Буҳрони ҷаҳонӣ ва нусрати Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ: се дастоварди бузурги миллат

Ин ҳолат оламро дар маҷмӯъ ноором сохта дастоварду муваффақиятҳои инсониро дар самти сиёсат ва ҳуқуқ зери шубҳа кашид. Муносибати сард ва нобоварона нисбат ба низому тартиботи олами атроф ва заъфи низомҳои идора дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои асри ХХI ба ҳадде боло рафт, ки қисме ба идоракунии бевоситаи халқӣ (ин ҳолатро хеле барвақтар яке аз қурбоншудагони ғарбӣ дар «Китоби сабзаш» гуфта буд) умед баста, қисмати дигари тундрав ба шикастани унсурҳои мавҷудаи низоми олам ва рамзҳои идораи кишварҳои бузург рӯ оварданд (М. Тетчер, Жириновский, Хумайнӣ ва д.).

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИСТ

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

Буҳрони ҷаҳонӣ ва нусрати Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ: се дастоварди бузурги миллат Вақт баҳогузори воқеаҳост

Пас аз гузашти солҳо равшан мегардад, ки ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсилаи пошхӯриҳои низоми кишварҳои сотсиалистию истиқлолияти давлатҳои миллӣ пасманзари як фазои муайяни сиёсии олам ва як ҳолати мафкуравии башарӣ будааст.

Имом Ғазолӣ мефармояд...

Имом Ғазолӣ мефармояд, ки бар ҳар узве аз аъзои бадан закотест, ки адои онҳо воҷиб мебошад:

1. Закоти қалб, тафаккур дар азамат, ҳикмат, қудрат ва неъматҳои Худованд аст.

2.Закоти чашм, нигаристан ба махлуқоти Худо ва дидани муқарароти ӯ ва ибрат гирифтан аз онҳо ва низ фурӯ бастани чашм аз маҳрамоти ӯ мебошад.

3.Закоти гӯш, шунидани ҳар он чизест, ки сабаби наҷот мешавад.
Закоти забон, нутқ ба он чи, ки сабаби тақарруб ба Худост.

4.Закоти даст, даст кашидан аз мункарот ва бадиҳо ва ба кор бурдани он дар умури хайр аст.

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - НАМОДИ ШАРАФУ ВИҶДОН ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

Понздаҳ сол муқаддам, соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24-уми  ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рўзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
 

Малиновский: анъанаи фарҳангӣ дар таълимоти ӯ

Мулоқот бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ

10 ноябр дар шаҳри Риёз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангиро муҳокима намуданд.

ЭЙ ЮСУФИ КАНЪОНИ МАН...

Дуздида чун ҷон меравӣ, андар миёни ҷони ман,

Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бӯстони ман.

Чун меравӣ бе ман марав, эй ҷони ҷон бе тан марав,

В-аз чашми ман берун машав, эй шӯълаи тобони ман.

Ҳафт осмонро бардорам, в-аз ҳафт дарё бигзарам,

Чун дилбарона бингарӣ дар ҷони саргардони ман.

То омадӣ андар барам шуд, куфру имон чокарам,

Эй дидани ту дини ман, в- эй рӯи ту имони ман.

Бепову сар кардӣ маро, бе хобу хӯр кардӣ маро,

Сармасту хандон андаро, эй Юсуфи Канъони ман.

Страницы

Яндекс.Метрика