Тафаккури миллӣ асос ва зербинои таркибии тафаккури давлатӣ буда, дар байни аҳолӣ ба вижа қишри ҷавонони кишвар бояд тарғибу ташвиқ карда шавад. Тафаккури миллӣ тафаккурест, ки ба рушди шахсияти ҷавонон, созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими суботу оромӣ ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Тафаккури созанда дар байни ҷавонон имкон фароҳам меоварад ва ба самти созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Меҳнатдӯстӣ чун унсури асоси ин тарзи тафаккур дар роҳи бунёди зиндагии арзанда барои ҳар фарди ҷавон, саҳм доштан дар ободии ҷомеа, пешравии кишвар, ҳифзи суботу оромӣ ва ба рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат замина мусоид мегузорад.
Дар ҳақиқат, меҳнат ҳам шахсро тарбия мекунад ва ҳам ӯро ба дастовардҳои баланд мерасонад. Ба андешаи донишмандон, дар бунёд ниҳодани бинои рӯзгор мақоми амал - меҳнату заҳмати шахсӣ ивазнопазир аст. Меҳнат на танҳо дар бунёди бинои рӯзгор, ҳатто, дар ҷодаи ба сатҳи шахсият расидани ҳар нафар мақоми асосӣ дорад. Таҷрибаҳои бойи шахсиятҳои варзида ин ҳамон натиҷаи маҷмӯи меҳнату заҳматҳое ҳастанд, ки дар давраи муайян анҷом додаанд.
Бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои ҳассоси замони имрӯз, ки бевосита ба ҳаёти ҷавонони кишвар дахл дорад, торафт доман паҳн намудани идеологияҳои бегона ва зудбоварии ин қишри ҷомеа ба ҳаргуна ваъдаҳои беасоси созмонҳои ифротӣ мебошад. Чуноне ки таҷрибаҳои солҳои охир нишон медиҳад, бештар вақт ҷавонон бо сабабҳои паст будани маърифати динӣ, фарҳанги сиёсӣ-ҳуқуқӣ, мушкилотҳои иҷтимоӣ фирефтаи идеологияи бегонаи ифротии динӣ гашта, вориди созмону ҳаракатҳои ифротгароёнаи динӣ мегарданд ва дар ин роҳ ҷони худро дар хатар мегузоранд. Дар умум онҳо на танҳо барои худ, балки барои падару модар, ҷомеаи тоҷик, миллати тоҷик, дини ислом ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон як масъалаи сиёсӣ мегарданд.
Аз рӯи оморҳои мавҷуда, аксарияти онҳое, ки ба созмони бо ном «давлати исломӣ» ҳамроҳ шуданд, аксарият ҷавонон буда, бо роҳҳо ва мақсадҳои гуногун вориди хоки давлати Ироқ гардиданд. Аз ҳамин лиҳоз имрӯз ҷавонони тоҷик ба яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мубаддал гардидаанд, ки аз нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо гурӯҳҳои гуногуни сиёсиву динӣ ва қудратҳои хориҷӣ барои пиёда намудани мақсадҳои ғаразноки худ истифода менамояд. Бо ҳамин далел ва сабабҳои дигар имрӯз барои ҷавонон доштани маърифати баланди сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ ниҳоят муҳим мебошад, то ки онҳо фирефтаи созмонҳои сиёсиву динии ифротӣ нагарданд. Ҳизбу созмонҳои ифротгароии дар ҷомеаи имрӯза зуҳур ва фаъолият дошта, пуштибони хориҷӣ дошта аз рӯи ҳадафҳои муайяни сиёсиву идеологӣ ва геополитикӣ амал менамоянд. Ҳамаи ҳизбу созмонҳои то имрӯз ба вуҷуд омада аз фурсати муносиби мавҷуда, яъне аз камсаводии динии ҷавонон ва шароити иҷимоиву иқтисодии ҷомеа истифода мебаранд.
Аз ин рӯ, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳаёти сиёсии кишвар ва фароҳам намудани шароити боз бештар ба фаъолнокгардии онҳо метавонад пеши паҳн гардидани идеологияҳои бегона дар ҷомеа гардад.
Дар чунин шароити яке аз вазифаҳои асосии ҷавонон саҳм доштан дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ буда, маҳз бо фаъолияти густурда, пеша намудани касбу кори гуногун, пайваста ба меҳнат машғул шудан ва бо доштани тафаккури созандаву ободкорона метавон ин рисолати таърихиро иҷро намуд.
Абдуллоҳи Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