Китоби «Донишномаи илми бадеъ» аз чоп баромад

Таҳқиқ ва таҳлили афкори адабиётшиносии марҳилаи классикӣ собит месозад, ки ин давра оид ба илмҳои арӯзу қофияву бадеъ ва усули таълими онҳо аз ҷониби муаллифони соҳа асарҳои зиёде таълиф шудааст. Аксари муҳаққикон бар ин ақидаанд, ки аз байни муаллифони китобҳои доир ба илми бадеъ муаллифи «Тарҷумон-ул-
балоға» Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ шояд нахустин донишманде бошад, ки
каломи бадеъи форсӣ-тоҷикӣ, хусусиятҳои санъатҳои бадеъӣ ва воситаҳои дигари ҳусни каломро таҳқиқ ва таҳлил кардааст.

Баромади Комиссияи ҷамъиятии Маркази исломшиносӣ дар Радиои “ Фарҳанг ”

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” 13.12.2023

13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои наву замонавии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”-ро, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароиту имконоти бинои нав шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

МАФКУРАИ СОЛИМИ МИЛЛӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ҚИСМИ II

Дар фазои сиёсию ҳуқуқии халқи тоҷик суиистифодаи арзишҳои динӣ ва махлутсозии он бо сиёсат ва муборизаҳои сиёисозӣ илова бар тазоди соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатӣ таҷрибаи талх дорад. Ин таҳдид то ҳанӯз дар мувофиқат бо сатҳи пасти шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии баъзе афроди ҷомеа аз рӯзномаи мафкураи сиёсии иддае аз ҳангоматалабон дур нашудааст. Аз ин хотир, моро зарур аст, ба безараргардонии ҷавҳари нерубахши ин суиистифодабарӣ, ки ба манфиати миллат ва давлат нест, чораандешӣ намоем. Ҷавҳар ва маҳаки ин ҳамоиши маънавӣ ва фикрӣ таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмист.

Назарияҳо оид ба мафҳуми давлати дунявӣ

Маълум аст, ки Иттиҳоди Шуравӣ идеологияеро роҳандозӣ намуд, ки муносибати шаҳрвандонро бо дин маҳдуд мекард. Аз ин хотир,  дар ҷомеаи пасошӯравии Тоҷикистон зарурат ба ташаккули низоми нави давлатдорие пеш омад, ки муносибати эътиқодии мардумро ба таври мусолиҳатомез ҳал намояд ва тақвиятдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, озодии виҷдон дар ҷомеа бошад. 

БАРХУРДИ ТАФАККУРИ ҶАВОНОН БО ИДЕОЛОГИЯИ БЕГОНА

Тафаккури миллӣ асос ва зербинои таркибии тафаккури давлатӣ буда, дар байни аҳолӣ ба вижа қишри ҷавонони кишвар бояд тарғибу ташвиқ карда шавад. Тафаккури миллӣ тафаккурест, ки ба рушди шахсияти ҷавонон, созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими суботу оромӣ ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
 

Иштирок дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 08.12.2023

8 декабр дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳакиме аз Самарқанд

Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ Исҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исмоил  ибни Иброҳим ибни Зайд мебошад (с.в.342\953м.).  Аз мазмуни ахбори сарчашмаҳо чунин бар меояд, ки Абул-Қосим дар Самарқанд таваллуд шуда, айёми кўдакию таълимоти ибтидоиро дар зодгоҳаш фаро гирифтааст.Сипас ў барои идомаи таҳсил ба Балх омада, дар онҷо ба шогирдии фақеҳ ва орифи бузург Абўбакр ал-Варроқ ат-Тирмизӣ пазируфта мешавад ва аз ў фиқҳи ҳанафӣ ва тариқат меомўзад. Ҳангоми омўзиши улуми нақлӣ ва ақлӣ вай дар риштаҳои ақида, фиқҳ ва тафсири Қуръон муваффақ мегардад.

Страницы

Яндекс.Метрика