Китоби «Донишномаи илми бадеъ» аз чоп баромад

Таҳқиқ ва таҳлили афкори адабиётшиносии марҳилаи классикӣ собит месозад, ки ин давра оид ба илмҳои арӯзу қофияву бадеъ ва усули таълими онҳо аз ҷониби муаллифони соҳа асарҳои зиёде таълиф шудааст. Аксари муҳаққикон бар ин ақидаанд, ки аз байни муаллифони китобҳои доир ба илми бадеъ муаллифи «Тарҷумон-ул-
балоға» Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ шояд нахустин донишманде бошад, ки
каломи бадеъи форсӣ-тоҷикӣ, хусусиятҳои санъатҳои бадеъӣ ва воситаҳои дигари ҳусни каломро таҳқиқ ва таҳлил кардааст.

Дар асри 12 Рашиди Ватвот барои такмили санъатҳои бадеъии «Тарҷумон-ул-балоға» китоби «Ҳадоиқ-ус-сеҳр»-ро навишт.

Таълифи китоби «Ал-муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ ва китоби «Меъёр-ул-ашъор»-и Насируддини Тӯсӣ низ дар асри 13 барои илму фарҳанги мардумони эронинажод
Ҳодисаи нодир буд.

Таълифи «Эъҷози Хусравӣ» («Расоил-ул-эъҷоз») дар асри 14 дар инкишофи илми бадеъ инқилоби адабиро ба вуҷуд оварда буд.

Асри 15 давраи нашъунамои таълифи китобҳои илми бадеъ шуморида мешавад. «Бадоеъ-ул-афкор»-и Ҳусайн Воъизи Кошифӣ, «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Атоуллоҳи Ҳусайнйёӣ, «Ҷамъ мухтасар»-и Ваҳиди Табрезӣ дар ҳамон давра таълиф шудаанд.

«Донишномаи илми бадеъ» ҳамчун воситаи таълим барои донишҷӯён,
аҳли адаб ва дӯстдорони шеъру шоирӣ дар омӯзиши осори илмию адабӣ аз аҳамият холӣ нест.

Аз саҳифаи Саидҷон Амонов

Яндекс.Метрика