Идома:
Эҳтимол гурӯҳҳои зикршуда барои дуруст шуморидани аъмоли хеш иддао намоянд, ки мехоҳанд тавассути сиёсат ҳадафҳои динии худро татбиқ намоянд. Яъне, мехоҳанд тавассути сиёсат дини исломро нерӯ бахшанд ё онро бештар интишор намоянд. Дар чунин ҳолат аъмоли мазкури онҳо ба ҳукми оятҳои зерини Қуръон мухолифат менамоянд: «Ҳар киро, ки Худо роҳ намояд, ҳамон кас роҳёбанда аст; ва касонеро, ки гумроҳ созад, пас онҳо худ зиёнкоронанд» (Аъроф:178).
Доир ба саволи «падидаи нав будан ва ё дар тӯли таърих ҷой доштани ҳамоҳангсозии дин ва сиёсат» мехоҳем ёдовар шавем, ки агарчанде падидаи мазкур дар тӯли таърих қариб дар ҳамаи динҳо ҷой дошт, лекин оқибатҳои он барои башар хуб набуданд. Дар хусуси оғози падидаи мазкур муҳаққиқон андешаҳои гуногунро дунболагирӣ менамоянд. Гурӯҳе бар он назаранд, ки дини ислом аз оғоз сиёсӣ буд. Гурӯҳи дигарро андеша чунин аст, ки раванди мазкур дар оғози қарни 20 ҳамчун василаи муқовимат ба сиёсати мустамликадории абарқудратҳо оғоз гардид.
Мусаллам аст, ки ҳар ду нигоҳ далелеро ба асос мегиранд. Тибқи андешаи гурӯҳи якум ислом аз оғоз бо сиёсат махлут буд. Вай тавассути сиёсат, пеш аз ҳама тактикаи хос: дар оғоз бо фаҳмондадиҳӣ, гузаштҳо, муросо ва баъдан бо зурӣ интишор ёфтааст. Ҳамчун оқибати ба сиёсат махлут гардонии дини ислом бояд таъкид намуд, ки вай арабҳоро аз ҷаҳолат раҳо намуд, онҳоро муттаҳид намуда, соҳиби давлат гардонд ва ахиран дар замони худ ба онҳо нуфузи ҷаҳонӣ бахшид. Ҳадафи сиёсӣ доштани дини ислом аллакай дар оғоз аз ривояте, ки онро ҳам Табарӣ[1,790-791] зикр намудааст, ва ҳамчунин Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал дар китобаш “Зиндагонии Муҳаммад”[2,170] (Китоби мазкур дар рӯҳияи ҳифзи шадид ва муболиғаомези арзишҳои дини ислом навишта шудааст –А.К.) овардааст, равшан маълум мегардад: “Ибни Аббос гӯяд: Вақте Абутолиб бемор шуд, гурӯҳе аз қурайшиён пеши вай шуданд - ва Абуҷаҳл низ аз он ҷумла буд - ва гуфтанд: «бародарзодаат худоёни моро носазо мегӯяд ва чунину чунон мекунад ва фулону баҳмон мегӯяд, ӯро аз ин кор боздор!»
Абутолиб паямбарро бихост ва чун ӯ биёмад, миёни Абутолиб ва қавм ба андозаи нишастани як кас ҷой буд ва Абуҷаҳл бим кард, ки агар паямбар паҳлуи Абутолиб нишинад, ӯ риққат кунад ва барҷасту он ҷо нишаст ва паямбари Худо наздики амуи хеш ҷое барои нишастан наёфт ва наздики дар нишаст.
Абутолиб бад-ӯ гуфт:
- Бародарзода, қавмат аз ту шикоят доранд, ки носазои худоёни онҳо мегӯӣ.
Ва қурайшиён бисёр сухан карданд ва паямбар сухан карду гуфт:
- Мехоҳам калимае бигӯянд, ки арабон мутеъашон шаванд ва аҷамон боҷгузорашон бошанд.
Ин сухан дар қавм асар кард ва гуфтанд:
- Даҳ калима гӯем. Он калима чист?
Паямбар гуфт:
-Бигӯед: «Ло илоҳа илла-л-Лоҳ».
Ва қавм хашмгин бархостанду гуфтанд:
- Мехоҳад ҳамаи худоёнро яке кунад».
Аз таҳлили ривояти мазкур ба осонӣ чунин бардошт ҳосил мегардад, ки ҳадафи Муҳаммад аз интишори ислом тобеъ сохтану боҷдеҳ гардонидани арабу Аҷам ба қавми қурайш аст, на чизи дигар.
