати Худованд ба рӯи инсоният кушода гардида, баракоти бепоёни ӯ бар вай фуруд омадааст.

Тибби Ғарб ва рӯзадорӣ

Тайи ним қарни гузашта таҳқиқоти зиёд ва гуногунабъоде аз сӯи марказҳои беҳдоштӣ ва клиникии баъзе кишварҳо дар бораи таъсири рӯза ва имсок ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии инсон сурат гирифта ва баъзе донишмандони ғарбӣ онро ҳам ба ҳайси тибби беҳдоштӣ тавсия ва ҳам ба унвони усули дармонӣ барои анвое аз бемориҳо ба кор бурдаанд. Дар кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) низ натавонистаанд аз осор ва фавоиди беҳдоштӣ ва равонии имсок ва гуруснагӣ сарфи назар намоянд, балки Вазорати тандурустии СССР соли 1952 ба таври расмӣ онро ба унвони яке аз усулҳои дармонӣ таъйид намуд.

Страницы

Яндекс.Метрика