Назарияҳо оид ба мафҳуми давлати дунявӣ

Маълум аст, ки Иттиҳоди Шуравӣ идеологияеро роҳандозӣ намуд, ки муносибати шаҳрвандонро бо дин маҳдуд мекард. Аз ин хотир,  дар ҷомеаи пасошӯравии Тоҷикистон зарурат ба ташаккули низоми нави давлатдорие пеш омад, ки муносибати эътиқодии мардумро ба таври мусолиҳатомез ҳал намояд ва тақвиятдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, озодии виҷдон дар ҷомеа бошад. 
Агар аз нигоҳи илмӣ гирем дар муносибат ба дин маъмулан се шакли бунёдии давлатро муайян намудаанд: 1) давлати теократӣ; 2) давлати клерикалӣ (динбунёд); 3) давлати дунявӣ.  Ҳар кадоме аз ин шаклҳои давлатдорӣ дар фалсафа ва илм таҳлилу баррасӣ ва таъриф шудаанд.
Дар маҷму шакли давлатдории теократӣ  ба он далолат мекунад, ки  ҳокимияти давлатӣ пурра, мутлақан ба дин, масҷид ё калисо таалуқ дошта, аз он вобаста аст.
Ё худ  давлати клерикалӣ   дар  улуми ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ чунин таъриф дода шудааст, ки шакли ҳокимияти давлатие мебошад, ки  дар он дин ба қонун такя намуда, тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатиро идора мекунад ва дар чунин давлат ягон дин ё мазҳаб ҳамчун таълимоти афзалиятдошта ё дини расмӣ ё давлатӣ, одатан дар конститутсияи ин давлат эълон карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки олимони соҳа ва сиёсатмадорон ба  ҳайси намунаи чунин давлат як қатор давлатҳои Шарқи Наздикро мисол меоранд.
Ҳамин тавр баррасиҳои фалсафию  илмӣ муайян кардаанд, ки дар тафовут аз давлатҳои теократӣ ва клерикалӣ давлати дунявӣ чунин давлате мебошад, ки дар сохтори он ҳокимияти давлатӣ ва дин аз ҳамдигар ҷудо буда, он ба воситаи меъёрҳои гражданӣ идора карда мешавад, на меъёрҳои динӣ ва қарорҳои ниҳодҳои давлатӣ асосноккунии динӣ дошта наметавонанд. Намунаи чунин давлат аксарияти кулли давлатҳои муосири дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи муносибати ҳокимияти расмӣ ба дин давлати дунявӣ эътироф гардидааст. Вақте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро эълон мекунад, дар моддаи якуми конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун «давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» эълон намуд, ки кафолатдиҳандаи амнияти ҷамъиятиву давлатӣ баромад намоянд.
Давлат ташаккулдиҳандаи тамоми муносибату фаъолияти одамон ва тамоми таркиботи институтсионалии иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ эътироф мегардад. Давлати дунявӣ навъи нав ва муосири давлатест, ки дар он арзишҳои реаливу ратсионалӣ тавлид ва бунёд мегарданд. Давлати дунявӣ ҷомеаро ба сӯи тамаддуни нав ва рушди устувор роҳнамоӣ мекунад. Дар давлати дунявӣ системаи сиёсӣ дар асоси арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёдӣ ташаккул ва инкишоф меёбад. Дар давлати дунявӣ имконияти баробари иштирок дар саҳнаи сиёсӣ ва раванду ҳодисаҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа пайдо мегардад. Давлати дунявӣ давлатест, ки дар он ягон дин ба ҳайси дини расмӣ, давлатӣ ё ҳамчун дини бартаридошта дониста намешавад.
 
Сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир  н.и.ф., дотсент Баҳромбеков В.А.  
 
 
Яндекс.Метрика