Агарчанде дар ҳадиси мазкур бевосита ҳадафи ҳокимият доштани пайғамбар пайхас карда намешавад, лекин ба осонӣ дарк карда мешавад, ки вай ҳисси баланди миллатдӯстӣ нишон дода, мехоҳад бо истифода аз дин аз миллати худ як умумияти сиёсӣ-динии муташаккил созмон диҳад. Яъне, дар ҳадиси мазкур ҳадафи сиёсӣ асосӣ ва муайянкунанда буда, ҳадафи динӣ тобеъ, думдараҷа ва васила қарор гирифтааст. Воқеан ҳам вақте муҳит муҳити динӣ буд, дин ягона роҳи амалӣ намудани ҳадафи сиёсӣ маҳсуб меёфт.
Дар баробари ин, ба сифати далели бо сиёсат махлутгардонии дини ислом метавон оқибатҳои манфӣ ва хатарбори раванди мазкурро зикр намуд, ки то ба имрӯз заҳри он барои тамоми олами ислом сахт эҳсос мегардад. Аз ҷумла:
- ҳамин сиёсат буд, ки мусулмононро ба ду гурӯҳи душман – суннӣ ва шиа тақсим намуд;
-ҳамин сиёсат буд, ки дар байни саҳобаҳо тухми душманию нифоқ кошт;
-ҳамин сиёсат буд, ки дар байни қавмҳои як қабила – аббосиҳою умавиҳо куштори даҳшатнок ба вуҷуд овард;
-ҳамин сиёсат буд, ки динро ба василаи расидан ба аҳдофи сиёсӣ мубаддал сохт;
-ҳамин сиёсат буд, ки диният танҳо дар зоҳир арзиши марказӣ ва муайянкунанда арзёбӣ гардида, лекин дар ҳақиқат танҳо дар ҳошия қарор гирифт.
-ахиран ҳамин сиёсат аст, ки дин унсури асосӣ ва муайянкунандаи ҳастии худ- тарс аз Худоро гум карда, моҳиятан чун буқаламун ба ҳар муҳит мутобиқ шуда истодааст.
Хулоса: бо ҳам махлут гардонидани дин ва сиёсат на ба манфиати дин аст ва на ба манфиати аҳли башар. Ба манфиати дин набудани падидаи мазкур дар он ифода меёбад, ки диният аз лиҳози моҳияти худ заиф гардида, бозичаи сиёсат қарор мегирад. Дар он ҷанбаи аз ҳама муҳим ва зарурӣ – ахлоқ ноайён хоҳад гардид. Ба манфиати аҳли башар набудани падидаи мазкур маҳз дар муҷиби куштору бархӯрдҳои қавмию мазҳабӣ ва хисороти бузурги молию ҷонӣ гардидани падидаи зикршуда ва табиати вуҳушро касб намудани инсон ифода меёбад. Ҷанги Сиффин 70 000 кушта ба миён гузошт ва аббосиҳо баъд аз ба сари қудрат омадан умавиҳои дафншударо аз қабр берун карда, латукӯб намудаанд. Дар Ҳиндустони қадим браҳмании ифротӣ Пусямитра, ки сарлашкар буд, шоҳ Брихадратро кушта, ба сари қудрат меояд ва 80 000 маъбадро вайрон намуда, барои қатли як роҳиби буддоӣ 100 тангаи тиллоӣ тӯҳфа додааст. Чунин намунаҳо дар таърихи башар хеле зиёданд ва намунаҳои овардашуда бар он далолат менамоянд, ки сиёсисозии дин амали номатлуб буда, хусусияти ҳидояткунандагии динро ҳазф мегардонад.
Рӯёхати адабиёти истифодашуда:
1.Абуҷаъфар Муҳаммад Ҷарири Табарӣ. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. (Иборат аз 16 ҷилд дар 8 китоб). Мутарҷим Абулқосими Поянда. Китоби 2, иборат аз ҷилдҳои 3,4. Душанбе – 2014.
2. Мавлавӣ Абдуллоҳ Абдулазизи Ҳарталӣ. Салафиҳо, ваҳҳобиҳо ва хавориҷро беҳтар бишносем.Тарҷумаи Ҷаъфари Парвинӣ. Душанбе – 2008.
3.Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Зиндагонии Мухаммад (с), ҷилдҳои 1-2 ((нашри сеюм). Тарҷумаи Абулқосими Поянда. –Душанбе: Руссукая литература, 2018.
4. Онсӯи сиёсат. (Маҷмӯаи суханрониҳо ва баёнияҳои устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ), интишороти кумитаи фарҳанги наҳзати исломӣ, чопи аввал, ҷилди 1, соли 1375.
5.Қуръони карим. Матни асл ва тарҷумаи маъноҳои он ба забони тоҷикӣ. Душанбе, «Эр-граф», 2011.
6.G.P. Gauba. An introduction to political theory. 7th edition Thoroughly Revised. India. Al-Aziz Book Binding House, Sahibabad (U.R.).2014. р.323.
7.Ru.wikipedia.org/wiki/Макиавелли _Николло
Абдухалилзода К.А.